ЛОЛАҲО САР МЕКАШАНД ЗИ МАСРУРӢ...

Табиат дар ҳар фасли худ аз зебоӣ дарак медиҳад, бо чашмрабоӣ касро мафтун месозад. Бештар ин дилрабоиро дарахтони гуногуни ороишӣ ва гулҳои рангоранги шаклашон беназир ва ҳам аз рӯи дизайни махсус ҳадя месозанд.

Фасли сармо қариб ним шудаву алҳол мавсими шинонидани пиёзаки гули лола ба итмом мерасад. Гулкорони чирадасти вилоят, махсусан, кормандони Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ, воқеъ дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд тамоми корҳои омода сохтани заминро барои парвариши гули лола ба анҷом расонида, имрӯзҳо дар майдонҳои боғи мазкур пиёзаки гули лола мешинонанд.

Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ҳам шаҳру навоҳӣ давоми солҳои охир тамоми манотиқи вилоят симои муосири меъмориву шаҳрдорӣ касб намуда, бо бунёди боғҳои истироҳативу гулгаштҳои замонавӣ таваҷҷуҳи ҳар бинанда, махсусан, меҳмонону сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд.

Бояд илова намуд, ки вобаста ба парвариши гули лола ҳанӯз пештар аз мавсим корҳои омодагӣ дар боғу гулгаштҳо ва кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шуда, аз тарафи мутахассисони соҳа дар мавзеъҳои алоҳида дизайн ва композитсияҳои гуногуни гулҳои мавсимӣ, бахусус, бо гули лола тасвиргардида роҳандозӣ карда мешавад. Дар навбати аввал зиёда аз 30 ҳазор дона пиёзакҳои гули лола шинонида шуда, барои сари вақт ва беталаф сабзидани онҳо корҳои агротехнологӣ анҷом дода мешаванд.

–Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ фарогири 8 гектару 45 сотих буда, дорои 2900 бех дарахту буттаҳои ороишӣ аст. Айни ҳол анвои гуногуни пиёзакҳои гули лола шинонида шуданд, ки миқдори онҳо дар ин боғи фароғатӣ то ба 300 ҳазор расонида мешаванд. Ин ба омодагӣ ба Фестивали «Сайри гули лола» буда, озмуни мазкур дар аввали фасли баҳор гузаронида мешавад,–гуфт дар суҳбат Абдусалом Шодибеков, директори Боғи Камоли Хуҷандӣ.

Зимни суҳбат мушоҳида кардем, ки 9 нафар боғбондухтарони зебоиофар ба побел кардани дарахтон, шинонидани боқимондаи пиёзакҳои гули лола ва пошидани доруҳои минералӣ машғул буданд.

 –Имсол нисбат ба солҳои пешин омодагии мо ба озмун боз ҳам ҷонноктар аст, зеро ин навбат низ бо ороиш ва дизайни махсус пиёзакҳои гули лоларо шинонида истодаем. Баъди шукуфтани гулҳои лолаи голландӣ сафи сайёҳон низ зиёд мегардад, –афзуд номбурда.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими имсола беш аз 3 миллион дона пиёзаки гули лола дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шинонида мешаванд. нонида мешаванд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh