Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Соли нави мелодии 2021

Сокинони шарафманди вилоятро бо фарорасии Соли нави мелодии 2021 шодбош гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ ва барори кору муваффақиятҳо таманно дорам.

Соли 2020 дар таърихи давлатдории халқи тоҷик бо як қатор дастоварду пешравиҳо ва рӯйдодҳои бузурги сатҳи байналмилалӣ хотирмон боқӣ хоҳад монд. Дар ин сол таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шудани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири ғазалсарои тоҷик Камоли Хуҷандӣ баёнгари сиёсати ҷаҳонии муваффақона ва тадбирҳои дурандешонаи Пешвои муаззами миллат ба хотири ояндаи дурахшони Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, бо аҳамияти оламшумули худ дар авроқи таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Чунонки Пешвои муаззами миллат таъкид карданд, тарғиби мероси ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддию маънавии халқи тоҷик барои ба оламиён муаррифӣ намудани осори илмиву адабӣ, намунаҳои фарҳанги тоҷикон ва шиносонидани халқи тоҷик ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар мусоидат намуд.

Боиси ифтихор аст, ки соли равон дар сатҳи баланд баргузор гардидани маъраки муҳими сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар маҳбубияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва шарафи шаҳрвандон собит намуд.

Новобаста аз паҳн гардидани бемории вогири сироятии коронавирус, ки тамоми кишварҳои оламро фаро гирифт, сокинони кишвари азизамон зери роҳбарӣ ва сиёсати ваҳдатофарини Сарвари хирадманду сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо азму ирода ва эътиқоду боварии комил ба фардои дурахшон фаъолият намуда, барои дар сатҳи арзанда пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021 мутантан таҷлил хохад гашт, аз ҳарвақта бештар саъю талош меварзанд.

Бо чунин ниятҳои нек фаро расидани Соли нави мелодии 2021-ро ба кулли сокинони вилоят табрику муборакбод гуфта, тансиҳатию хотири ҷамъ, рӯзгори ободу осуда ва дастоварду муваффақиятҳои арзанда таманно менамоям.

Бигзор, Соли нави 2021 соли музаффарияту муваффақиятҳо ва амалӣ гардидани орзуҳои неки созандаву бунёдкоронаи ҳар як сокини Ватани маҳбубамон бошад.

Соли нав муборак, ҳамдиёрони азиз!

Add comment


Security code
Refresh