ФАРЗОНАГӢ ВА САОДАТ АЗ КИТОБХОНИСТ!

Иқдомҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди босуботи кишвари азизамон дар тамоми соҳоти кишвар боиси дастовардҳои бесобиқа мегардад.

Воқеан Сарвари давлат ба ҳалли мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии кишвар бо роҳҳои хеле муосиру натиҷабахш наздик мешаванд. Дар ин радиф ба хотири ҷалби шаҳрвандон ба илму дониш ва хондани китоб баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» аз зумраи чунин ибтикороти шоистаи таҳсин аст.

Давоми ду сол шоҳиди он гаштем, ки чӣ тавр ин озмун шаҳрвандонро ҷиҳати таваҷҷуҳи бештар ба китобхонӣ ба таҳрик даровард. Муҳаббати пиру барноро ба хондани асарҳо афзун намуд. Яке аз паҳлуҳои дигаре, ки ба баргузории озмун тақвияти бештар бахшид, мустаҳкам шудани кори устоду шогирд аст. Устодон баҳри иштироки шогирдонашон дар озмунҳо масъулияти бештарро эҳсос намуда, боз хубтар бо шогирдони хеш машғул шуданд. Яъне вусъати кори устодон бо шогирдон низ баръало эҳсос шуд, ки албатта, боиси шомонист.

Яке аз чунин устодоне, ки шогирдони зиёдаш дар озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, дар даври шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ғолиб омад, Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. Ин ҷавони пӯёву кӯшо аз зумраи ҷавонони донишманду пурталошест, ки дар баробари сайқал додани донишу маҳорати худаш ба тарбияи шогирдон ҷиддӣ машғул аст.

Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев андеша дорад, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бидуни шак дар сатҳи ҷаҳон беназир аст. Ӯ таассуроти хешро аз баргузории озмун ва ғолибияти шогирдонаш чунин баён менамояд:

- Шояд озмуни китоб дар кишварҳои мухталиф баргузор гардад, аммо озмуни китобхонӣ ва китобдонӣ, ки дар меҳвари аҳдофи ин озмун қарор дорад, мешавад гуфт, ки дар дунё назир надорад. Дар кадом кишвари олам озмуни сартосарии китобхонӣ баргузор шудааст?! Агар ҳам иқдомоте сурат гирифта бошад, дар доираи маҳдуд будааст. Аммо дар кишвари мо ин озмун миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа аз кӯдакону наврасон гирифта, то пиронсолон ва одамони касбу кори гуногунро дар бар мегирад. Имрӯз дар дунё кишваре вуҷуд надорад, ки то ин ҳад шаҳрвандонашро ба китобхонӣ ҷалб созад ва озмуне дар ин сатҳ доир намояд. Азбаски худи Роҳбари давлат шахсияти нотакрор ва дорои хиради баланд ҳастанд, қадру азамати китоб ва мутолиаро ба хубӣ дарк мекунанд ва аз таъсири ин ганҷинаи маънавӣ дар пешрафту шукуфоии миллат ва парвариши руҳи ҷомеа огоҳанд. Зеро ҳарчӣ башарият андешидаву анҷом додааст, дар китобҳо ҷамъоварӣ шудааст. Китоб сутуни мустаҳками тамаддунҳост. Ҷумлае аз Суқроти ҳаким мавҷуд аст, ки гуфта: «Ҷомеа вақте фарзонагӣ ва саодат меёбад, ки мутолиа кори рӯзонааш бошад».

Бо дарназардошти ин Президенти мамлакат озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро эълон карданд, то қишри зиёди ҷомеаро ба мутолиаву омӯзиш ҷалб созанд. Мутмаинам, ки дар ояндаи наздик кишварҳои дигари олам низ ин иқдоми Роҳбари давлати тоҷиконро дар кишварҳои худашон амалӣ хоҳанд кард. Дар ин шакке нест! Зеро кишварҳо ба донишманд ниёз доранд ва донишманд шудан аз тариқи мутолиаи китоб муяссар хоҳад шуд. Инсонҳо ҳарчи бештар китоб хонанд, ба ҳамон андоза аз лаззати зиндагӣ бархурдор хоҳанд шуд. Толстой мегӯяд: «Дар дунё лаззате, ки бо лаззати мутолиа баробарӣ кунад, вуҷуд надорад». Ин андеша комилан дурусту саҳеҳ аст, зеро инсон тавассути китоб чизҳоеро мебинад ва бохабар мешавад, ки лаззатбахшу руҳпарваранд. Аз ҳамин тариқ аст, ки бо гузаштаи хеш метавон пайвандӣ барқарор кард ва аз таҷрибаҳои зиндагии онҳо огоҳ гашт, ки барои тамаддунсозии имрӯзи мо хеле муҳим хоҳад буд.

Ду сол аст, ки рафти ин озмунро аз наздик мушоҳида мекунам. Воқеан, шавқу завқи мардум нисбат ба мутолиаи китоб ва ҳузури фаъолонаи онҳо аз табақаҳои мухталифи ҷомеа мояи шигифтӣ, ҳайрат ва хурсандӣ аст. Як бори дигар боварӣ ҳосил кардам, ки Тоҷикистони азизи мо сарзамини истеъдодҳои бисёр шигарф аст. Дар миёни иштирокчиёни Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» навҷавонони фавқулоддае вуҷуд доранд, ки будани онҳо барои ояндаи кишвар бисёр муфид хоҳад буд. Зеро шахсиятҳоеро дидам, ки теъдоди зиёде аз осори адабиву фарҳангии моро мутолиа ва ҳифз кардаанд. Бидуни шак, Тоҷикистони азизи мо бо вуҷуди фарзандони донишманду хирадмандаш имрӯзу ояндаи дурахшоне хоҳад дошт.

Ду сол мешавад, ки шогирдонам дар ин озмун ширкат мекунанд ва соли қабл дар номинаи адабиёти классикӣ яке аз онҳо ҷойи аввалро ишғол карда буд. Хушбахтона, имсол низ ду шогирдам дар даври ниҳоии озмун ширкат варзиданд ва ба тартиб Имориддинов Сарфарозиддин ва Ашӯров Ҷавоҳир сазовори ҷойи аввал ва дувум гардиданд. Ин пирӯзии шогирдонро, ки ҷоизаи Пешвои миллатро дарёфт намуданд, барои худ ифтихор ва шарафи бузург медонам. Зеро ин озмун аз ҳар мусобиқаву озмунҳои дигар ба куллӣ фарқ мекунад.

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо маънавият ва донишу тафаккур дар иртибот аст ва ҳамин чизҳост, ки боиси шукуфоии миллатҳо мешавад. Китоб инсонро комил мекунад, тарбият месозад ва ба ӯ неруву тавон ва заковати истисноӣ мебахшад, ки ҳаргиз заволпазир нест.

Ҷой дорад аз ин фурсат ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани ин маъракаи муҳими фарҳангӣ, бавеҷа даври ниҳоии он, аз номи худ ва шогирдонам изҳори сипос намоям, ки тӯли даҳ шабонарӯз заҳмат кашиданд, то ин озмун дар сатҳи матлуб доир гардад. Онҳо ҳар рӯз ба Китобхонаи миллӣ меомаданд ва аз наздик рафти озмунро назорат мекарданд ва ҳатто соатҳо Вазири маориф ва илм ба ҷавоби довталабон гӯш медоданд, ки аз ҳавсала, кордонӣ ва садоқату ишқу алоқаашон нисбат ба китобу маънавият гувоҳӣ медиҳад.

Аз ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибуллоҳ, ки фарҳангдӯст ҳастанд, барои дастгириҳо ва талошҳояшон дар татбиқи Амри Роҳбари давлат ҷиҳати ширкати фаъолонаи донишҷӯён ва фароҳам сохтани имконоти муносиб барои онҳо изҳори сипоси махсус менамоям.

Сурайё ҲАКИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh