РОҲИ МАҚСУД РАВШАН АЗ ОФТОБИ ХОҲИШ АСТ

Боиси сарфарозӣ ва шоистаи таҳсин аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст " доир мегардад.

Имсол навбати дувум аст, ки шаҳрвандони кишвар, дилбохтагону шефтагони китобу китобхонӣ бо мароқи зиёд ба ин озмун омодагӣ диданд ва иштироки фаъолона доштанд.

Даври ниҳоии озмуни имсола санаи 18-уми декабри соли 2020 дар пойтахти кишвар ҷамъбаст ва ғолибон муайян гардиданд. Хушбахтона, дар “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” намояндагони вилояти Суғд ба дастоварди хеле назаррас ноил шуданд. Гирифтани шаш ҷои аввал аз дувоздаҳ ҷойи аввал ин нишони омодагии саҳеҳу муҳаббати беандозаи суғдиён ба китобу китобхонӣ мебошад.

Дар қатори намояндагони тамоми манотиқи кишвар ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз дастовард ва муваффақияти хеш сарфарозу болидарӯҳ ҳастанд ва бо итминони комил ин ташаббуси Сарвари давлатро иқдоми хайрхоҳонаву фарҳангпарварона унвон мекунанд.

Осими Оқил- номзади илмҳои техникӣ, мудири кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон аз ҷумлаи ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад. Имрӯз баъд аз дастовард ва муваффақият бо муҳаббату шавқи беш аз пеш кору фаъолият дорад ва бо донишу малакаи хеш дар ободу сарсабз намудани Тоҷикистони азиз саҳм мегузорад. Ошно шудан бо кору пайкори чунин ҷавонони муваффақ намунаи ибрати насли ҷавон хоса наврасони кишвар хоҳад буд.

Осими Оқил санаи 27-уми августи 1986 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 2004 баъди хатми мактаби миёнаи №24-и деҳааш ба филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дохил мешавад ва онро соли 2009 бо ихтисоси муҳандис-кӯҳкан хатм менамояд. Солҳои 2011 - 2012 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат кардааст. Афсари эҳтиётӣ-лейтенанти хурд аст.

Ин ҷавони донишманд, олиму пуркор аз соли 2009 то имрӯз дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон кору фаъолият намуда, ҳамзамон аз соли 2006 ҳамчун наттоқи барномаҳои сиёсиву фарҳангии телевизион ва радиои вилоят кор мекунад.

Дастовардҳояш дар соҳаи илм, омӯзиши фанҳои дақиқ низ назаррасанд. Бахусус, паҷӯҳишҳояш дар самти «Хосиятҳои физикиву химиявии силуминҳои бо сурма модификатсияшуда», ҳимояи рисолаи номзадиаш бо роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор Х.М.Назаров аз комёбиҳои шоистаи таҳсин мебошанд.

Осими Оқил муаллифи се нахустпатенти ихтироот –«Тарзи ба дастоварии силуминҳои ба зангзанӣ тобовар», «Тарзи модификатсиякунонии силуминҳои саноатӣ барои баланд бардоштани хосиятҳои механикӣ ва аккустодемпфиронӣ», «Тарзи баланд намудани устувории хӯлаҳои алюминий бо кремний ба оксидшавии баландҳароратӣ мебошад.

Соли 2016 дипломи дараҷаи 1-и «Навовари беҳтарини Тоҷикистон»-и Озмуни ҷумҳуриявии олимони ҷавони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар равияи илмҳои дақиқ, соли 2019 дипломи «Ихтироъкорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон»-и Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гардидааст. Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, муаллифи ду китоби дарсӣ, панҷ дастури таълимӣ, як монография ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ аст.

Иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ғолибият дар онро мояи ифтихори хеш медонад. Қайд мекунад, ки ширкати ман дар номинатсияи «Хондан ва азёд кардани осори адибони классик» ҳамчун олими илмҳои техникӣ барояш осон набуд.

- Ду сол дар сатҳи вилоят аз рӯи номинатсияи мазкур ҷои аввалро ишғол намудам ва имсол дар ҷумҳурӣ ҷои дувум бароям мушарраф гардид. Ман хеле зиёд баҳраи маънавӣ бардоштам аз осори бузургон. Мутолиаи осори адибони классики форсу тоҷик мисли чароғест, ки дар он шарораҳои хираду маънавиёт ва нури муҳаббату садоқат ҷило медиҳанд. Ин озмун тавонист, ҷумла китобхонҳо, онҳое, ки ҳастии худро бо китоб пайваст медонанд, сарҷамъ намояд. Хубии озмун дар он буд, ки маҳз мутахассисони соҳа-донандагони осори адибони классик ҳакамони номинатсияҳо буданд,- мегӯяд ӯ.

Ҷавони пуркор баъди иштирок дар озмун тасмим гирифтааст, ки минбаъд дар омода намудани шогирдон барои ширкат дар чунин озмунҳо саҳм гузорад.

-Агар инсон назди худ мақсад гузорад ва дар амалишавии мақсад содиқона заҳмат кашад, ба мурод мерасад,- мегӯяд Осими Оқил.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh