Занони рӯзноманигор «Фандрайзинг» омӯхтанд

Дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон, дар шаҳри Гулистон барои занони рӯзноманигор семинар баргузор гашт.

Семинар дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди ҷурналистикаи шаҳрвандии занон тавассути баланд бардоштани  иқтидори гурӯҳҳои ташаббускори занон дар минтақаҳои деҳоти вилояти Суғд», ки  Маркази имконият баҳри рушд рорҳандозӣ намудааст, амалӣ гашт.

Занони рӯзноманигор дар бораи «Ба роҳ мондани фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятӣ ва фандрайзенг» маълумот гирифтанд.

Дар семинари ду рӯзае, ки бо ҷалби занони рӯзноманигори шаҳру навоҳии вилоят ва намояндагони гурӯҳи ташаббускори занони рӯзноманигор «Садоқат»  баргузор шуд иштирокдорон бобати таҳияи низоми кор ва фаъоолияти ташкилоти ҷамъиятӣ, паҳлӯҳои ҳуқуқии мавзӯи баррасишавандаро омӯхта, доир ба вазифа ва ӯҳдадориҳои ташкилоти ҷамъиятӣ ва низоми кори он дар Тоҷикистон маълумот гирифтанд.

Дар рӯзи дувуми сомӯзиш рӯзноманигорон бо тарзи таҳия намудан  ва пешниҳоди «Лоиҳа» ошно шуданд. Рӯзноманигорон роҷеъ ба фандрайзенг ва мақсаду ҳадафҳои он иттилоъ гирифтанд.

Зимни омӯзиш мутахассисон бобати роҳҳои навиштани  лоиҳаҳо маълумот пешкаш намуда,  оид ба рушди бонизоми   фаъолият мубодилаи афкор намуданд.

 Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh