ҶАВОҲИР АШӮРОВ: ДАСТОВАРДҲО БА ОСОНӢ МУЯССАР НАМЕШАВАД...

Дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” донишҷӯёну магистрантон ва докторантони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолона ширкат намуда, аз ҷумла, ҳафт нафар аз иштирокчиён соҳиби мақомҳои ифтихорӣ гаштанд.

Ҷавоҳир Ашӯров, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик аз ҷумлаи иштирокчиён аст, ки аз рӯйи номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти классикии тоҷик” мақоми дувумро сазовор гашт.

Хонандагон огоҳӣ доранд, ки озмун аз давраҳои донишгоҳиву шаҳрӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ баргузор ва беҳтаринҳо ғолиб гаштанд. Ҷавоҳир дар даврҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ сазовори ҷойи 3-юм гардида, беш аз 110 ғазал, 150 рубоӣ ва дубайтӣ, 160 байт порча аз достон, 100 байт қасида ва 150-байт дигар навъҳои шеърӣ (тарҷеъбанду таркиббанд, мусалласу мухаммас, мусаддасу мустазод)-ро аз бар карда, 30 китоби бадеӣ мутолиа намудааст.

Таассурот ва бардоштҳои Ҷавоҳир Ашӯровро манзури хонандагон мегардонем.

-Соли аввал аст, ки дар ин озмун иштирок намудам. Дар марҳалаи ниҳоӣ, ки аз 7 то 15-уми декабри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, иштирок намуда, сазовори ҷойи дувум гаштам. Озмун дар сатҳи баланд ва шаффоф баргузор гардид. Воқеан, масири тай кардани ин роҳ зебост, гоҳ умедвориву гоҳ навмедӣ, вале дар ҳарду сурат ҳам то даври ҷумҳуриявӣ иштирок намудан ин ғолибият аст.

Дар ин ҷо, мехоҳам махсус аз пуштибонӣ ва ғамхориҳои пайвастаи ректори Донишгоҳи давлатии Хучанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, роҳбари ғамхор ва инсони фарҳангдӯст, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло ёдовар шавам. Роҳбарияти донишгоҳ муддати баргузории даври ниҳоии озмун аз ҳоли мо бохабар буданд ва ҳамаи шароитро бароямон муҳайё намуданд, ки аз номи худ ва дӯстонам ба он кас изҳори сипос менамоям.

Устодам номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев раҳнамои ман буд. Заҳмату талош ва сахтгириҳои устод буд, ки маро водор ба омӯхтану аз бар намудани осори классикӣ гардонид.

Албатта, ин ҳама натиҷаву дастовардҳо ба осонӣ ба кас муяссар намешавад. Сарбаланду сарфароз ҳастам, ки ба мақоми шоистаи озмун ноил шудам.

 Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh