«ДОРАНДАИ МУЛКИ ҶОВИДОНӢ МОЕМ!...»

Барҳақ, мардуми тоҷик аз азал соҳибтамаддун, соҳиби девону дафтар, соҳиби табъи латифу тафаккури баланд аст. Инро ҷамъбасти даври чаҳоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки тариқи аксар шабакаҳои телевизиони Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми чанд рӯз ба таври пурра намоиш дода шуд, бори дигар собит сохт.

Тавре аз шабакаҳои фейсбук аён аст, тавре тамоми ҳамкасбонамон аз идораи рӯзномаи вилоятӣ, ҳамсояҳо, хешу таборон иброз медоштанд, аз ин намоишҳои озмун олам-олам бардошту ғизои маънавӣ бардоштанд.

Иштирокчиёни озмун ҳам тифлакони кӯдакистон, ҳам омӯзгорону соҳибони дигар касбу пеша, ҳам калонсолон тамоми сокинони мамлакат ва ҳамчунин аъзои ҳакамонро бо ҳунари шеърдониву шеърхониву ҳофизаи шеъразхудкунии хеш мафтун карданду дар ҳайрат гузоштанд. Инон, барҳақ, дурдонаҳое, гуҳарҳое ҳастанд, ки зери об маҳфуз, чун дар садаф буданду имрӯз дар назари мардум муҷалло гардиданд. Озмуни имсола собит сохт, ки дар ҷомеаи мо, дар ҳар хонадони кишвари тоҷик имрӯз низ мутолиаи китоб, аз ҳикматҳои он баҳра бардоштан, ҳифз доштани осори ниёгон ва эҳсоси ифтихор аз тоҷик будани худ барин хислатҳо на танҳо нигоҳдорӣ карда мешаванд, балки насли калонсоли кишварамон баҳри он талош менамоянд, ки сатҳи китобхонии насли имрӯза торафт боло бардошта шавад. Ман дар шаҳри Хуҷанд оилаҳоеро медонам, ки чаҳорпанҷ нафар фарзанд доранд, ононро хеле кам ба кӯча мемонанд, вале доимо ин бачагон бо азхудкунии осори ниёгон, мутолиаи китоб машғуланду олами бою рангини маънавӣ доранд.

Тавре яке аз иштирокчиёни озмун, муҳассили мактаб изҳор дошт, ки «маро падарам водор намуданд, ки дар озмун иштирок намоям, вагарна дар хаёлам ҳам набуд», чунин бачагон, ки соҳиби истеъдоди нодиранд, байни сокинони кишвар хеле зиёданд. Тавре раиси комиссияи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар маросими ҷамъбасти озмун иброз дошт, навгоние, ки соли равон ба озмун ворид карда шуд, ин номинатсияи шоирӣ аст.

Он иштирокчиёне, ки дар ин номинатсия баромад карданд, бо шеърҳои равони худ қалбҳоро тасхир намуданд. Бахусус, шеърҳои Мафтуна Назирова аз шаҳри Панҷакент, ки дар ин номинатсия сазовори ҷойи аввал гашт, мафтункунанда, шево ва баландмазмун буданд, ки чанд маротибае, ки аз шабакаҳои гуногуни телевизион намоиш дода мешуданд, ба қавле, бо тамоми вуҷуд ба он дода шуда, мафтунона гӯш мекардам. Хурсандиовар он аст, ки ба шарофати баҳогузории ҳақиқии аъзои ҳакамон 3 нафар иштирокчии номинатсияи шоирӣ ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуда, 3 нафар ба узвияти ИН пешниҳод гардиданд. Соли равон, тавре зикр гардид, дар баргузории озмун бисёр вазорату кумитаҳо, аз ҷумла, Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш саҳми арзишманд доштанд.

Санаи 15-уми декабр дар машварати кории худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳоло дар кишвар даври ниҳоии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат ташкил гардида, ба кашфи истеъдодҳо мусоидат карда истодааст, ҷараён дорад, бояд ин тадбири фарҳангӣ бо тартиби муайяншуда ва одилонаву воқеъбинона ҷамъбаст карда шавад. Дар ҳамин ҷаласа Пешвои миллат ҳамчунин таъкид намуданд, ки ширкаткунандагону ғолибони озмун аз ҷониби раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳавасманд гардонида шаванд. Дар ин радиф, бо пешниҳоди боадолатонаи олимони барӯманди кишвар, донишмандон, адибони номдор озмун одилона ҷамъбаст гардида, аз зумраи наздик дусаду панҷоҳ нафар ғолибони даври ниҳоӣ бештар аз ҳафтод нафар соҳибони ҷойҳои намоён ва мукофотҳо шуданд.

Озмун собит сохт, ки мардуми шаҳру навоҳии Душанбе, Панҷакенту Хуҷанд, Бохтар, Ҳисор, Рашту Кӯлоб, Мастчоҳу Айнӣ, Деваштичу Истаравшан, Хоруғу Ҷалолуддини Балхӣ ва дигар манотиқи кишвар бештар хонандаанд, ошиқу шефтаи китоб, шеър, каломи мавзун ҳастанд. Дар ҷамъбаст байни минтақаҳои кишвар пирӯз шудани пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе басо рамзӣ буда, табиист, ки пойтахти мамлакати тоҷикон маркази тамаддуну адабиёт, илму маърифат аст ва ҳар як иштирокчии озмун аз пойтахти кишвар бо ҷазбаи хосаву санъати волои хеш дар қироати шеър, манзур кардани истеъдоди худ баромад кард.

Ҳамин тавр, боиси ифтихору сарбаландии мо, сокинони вилояти овозадори Суғд аст, ки Шоҳҷоиза бо 60 ҳазор сомонӣ насиби муҳассили синфи ёздаҳум аз шаҳри Панҷакент Раъно Насриддинова шуд ва аз шаҳру навоҳии вилоят шонздаҳ нафар иштирокчӣ, аз ҷумла, Осими Оқил, Сарфарозиддин Иморуддинов, Гулбаҳор Раҳимова, Дилафзун Раҳмонова, Хосияти Шаҳобиддин, Рухшона Норова, Ҳадиса Мӯъминова, Зебунисо Азизиён, Рухшона Афзалзода, Гулзода Шерализода, Ҷавоҳир Ашӯров соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Тавре дорандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» изҳор дошт, ду сол инҷониб баргузор шуда истодани озмуни мазкурро месазад, баҳору шукуфоии маънавии мардуми тоҷик номид. Оре, ниёгони мо, классикони адабиёти кӯҳанбунёди тоҷик бо осори пурғановати хеш решаҳои аслии маънавиёти миллати моанд.

Мо, имрӯзиён ин осорро на танҳо азхуд ва дар тору пуди сиришти худ ҷо намоем, балки онро боз шукуфотар, сабзтар, тобноку муҷалло гардонем.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh