ШАҲРИ МАҲБУБИ САЙЁҲОН

Мегӯянд, ки сайру саёҳат ҷавҳари ҷаҳонбинӣ ва шиносоӣ бо рӯзгору муносибати одамон сокинони ҳар манзилу макон ва маҳал буда, ин тарзи шуғл аз қадимулайём сарчашма гирифтаасту ҳанӯз ҳам пойбарҷост. Сайру саёҳат ва ҷаҳонгардӣ ба чӣ рабт дорад? Ба ҷойҳои таърихӣ, куҳантамаддун, манзараҳои файзбахши табиат, манзилу маъвоҳои обод, шаҳрҳои азиму меъмориҳои бунёдӣ ва манзараву обу ҳавои рӯҳбахш. Дӯстиву ҳамгироӣ ва муоширати шафиқонаи мардуми маҳал ба сайёҳон аҷаб башорате дорад, ки қиёснопазиранд. Дигар рукни сайёҳиву сайргоҳӣ ин ба иқтисодиёт вобастагии зич дорад. Аксар шаҳру мамолики сайёҳӣ аз иқтисодиёти ин тарзу намуди рукни ҳаёт буҷаи ғанӣ доранду мегиранд.

Гулистон яке аз шаҳрҳои сайёҳии кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон шинохтаву муаррифӣ гардидааст, бо манзараҳои хубу хушнамуд, баҳру обҳои ҷонбахшу ҷойҳои зебову осоишгоҳҳои барҳавову афсунбори худ ба ин ном мушарраф шудааст.

Шаҳри зебонамуд, хуштабиати Гулистон, ки ба номаш басо мувофиқ афтодааст, дар меҳвари сиёсати фарҳангсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълон доштани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” шафақу субҳи тоза гирифт ва дар ин самт мавқеъ ва ҷойгоҳи худро устувор намуд. Дар ин раванд қарори Раиси вилояти Суғд “Дар бораи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” такон ва дурнамои муваффақона бахшид.

Бо мақсади рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар шаҳри Гулистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин тадбирҳои мушаххаси созандагиву бунёдкорӣ ва ободонии рӯҳнавозу дилрабо амалӣ гардидаанд ва ин амал ҷараёни мунтазам дорад. Солҳои сайёҳӣ муваффақона мегузаранд-як гӯшаи кишварамон боз ҳам ободу созгор баҳри сокинону меҳмонони чӣ дохиливу чӣ хориҷӣ гардидаву башорати зиндагии шоиста овардааст.

Шахсони соҳибкору соҳибмаърифату дилогоҳ ва худшинос ҳамеша баҳри ободониву созандагӣ камари ҳиммат баста, дар ҳаёти ҷомеаи муосирамон саҳм, нақш ва амали нек мегузоранд. Ҳамин аст, ки аз саъю талош ва ҳиммату ҳувияти соҳибкори ватанӣ Абдуқодир Ҷабборзода дар шаҳри Гулистон осоишгоҳи муосир бунёд гардид, ки сайёҳоғӯши хуб, ҳаловатбахш, басо дилрабост, ба макони осоишу фароғату солимгардонӣ табдил гардидааст. Осоишгоҳи мазкур дар соҳили Баҳри тоҷик ҷойгир буда, дар оянда ташкили ҳавзҳои моҳипарварӣ низ дар назар дошта шудааст. Мавриди ифтихор аст, ки моҳи марти соли 2020 дар доираи сафари кориашон ба вилояти Суғд муҳтарам Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон истироҳатгоҳи нави “Суғдиён”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ҳамчунин осоишгоҳи ҶДММ “Баҳористон” аз зумраи иншооти муҳими соҳаи табобату саёҳат мебошад, ки дар соҳили “Баҳри тоҷик” бунёд гаштааст.

Айни ҳол бо дастуру ҳидоят ва роҳнамоии Сарвари давлатамон дар ҳудуди осоишгоҳи мазкур боз як иншооти нав барои 100 ҷойи хоб бунёд шуда истодааст. Бинои мазкур бо дарназардошти талабот ба ҷойҳои нави истироҳату табобат бо тарҳи замонавӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Қобили қайд аст, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Турсуной Зокирова сохтмони осоишгоҳи замонавӣ барои 250 ҷойи истироҳат дар давоми соли 2020 бунёд гардида истодааст. Мувофиқи лоиҳа дар осоишгоҳ тамоми шароити зарурӣ барои меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ фароҳам оварда мешавад. Мушаххасан, бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ то соли 2021 зиёда аз ҳашт инфрасохтори муосир бунёд гардида, сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда мешавад. Ҳамзамон, баҳри рушди сайру саёҳат дар шаҳр се хатсайри нави мавзеъҳои сайёҳӣ дар осоишгоҳи “Баҳористон”, “Шифо” ва осорхонаи шаҳри Гулистон роҳандозӣ гардидааст. Зикри он боиси хурсандист, ки дар шаҳр сол аз сол соҳаи туризм рушд намуда, имкониятҳои мусоид барои истироҳату табобат фароҳам оварда мешавад. Дар як вақт имконияти қабули 2110 истироҳаткунандаю табобаткунанда дар осоишгоҳҳои “Баҳористон”, “Шифо”, урдугоҳи “Шоҳин”, маркази солимгардонии “Усмонҷон”, “Соҳил” ва меҳмонхонаҳо мавҷуданд. Дар ин ҷараён пайваста шумораи истироҳаткунандагони ватанӣ ва сафи сайёҳони хориҷӣ меафзоянд.

Масалан, дар ин марҳалаи соли равон 1183 меҳмони хориҷӣ ва 17623 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳр ташриф оварданд. Албатта, ин раванд ба иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад. Ҳаҷми маблағи овардашуда дар ин марҳала аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 14 миллиону 962,2 ҳазор сомонӣ буда, аз он 1 миллиону 566,1 ҳазор сомонӣ ба туризми хориҷӣ рост меояд. Дар соҳаи туризм зиёда аз 449 нафар бо кори доимӣ таъмин шуда, музди миёнаи маоши онҳо 1595 сомониро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, осоишгоҳҳо ва меҳмонхонаҳои шаҳр 3,2 фоизи ҳиссаи буҷети давлатиро таъмин намуда, ҳиссаи туризм дар ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 49,2 фоизро ташкил медиҳад.

Дар самти сайру саёҳат ҶДММ “Баҳористон”, ҶДММ Маркази солимгардонӣ ва меҳмонхонаи “Соҳил”, осоишгоҳи КВД “Шифо”, ҶДММ Маркази солимгардонии “Усмонҷон”, урдугоҳи ҶДММ “Шоҳин-БМТ”, меҳмонхонаи “Фирӯз-плаза” фаъолияти шоиста, ҷойҳои хубу роҳатбахши истироҳатӣ, табобатӣ ва солимгардонии мувофиқ дошта, ҳар кадом аз онҳо муаррифии хоси хешро дорост ва номваранд. Зикри он бамаврид аст, ки дар маркази шаҳр ташкилоти ҷамъиятии “Шамс” бо роҳбарии соҳибкор Ҳакимҷон Бобоев таъсис ёфтааст. Ташкилоти мазкур бо ҷалби сайёҳони хориҷӣ машғулӣ дошта, ҷойҳои сайёҳӣ ва дастовардҳои фарҳангиву таърихии шаҳрро манзур мегардонад.

Дар маҷмӯъ, дастовардҳои соҳаи сайёҳӣ иқтидорҳои минтақаҳои истироҳатии шаҳр ҳамаҷониба тавассути шабакаҳои васоити ахбори омма ва сомонаҳои шаҳриву вилоятӣ тарғибу ташвиқ карда, телевизионҳои ҷумҳуриявӣ намоиш дода мешаванд, ки ин шаффофияти фаъолияту корро дар самти дохиливу хориҷӣ бозгӯ мебошад. Маълумоти зарурӣ барои сайёҳон дар шакли саволу ҷавоб ва ё дигар тарзи диққатҷалбкунанда, ки пайдо намуданаш дар сомона ба осонӣ имконпазир мебошад, истифода бурда мешавад.

Роҷеъ ба ин ва дигар масоили вобаста ба сайру саёҳат зикри он ба маврид аст, ки агар дар шаҳр бахши сайёҳӣ ташкил карда шавад, он барои густариши фаъолият дар ин самт ва рушди туризм ва мутобиқсозии фаъолияти иншооти сайёҳӣ мусоидати беҳтару хубтар менамояд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh