ГУЛДӮЗИҲОЯМ МУАРРИФГАРИ ТАБИАТИ ЗЕБОИ КИШВАРАНД

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 –2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, ки он барои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар заминаи воқеӣ гузошт. Чуноне ки Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар изҳор намуданд: “Барои бунёд намудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва дорои ҳунарҳои мардумӣ як сол кифоя нест”.

Ба ҳамин хотир, барои рушди соҳаи сайёҳию ҳунармандӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар тадбирҳои зарурию иловагӣ андешида шуданд. Ин сол шаҳодатгари он шуд, ки истеъдодҳои нав чеҳра боз намуда, дар рушду нумуъи ҳунарҳои гуногуни худ, аз қабили сӯзанидузӣ, қуроқдӯзӣ ва ороиши хонаву ҷиҳози он ҳисса гузоранд. Гирандаи Гранти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Шаҳноза Машарифова, ки Лоиҳаи худро бо номи “Ганҷи бебаҳо” ба комиссия пешниҳод карда буду ба гирифтани он муяссар шуд, изҳор намуд, ки маҳз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сайқал додани маҳорату истеъдоди ҳунармандиаш саҳифаи тозае боз намуд. Зеро ӯ вобаста ба рушди замони муосир ҳунари дӯзандагии худро такмил дода, ба гулдӯзию қуроқдӯзӣ рӯ овард.

Ҳамин ҳунари волояш имрӯз ӯро муаррифӣ карда, соҳиби гранти Раиси вилоят гардид. Бале, Шаҳноза Машарифова дар оилаи омӯзгор ба воя расида бошад ҳам, барои худ касби дӯзандагиро интихоб кард. Волидонаш низ аз касби интихобнамудааш мамнун гаштанд. Зеро ӯ аз наврасӣ ба дӯхтани ҳар гуна либосҳо, махсусан либосҳои миллӣ шавқу рағбати зиёде дошт.

Аз ин хотир пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи техналогияи Донишгоҳи далвлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуд. Дар ин муддат баҳри сайқал додани ҳунари дӯзандагии хеш ҷаҳду талоши зиёде кард. Тӯли даҳ соли дӯзандагӣ тавонист ҳамчун ҳунарманди чирадаст байни ҷомеа обрӯву эътибори хосаеро сазовор гардад. Либосҳои омодана мудааш вобаста ба замон, фасли сол тағйир меёфанд. Кӯшиш менамуд, ки ба ҳар як либоси дӯхтааш, як тағйироти ҷиддие ворид созад ва ҳунари худро такмил диҳад. Ба куртаҳо сангҳои гуногун, марҷонҳои ҳархеларо насб мекард, ки онҳоро харидоргир мекард. Тахайюлоташ рӯз аз рӯз бою рангин мегашт. Шаҳноза оҳиста – оҳиста ҳунари худро сайқал дода, ба намудҳои гуногуни ҳунармандӣ майл кард. Аз ороиши либосҳои занона ба қуроқдӯзиву сӯзандидӯзӣ пардохт. Диди бою рангини худро ба ин намуди ҳунармандӣ масраф намуд. Вакте ки сабаби дигар намудани усули ҳунармандиашро пурсон шудам гуфт, ки 22 сол ба ин шуғл машғул шудам.

Тӯли 10 сол тамоми намуди санъати миллиро азхуд намуда, кӯшиш кардам, ки ҳунарҳои худро, ки он санъати қадимаи тоҷиконро муаррифӣ месозад, ба ҷавонон омӯзонам. Сарвари давлат дар баромадҳои худ қайд менамоянд, ки ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сару либоси миллӣ, ҷиҳози хона ва ашёи рӯзгори қадима, аз анҷоми тифл то ҷиҳози арусӣ, ки дар хонаҳо тайёр мешуд, қариб, аз байн рафта истодаанд. Аз ин рӯ ман кушиш намудам, баҳри сайқал додани ороиши миллӣ, бо ҳар намуди гулдӯзӣ ҷиҳози гуногун омода созам. Ва ба ин амал низ комёб гардидам. Бале, Шаҳноза дар хонаи худ барои омӯзонидани шогирдон ду гурӯҳи ҳунаромӯзӣ ташкил кард. Дар ҳар гурӯҳ 10 - нафарӣ шогирдонро тарбия карда, ҳунарҳои сӯзанидӯзию қуроқдӯзиро омӯзонид. Имрӯз шогирдонаш барои худ корхонаҳои махсус ташкил намуда, барои омода кардани ҳунарҳои аҷдодӣ корҳои назаррасро ба иҷро мерсонанд. Бале солҳои охир мардум кӯрпаю болишт ва ҳам ҷиҳози арӯсро танҳо аз матоҳои гуногун омода месохтанд, мегӯяд ӯ.

Имрӯз бошад, маҳз меҳнати дастии Шаҳноза ва шогирдонаш зеббахши хонаву дари арӯсу домод гаштааст. Волидон вақти хонадор намудани фарзандони худ, албатта, аз болиштҳои қуроқ, гулдӯзиҳо истифода мекунанд.

- Ҳатто мегӯяд Шаҳноза,- мардум барои пойандози домоду арӯс аз гулдӯзиҳои мо истифода менамоянд.

-Баъзан ифтихор аз он менамоям, ки маҳсули дасти мо зеббахши хонаи навҷавонон аст. Ба хотири сабзу хуррам гардидани зиндагии эшон аз рангҳои гуногун, гулу манзараҳои ҷолиб кашидадӯзӣ мекунам, - мегӯяд ӯ.

Шаҳноза диди зебо ва тахайюлоти рангин дорад. Ӯ зебоипараст аст. Дар матоъҳои худ аз манзараҳои зебои диёраш тасвирҳои ҷолибро гулдӯзӣ менамояд. Тасвири манзараҳои зебо, гулу гулзор ва кӯҳҳои сарбафалаккашидаи диёраш ба ӯ илҳоми тоза бахшида, дар гулдӯзиҳои омодакардааш таҷассум ёфтаанд.

- Бо ибтикори Сарвари давлат эълон гардидани солҳои 2019- 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои ҳунармандон масъулиятро хеле зиёд намуд,- изҳор дошт Шаҳноза Машарифова.

-Ба ноҳияи Ашт на танҳо аз дохили кишвар, балки аз хориҷ меҳмонони зиёде ташриф меоранд. Онҳо аз ҷойҳои таърихӣ ва манзарҳои дилфиреби он дидан намуда, истироҳати худро дар оғӯши табиати нотакрору биҳиштосоямон мегузаронанд.

Мо ҳунармандон барои онҳо сӯзаниҳои гуногунро омода намуда, дар дохили чаҳорчӯба мегузорем ва барояшон тақдим мекунем. Шаҳноза бо ифтихор мегӯяд: - Сӯзаниҳои омодакардаамон ба тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла, ба хориҷи Ватанамон рафта, ҳунари аҷдодии моро, ки хеле бою рангин аст, муаррифӣ менамояд. Соли гузашта ман гирандаи Гранти раиси ноҳия будам. Ва бо шогирдони худ барои омода кардани мусаввараҳои гулдузӣ машғул шудем. Имсол низ Гранти Раиси вилоятро соҳиб гаштам ва онро барои боз ҳам фарохтар намудани майдони ҳунари хеш масраф хоҳам кард.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh