НИҲОДИ МУТТАҲИДГАРИ ҶОМЕА

Дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Раёсати Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ баргузор гардид.

Нахуст раиси Кумита Фотимахон Қодирова масъалаҳои рӯзномаро ба самъи аъзои раёсат расонида, изҳор намуд, ки соли 2020 рафти бастани шартномаҳои коллективӣ дар ташкилотҳои ибтидоии шаҳру ноҳияҳои вилоят дида баромада шуда, риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Фотимахон Қодирова ба раисони кумитаҳои иттифоқи касабаи шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки камбудиҳои дар рафти санҷиш ошкор гардида сари вақт бартараф карда шаванд. Сипас, нақшаи корӣ барои соли 2021 муҳокима ва тасдиқ гардид. Инчунин, қарорҳои Раёсати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят мавриди роҳбарӣ ва иҷро гирифта шуд. Баъдан Пленуми кумитаи вилоятӣ ҷараён гирифт. Дар кори он муовини аввали раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Обидзода Нуъмон Юлдошӣ иштирок ва баромад намуд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис, ҳисоботи раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Фотимахон Қодирова барои соли 2020 шунида шуд. Мавсуф оид ба дастовардҳои соҳа дар соли 2020 изҳори андеша намуда, иброз дошт, ки новобаста дар тамоми ҷаҳон паҳн гардидани бемории коруно кормандони соҳа тавонистанд, ба дастовардҳои зиёд комёб гарданд. Сипас, аъзои раёсат, собиқ намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси намояндагон, намояндаи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Нодирҷон Солиҷонов, раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Зафаробод баромад намуда, аз фаъолияти назарраси кори кумитаҳои ноҳиявӣ маълумот доданд.

Пас аз он вазифагузориҳо барои соли оянда ва қарорҳо тасдиқ карда шуданд. Ҳамчунин дар ҷамъомад муаррифии китоби “Ҷомеаи дарҳои кушод”–и Нодирҷон Солиҷонов, ки ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, доир гардид. Дар охир чанд нафар кормандони соҳа барои фаъолияти пурсамар ва хизмати шоёну арзанда дар пешбурди соҳа бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷумҳуриявии соҳавӣ ва кумитаи вилоятии соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh