Озмун инқилоби бузурги фикриро ба ҷомеаи мо эҳдо намуд

Сарфарозиддин Иморуддинов, магистранти соли аввали Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияи ”Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик” ҷои аввалро соҳиб шуд. Сарфарозиддин бо роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев барои иштирок дар озмун омодагӣ дида, беш аз 293 ғазал, 800 рубоӣ, 220 мисраъ қасида, 520 байт аз достон ва 1500 байт аз дигар навъи шеърӣ, аз қабили қитъа, маснавӣ, соқинома, мухаммас ҳифз намуда, ба ҳайати ҳакамон манзур намуд.

Сарфарозиддин Иморуддинов андешаҳои хешро пиромуни баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баён дошт, ки онро манзури хонандагон мегардонем:

-Беҳтарин пайвандгари дӯстӣ, ойинаи таърих, қадаме ба сӯйи мақсуд ва ҳарчӣ дастоварду пешравие, ки ҷомеаи башарӣ ба он расидааст, аз китоб аст. Китоб аст, ки инсонҳоро аз хоб бедор менамояд ва бо як диди зебо ба ҷаҳон нигаристанро меомӯзонад. Ин аст, ки сол аз сол ба ин ганҷинаи бебаҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст. Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз беҳтарин посдорандаи мероси гаронбаҳои гузашта ва имрӯзи мардуми мо ба шумор меравад. Ин озмуни бонуфуз, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудаасту тайи ду сол аст баргузор мегардад, бори дигар собит намуд, ки миллати мо ҳанӯз ҳам бо вуҷуди пешравии илму техникаи замони муосир ҷойгоҳ ва манзалати китобро дар ҳаёти хеш воло медонад ва ойини китобхониву китобдории хешро гум накардааст. Ин озмун инқилоби бузурги фикриро ба ҷомеаи мо эҳдо намуд. Таҳлил, муқоиса, таъсирпазирӣ, баёни фикр ҳамаи инҳоро зимни саволу ҷавоби иштироккунандагон бо ҳайати ҳакамон метавонистем дид.

Аслан, ҳар нафаре, ки китобро ба даст мегирад ва пайваста дар пайи омӯзиш мебошад, пирӯз аст. Банда низ аз иштироккунандагони озмуни мазкур будам ва дар даври ниҳоӣ сазовори ҷойи аввал гардидам. Миннатдории хешро ба кулли баргузоркунандагони озмуни бонуфузи ҷумҳуриявӣ расониданиам. Бигзор, ин озмун миллати моро ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари китобхону китобдор муаррифӣ намояд.

Сурайё Ҳакимова,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh