БОНУИ ЭҶОДКОРУ ЗЕБОИПАРАСТ

Мегӯянд, агар нафареро ҳунар омӯзонӣ ва ӯ ризқи хешро аз паси ҳамин дарёбад, ту инсони хушбахтӣ, зеро ба шарофати кӯшишу ғайрати ту шахсе ризқи хешро меёбад ва ба ин васила вазъи хеш ва аҳли оилаашро беҳтар месозад. Адолат Ҳоҷиева, - сокини шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бошад, дасти 480 нафарро аз ҷамоатҳои деҳоти Чойруқдаррон, Сирдарё, Консой, Адрасмон, Зарнисору шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рост кардаасту ҳар яке соҳиби Сертификат гардида, имрӯз дар паси дастгоҳҳои атласу адрасбофӣ нишастаанду ба зиндагии гуворо расиданд.

Адолат Ҳоҷиева - гирандаи Гранти Президентӣ худро хушбахт меҳисобад, ки соли рафта се нафар шогирдонаш соҳиби гранти Раиси вилоят гардиданд.

- Ман шодам, ки самараи меҳнати ман нисбат ба шогирдон барабас нарафтааст, балки онон аз ҳунаре, ки аз бар кардаанд, ризқ меёбанду ҳоло аз рӯи ибораи «турфа шогирде, ки ба ҳайрат оварад устодро» амал намуда истодаанд. Ин дастпарварони ман аллакай соҳибкасб гардида, боз садҳо нафари дигарро бо касби аҷдодӣ ошно карда истодаанд.

АЗ ДАРИЧАИ ТАЪРИХ

Адолат дар оилаи ҳунармандон ба дунё омадааст. Дар хотир дорад, ки панҷ хоҳару се додар дар як кунҷи хона нишаста, гоҳе бо ҳам бозӣ доштанду гоҳе чашм аз дастҷунбонии модар Саломатхон ва бибиаш Пошшохон наканда, ҳар як ҳаракати ононро аз бар мекарданд. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 14-уми деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тақдир Адолат Ҳоҷиеваро ба Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон овард.

- Калонсолон мегуфтанд, ки «дар айёми наврасӣ ҳунареро аз бар кардан, қироати маводе ва ё аз худ кардани шеър чун нақш бар санг дар хотир мемонад», рост будааст. Вақте дар мактаби миёна ба дарси таълими меҳнат мерафтем, дар паси мошини дарздӯзӣ нишаста, ба дӯхтани чизе агар машғул шавем, то муаллимаамон нафареро омӯзонидан ман аллакай онро дӯхта мешудам. Гоҳе муаллимаамон агар нафареро омӯзонида истода бошанд, ба ман супориш медоданд, ки «Адолат, тарзи дӯхтани вай дугонаатро назорат намо, камбудиашро нишон деҳ, ислоҳ кунад».

Шояд ҳамин дастгирии муаллимаи меҳнат ҳам маро ба ин касб дилгарм сохт, - мегӯяд Адолат сар аз дӯхтани ҷомаи домодӣ набардошта.

Вақте ба камол расид, ӯро низ насиб гардид, ки паси дастгоҳи адрасбофию атласбофӣ нишинад. Касби авлодиро дар паси дастгоҳҳои абарқударти Комбинати қолинбофии Қайроққум ва ҶДММ «Зарбоф» - и шаҳри Хуҷанд идома бахшид.

Соли 2014-ум бошад, дар дили Адолат оташаке шуъла зад: «Чаро дигарон дар ин синну сол ҳунареро аз бар карда, ба касбе даст мезананду ман холабеғамӣ дорам?» Чанде пас бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон коргоҳи хурдакаке таъсис дод. Бо тавсияи пайвандон аз касби аҷдодӣ ёдовар шуд ва онро эҳё намуд. Занони хонанишин, духтаракони нав остонаи таълимгоҳро хатмкарда дараш мекӯфтанд. Ҳамин тариқ, шумораи шогирдонаш аз ҳисоби бонувони хонанишину духтаракони остонаи таълимгоҳро хатмкарда меафзуданд. Дастгоҳи дарздӯзие, ки аз хонааш оварда буд ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон миқдори он ба чор адад расид. Коркарди ашёи хом низ дар ҳамин нукта ба анҷом расид. Вақте соли 2015 соҳиби гранти Раиси вилоят гардид, номгӯи маҳсулоти омодасохтааш ва сафи кормандонашро аз ҳисоби шогирдонаш ба ҳашт нафар расонд.

АЗ АШЁИ ХОМ ТО ИСТЕҲСОЛ

- Борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, ашёи хоми ватанӣ бояд дар дохил коркард шавад. Албатта бояд чунин бошад, охир, давраҳои пешин чӣ гуна буд? Мо ашёи хом, масалан, пахта мерӯёндем, аммо дар дигар ҷумҳуриҳо он коркард мешуд. Ҳоло мо тамоми имконият ва шароитро доро ҳастем.

Аз ҷониби мо танҳо софдилона меҳнат кардан лозим аст, – мегӯяд Адолат бодиққат ба риштаҳои рангдодааш нигариста.

Айни ҳол онҳо ресмони пахтагиро аз коргоҳи дӯзандагии 1 - Май ва бирешимро аз ҶДММ «Атласи Хуҷанд» дастрас мекунанду боқимонда рангубор намудан, аз он матоъҳои навъҳои карбос, шоҳии гулоб, шоҳии подшоҳии сабз, адрас, кӯкқарға ва ғайраро дар ҳамин сех омода карда, инчунин куртаву поҷомаву галстуку сумкачаҳо, пойафзол, нимтана, костум ва дигар навъи дӯхтанро худ ба анҷом мерасонанд.

НУКТАИ ФУРӮШ - БАҲРИ ПЕШРАВИИ КОР

Зани дурандешу пухтакор Адолат Ҳоҷиева вақте ба истеҳсоли матоъ ва аз он дӯхтани навъҳои гуногуни сарулибосро ба анҷом расонд, боз ба андеша ғӯтавар гашт: «Охир, ашёи хом ҳаст, истеҳсол ҳаст, навъҳои гуногуни дӯхтанро ба анҷом расонида истодаем, пас чаро нуктаи фурӯшро низ ташкил накунем?» Бо ҳамин мақсад аз марказҳои савдои «Саховат» -и шаҳри Хуҷанд ва «Ирам» -и шаҳри Гулистон гӯшаеро барои савдои молҳои омоданамудаашон интихоб кард.

- Ба ин васила боз ду ҷойи корӣ муҳайё гардид ва ду оила зисти хешро беҳтар сохтанд, - мегӯяд бо қаноатмандӣ ин бонуи меҳнатқарин, ки бо ин баҳона минбаъд ба муҳрабофию омода сохтани туҳфаҳо барои сайёҳон низ пардохт.

МЕРОСБАРОНИ ҲУНАР

- Ман имрӯз аз шодравон бибиаму модарам, тағои ҳунармандам Иброҳимҷон Мамадҷонов ва духтарашон Назокатхон миннатпазирам, ки ба шарофати заҳмати устодии онон ба чунин поя расидам. Ибораи гузаштагонамон «аз гаҳвора то гӯр кор ёд мегириву аз олами ҳунар воқиф мешавӣ», ҳақ асту рост.

Гарчанде шогирдони бешумор дорам, аммо то ҳол аз пирони кор, аз ҷавонон маслиҳату машварат мепурсам, - мегӯяд бо қаноатмандию шодмонӣ Адолат. Адолат на танҳо бофанда, ресанда, дӯзанда, эҷодкор, инчунин фарзандону наберагони худро низ чун идомадиҳандаи ҳунари аҷдодӣ меомӯзонад. Ҳатто арӯси хонадонашро низ аз ҳунари авлодӣ воқиф сохтааст.

Пайвандони умраш Адибахон дар истироҳатгоҳи «Уқобча» меҳнат мекунаду дар хонааш низ дастгоҳи бофандагӣ дорад, инчунин либосҳои шинаму замонавиро ба мизоҷонаш омода месозад ва мисоли модараш имсол соҳиби гранти Раиси вилоят гардид. Духтари дуюмаш Азизахон бошад, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Овчӣ – Қалъача асту ҳамроҳи шогирдону дастпарваронаш бо адрасбофию сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзию рӯймолдӯзӣ машғул аст.

Арӯси хонадонаш Мадинахон хатмкардаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ буда, ба ҷуз барномасозӣ, инчунин аз ҳунарҳои хушдоманаш воқиф гардида, боз дар ҳамкорӣ бо дӯзандагони Маркази савдои «Шарқ» - и шаҳри Хуҷанд муҳрабофӣ низ мекунад. - Ин касбест, ки инсонро аз рӯзҳои қашшоқиву гуруснагӣ раҳоӣ мебахшад, ҳоло наберачаам Анисахон шавқи зиёд дорад, маълум, ки аз касби аҷдодӣ мерос хоҳад гирифт, - гуфт бо хурсандии беинтиҳо Адолат аз боби меваи умраш бо меҳр ҳарф зада.

ГРАНТ-БАҲРИ РУШДИ ҲУНАР

- Ҳеҷ бовариам намеомад, вақте бо воситаи телефон аз ғолибияти лоиҳаи ман хабар доданд, ба қавле, дар куртаам нағунҷидам. Охир, шукри даврони имрӯз дорам, ки меҳнати маро қадр мекунанд, - мегӯяд Адолат.

- Сол аз сол анъанаҳои хубро Пешвои муаззами миллат ҷорӣ намуда истодаанд. Эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ, озмунҳои мухталиф баҳри рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг. Тавассути телевизион аз боби озмуне, ки давоми ду сол дар мавзӯи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад, бинед, ҳамаро – пиру барноро ба хондан ҷалб намуда истодаанд.

Ин иқдоми хубест. Солҳои пешин, дар даврони бачагиамон асарҳои зиёдеро бо шавқ мехондем ва ҳоло бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат боз ба асли худ - ба хондану шеърхонӣ пардохта истодаем. Ҳамаи инро аз меваҳои даврони Истиқлолият медонам.

АНҶОМБАХШИ СУҲБАТ

Адолат Ҳоҷиеваро чун зани фаъол, меҳнатӣ, ҳунарманди асил ва кордон муаррифӣ сохтем. Ӯ соҳиби гранти Президентӣ гардид, ҳоло муҳлате нагузашта, аллакай нақшаҳои хешро амалӣ сохта истодааст.

Ҳафт мошини дардӯзӣ, ки аз ин ду дастгоҳи йӯрмадӯзӣ, се мошини барқӣ, ду мошини пуриқтидор, яъне барои дӯхтани палто, нимтана, дарзмол, мизи корӣ, ашёи хом, аз ҷумлаи риштаи пахтагӣ дастрас кардааст. Шумораи кормандонашро аз ҳашт нафар то ба бист нафар расонида, дар назди осоишгоҳи «Баҳористон» низ як нуқтаи фурӯш ташкил карданист, зеро дар ин мулки ободу зебо, дар як мавзеи биҳиштосо месазад, ки як нуқтаи намоиши либосу анъанаҳои миллиро таъсис диҳем, то ин ки бори дигар аз халқи эҷодкору зебоипараст буданамон ба ҷаҳониён дарак диҳем, - гуфт дар хотимаи суҳбат бонуи ҳунарманд Адолат Ҳоҷиева.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh