ДУ КОМЁБӢ ДАР ЯК СОЛ

Барои ҳунарманди истаравшанӣ Парвина Расулова соли 2020 хеле хотирмон ва бобарор буд. Ӯ беҳтарин кадбонуи вилояти Суғд дониста шуд ва ҳамчун дӯзанда сазовори гранти Раиси вилоят гардид.

Моҳи апрел дар тарабхонаи “Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд пазандагон аз 18 шаҳру ноҳияи вилоят дар озмуни “Кадбонуи беҳтарин” иштирок карданд. Парвина дар озмун 36 намуди хӯроку хӯриш, қаннодӣ, нону кулчаҳои милливу муосирро пешниҳод намуд.

Ҳакамон бештар хӯрокҳои миллии Парвина - туппаи табақӣ (ойимтуппа) ва ӯмочро писандиданд, ба хӯришҳо ва питтсаҳои ӯ баҳои баланд доданд. ӯ сазовори мақоми аввал, диплом ва туҳфаи Раиси вилоят гардид.

Комёбии дигари Парвина дар соли 2020 сазовори гранти Раиси вилоят гардиданаш ба маблағи 5000 сомонӣ буд. Ҳарчанд Парвина хатмкардаи факулети менеҷерии соҳаи фарҳанг ва иҷтимоиёти Донишгоҳи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода аст ва ҳоло мутахассиси пешбари Хонаи фарҳанги рақами 4-уми шаҳри Истаравшан мебошад, вақтҳои фориғ аз кор дар коргоҳи дӯзандагияш бо номи “Парасту” ба дӯзандагӣ машғул мешавад ва ин ҳунари худро ба шогирдон ҳам меомӯзонад. Азбаски 4 мошини дӯзандагии мавҷуд дар коргоҳ кӯҳна шудаанд, ба хотири хариди дастгоҳҳои муосири дӯзандагӣ ва дастрас кардани матоъ лоиҳаи грантӣ навишт, ки аз ҷониби Раиси вилоят дастгирӣ ёфт. Баъди харидории нави мошинҳои чокдӯзӣ шумори шогирдонаш бештар хоҳад шуд.

Парвина мегӯяд:

- Ба дӯзандагӣ аз синни дувоздаҳсолагӣ сар карда, нозукиҳои ин касбро дар назди чандин устод омӯхтаам, тарроҳӣ ва бурандагиро ҳам ёд гирифтам. Бештар либосҳои занона, кӯдакона бо тарзу ороиши миллӣ медӯзам, ки харидорони зиёд доранд.

Муҳим он аст, ки ҳамчун роҳбари чандин маҳфили назди хонаи фарҳанг либосҳои саҳнавию ҷашниро ҳам худаш тарроҳӣ мекунад ва медӯзад.

Ӯ ва шогирдонаш бештар аз матоъҳои атласу адрас либосҳои миллӣ медӯзанд, ки харидори бисёр доранд.

- Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ хеле рушд карданд ва дӯзандагони чирадасти мо аз ин матоъҳо либосҳое медӯзанд, ки дар дохил ва хориҷи кишвар талабгорон доранд, - мегӯяд Парвина Расулова. – Ман ҳангоми гирифтани гранти Раиси вилоят арзи сипоси худ ва ҳунармондони мардумиро барои таваҷҷуҳи доимӣ ба Сарвари давлат изҳор карда будам ва аз фурсат истифода бурда, ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, ки дар як сол ду бор ҳунарҳои маро қадрдонӣ карданд, ташаккур мегӯям.

Парвина донандаи компютер аст ва ороишгару мусаҳҳеҳи нашрияи “Ганҷи ороста”-и Бунёди забони тоҷикӣ ва “Фарҳангсарои ориёӣ”-и шаҳри Истаравшан ҳам мебошад.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh