Ӯрунбой Усмонов: Тарҷумон пулест, ки адабиёти ҷаҳонро бо ҳам мепайвандад

Адиб, рӯзноманигор ва тарҷумони хушсалиқа Ӯрунбой Усмонов бо тарҷумаҳои хеш дар муаррифии адабиёти тоҷик ба хонандагони ӯзбекзабон саҳми арзанда доранд. Бо устод дар мавриди тарҷума ва тарҷумон сӯҳбате анҷом додем, ки онро манзури хонандагони азиз менамоем.

Муаррифӣ: Ӯрунбой Усмонов санаи 2-юми ноябри соли 1951 дар деҳаи Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Мактаби №6-уми деҳаро хатм кардааст. Донишгоҳи давлатии шаҳри Тошканд, факултаи журналистикаро ба итмом расонда, аз моҳи июли соли 1973 дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ба ҳайси ходими адабӣ ба фаъолият оғоз кардааст. То охири соли 1990 дар рӯзнома мухбир, мухбири калон, мудири шуъба буд. Очерку мақолаҳои ӯ дар рӯзномаҳои марказии собиқ СССР -«Известия», дар рӯзномаву маҷаллаҳои маву маҷаллаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон нашр шудаанд. Бо ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Ҳоҷӣ Содиқ тақдиронида шудааст. Баъдан директори иҷрокунандаи иттиҳодияи иҷтимоии «Ҳокимияти чорум»-и вилояти Суғд буд.

Маҷмӯаи ҳикояҳои ӯ бо номҳои «Қотили Спитамен» (Тошканд), «Сарнавишт» Маҷмӯаи ҳикояҳои ӯ бо номҳои «Қотили Спитамен» (Тошканд), «Сарнавишт» (Хуҷанд), «Хонаи синҷдор» (Тошканд), романҳояш «Таъқиб» ва «Алғав далғав» чоп шудаанд. Ҳамчунин, ҳикоя ва қиссаҳои ӯ дар барномаҳои телевизионии Тоҷикистон (Душанбе) ва Ӯзбекистон (Тошканд) садо додаанд. Дар риштаи тарҷумонӣ бо тарҷумаи бадеӣ машғул аст ва асарҳои адабиёти муосири тоҷикро ба хонандагони ӯзбекзабон ошно месозад.

- Дар оғоз фикру андешаи Шуморо ҳамчун адиби хушсалиқа ва рӯзноманигори шинохта, ки солиёни зиёд бо тарҷумаи осори адибони тоҷику ӯзбек машғул аст, дар мавриди тарҷумонӣ ва тарҷумон фаҳмидан мехоҳем. Албатта, манзури мо аз тарҷума тарҷумаи бадеӣ аст.

- Аз як забон ба забони дигар тарҷума кардани асарҳои бадеӣ хеле таърихи тӯлонӣ дорад ва фикр мекунам, ки ҳатто ишорае ба таърихи тарҷумонӣ фурсати зиёд мехоҳад. Фақат ба таъкиди ҳамаи ин нукта қаноат мекунам, ки тарҷумаи бадеӣ ҷузъи адабиёт ва эҷоди осори манзуму мансур аст.

Тарҷумаи бадеӣ миллатҳоро ба ҳам наздик мекунад. Асари бадеӣ агар воқеан арзишманд бошад, тариқи тарҷумаҳо ҷаҳонӣ мешавад. Барои ин кор бошад, хидмати тарҷумон зарур аст, чун бидуни тарҷума намешавад. Нависандаҳо бо забони модарии хеш эҷод мекунанд ва ё шоиру нависандагони дузабона хеле кам ҳастанд. Масалан, Чингиз Айтматов ҳам русӣ ва ҳам қирғизӣ эҷод мекард. Тавассути тарҷумон асари бадеӣ ба дигар халқияту миллатҳо муаррифӣ ва аз сӯи дигар як миллат ба василаи тарҷума аз анъанаву урфу одати миллати дигар бохабар мешавад.

Бисёр нафарон бар ин ақидаанд, ки донистани забони асл боиси тарҷумонӣ шуда метавонад. Аммо ман фикр мекунам, ки ин тавр нест. Тарҷумонӣ кори осон нест, дар баробари донистани забони асл ва дар сатҳи олӣ донистани забони модарӣ ҳам, тарҷумони хуб шудан ба гумон аст. Чаро? Тарҷума санъат аст. Дар баробари донистани забон диду нигоҳу биниши ҳакимона, дарки воқеии мақсади нависанда ва ё шоир зарур аст. Дар тарҷума истеъдоди офаридан низ хеле муҳим мебошад.

Ба наздикӣ як навиштаро хондам, ки «тарҷумон бояд аз ғӯра ҳалво пазад», аммо ман ба ин фикр розӣ нестам. Чӣ хел тарҷумон бояд аз ғӯра ҳалво пазад? Агар худи асар «ғӯра» бошад, аслан «ғӯра» набояд барои тарҷума интихоб мешуд, аммо дар сурати интихоб шудан чаро бояд аз он ҳалво пухт? Ҳангоми интихоб ҳалворо интихоб кардан лозим ва онро ҳалвортар бояд намуд ё ақаллан маззаи ҳалвои аслиро нигоҳ бояд дошт. Бояд беҳтарин асарҳо барои тарҷума интихоб шаванд. Мо шоҳиди он ҳастем, ки то имрӯз ба хонандагони тоҷик беҳтарин асарҳои адибони ҷаҳон пешниҳод шудаанд.

Анвар Олим тарҷумони хеле хуб буд, ду забонро медонист, аз адабиёти ҷаҳон ба хубӣ огоҳ буд, ғайр аз ин, худаш ҳам истеъдод дошт. Ҳамчун нависанда ва ҳам тарҷумон истеъдоди фавқулода дошт. Барои ҳамин тарҷумаҳои Анвар Олим хеле хуб аст.

- Дар мавриди навъҳои тарҷума чӣ андеша доред, кадоме ба тарҷумаи бадеӣ созгортар аст?

- Дар тарҷумаи бадеӣ тарҷумаи таҳтуллафзӣ ё сатр ба сатр аслан ҷоиз нест. Ин гуна тарҷумаҳо асарро хушку берӯҳ мекунанд. Яъне дар тарҷумаи бадеӣ нигаҳ доштани бадеияти асар шарти асосӣ аст.

Аксар тарҷумонҳо имрӯз аз халқ дур шудаанд, зеро барои бой кардани таркиби луғавӣ танҳо китоби луғатҳо кофӣ нест, дуруст, луғатҳои фразеологӣ, зарбулмасалу мақол дорем, лекин дар миёни халқ лаҳҷа зиёд аст, масалан, забони мардуми Хуҷанд ва Хистеварз аллакай аз ҳам фарқ мекунад. Дар ин баробар урфу одати мардуми шаҳрнишину мардуми кӯҳистон фарқ мекунад.

-Дар ин замина мехоҳем дар мавриди зарбулмасалу мақолу воҳидҳои фразеологӣ ва шеваи тарҷумаи онҳо суҳбат кунем. Масалан, дар русҳо мегӯянд «Волка ноги кормят». Ин зарбулмасалро агар айнан ба тоҷикӣ тарҷума кунем, «Гургро пойҳояш мехӯронад», мӯҳтавои мақол ширинӣ ва амиқияти хешро, ки дар гунаи русӣ дошт, аз даст медиҳад.

Ба назари Шумо ҷоиз аст, ки мақолу зарбулмасалҳои тарҷумашаванда ба эквиваленти тоҷикияш иваз шаванд? Яъне ба ҷои «Волка кормят ноги» зарбулмасали дигари тоҷикиро, ки ҳамин маъниро медиҳад, истифода бурдан мумкин аст ё хайр? Фикри Шумо дар бораи тарҷумаи зарбулмасалу мақол чӣ гуна аст?

- Бале мумкин аст, бемалол. Масалан, дар як асаре, ки аз англисӣ ба ӯзбекӣ тарҷума шудааст, «кулоҳашро ба осмон ҳаво дод»-ро тарҷумон «тоқияшро ба осмон ҳаво дод» гуфтааст, ки бо ба назар гирифтани мавҷудияти эквиваленти миллии он истифода шудааст. Аммо бояд эквивалентро ёфта тавонистан лозим, набояд бо иваз шудани мақол мӯҳтаво ва мақсади баёни он вайрон шавад. Чунин интихоб бояд дақиқкорона сурат бигирад ва ба аслият наздик бошад. Тарҷумон бояд дар ин самт заковати хешро нишон диҳад. Дар воҳидҳои фразеологӣ унсурҳои миллият низ ҳаст, бинобар ин ҳангоми тарҷума ба ин масъала ҷиддӣ бояд таваҷҷуҳ кард.

Тарҷумаҳо таҳтуллафзии воҳидҳои фрозеологӣ, масалу мақолҳо маззаву ширинии баёни аслро дода наметавонад.

- Дар замони шӯравӣ адабиёти ҷаҳон асосан дар заминаҳои тарҷумаҳои русии онҳо ба тоҷикӣ тарҷума мешуд, яъне асаре, ки ду даъфа тарҷума шуда ба хонандаи тоҷик мерасад, ба назари шумо чӣ хел аст?

- Ростӣ, ман ба чунин тарҷумаҳо зид ҳастам. Хоҳ -нохоҳ дар тарҷумаи аввал ақаллан 20-30 фоизи аслияти хешро гум мекунад, тарҷума аз рӯи тарҷума нисфи назокати аслии асарро аз байн мебарад. Дар ин миён тасаввуроти хонандаи забони севум аллакай дар мавриди асар ё адабиёти ин ё он халқ дигар хел шуданаш мумкин аст. Зимнан бояд гуфт, ки тарҷумаи аввал агар нағз ҷараён гирифта бошад, тарҷума аз тарҷума ба ҳар ҳол мӯҳтаворо хуб расонида метавонад. Масалан, тарҷумаҳои асари Садриддин Айнӣ ба забони русӣ хуб аст ва аз русӣ ба дигар забонҳои халқиятҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ нағз шудааст.

Эътирофи адабиёти миллатҳо аз ҷониби ҷаҳониён ба ҳунар, истеъдод ва тахайюли нависанда сахт алоқаманд аст. Ин ҳунару истеъдод ва нигоҳу тахайюл ба воситаи тарҷума ба халқҳои дигар муаррифӣ мешавад. Бинобар ин ман фикр мекунам, ки тарҷума бояд аз асари асл ҷараён гирад ва тарҷумаи тарҷума маҳорати бештару амиқияти зиёдро тақозо мекунад.

Хушбахтона, дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуъбаи тарҷума фаъолият карда истодааст. Асарҳои адибони тоҷик ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ тарҷума шуда истодаанд. Пештар дар замони шӯравӣ нашриёти «Радуга» буд, ки асарҳоро ба забони халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тарҷума ва нашр мекард. Дар он замон шароити хуби тарҷумонӣ буд, аммо аксар вақт интихоби асари тарҷумашаванда ба дасти тарҷумон набуд. Албатта, хуб аст, ки имрӯз тарҷумон дар интихоби асар озод аст, аммо ба андешаи ман интихоби асар барои тарҷума бо тавсияи шӯрои бадеӣ сурат гирад, беҳтар аст. Дар ин самт аслан бояд шӯрои бадеӣ кор кунад. Аъзои шӯрои бадеӣ бошад, нафароне бояд бошанд, ки адабиёти классик, муосир ва ҷаҳонро «об карда хӯрда бошанд». Дар шӯрои бадеӣ муҳим синну сол набояд бошад, муҳим донишу биниш аст. Тарҷумон ҳам метавонад аз тавсияҳои пешниҳоднамудаи шӯрои бадеӣ интихоб кунад.

Бояд гӯям, ки тарҷумон бояд рӯҳи асари аслро дарк кунад, ба он ворид шавад. Дар сурати эҳсос накардани ҳамин пайвастагӣ набояд ба тарҷума даст зад. Зеро асар рӯҳи хешро дорад, ғояи худро дорад, чунон ки мегӯянд, «дар зери коса нимкоса» ҳаст ва дар «зери нимкоса пиёла». Тарҷумон бояд ақалан нимкоса- ҳадаф, мақсади нависандаро бинад, дар ҳоле ки бояд пиёларо медид. Бахусус, дар тарҷумаи шеър ин веҷагиро бояд риоя кард. Масалан, воҷаи «ҷон» дар мисраъҳои шеър метавонад чанд бор ва ба чанд маънӣ биёяд, ки тарҷумон ба ин нозукӣ бояд таваҷҷуҳ кунад.

- Устод чун сухан аз рӯҳияи асар рафт, мехоҳам аз масъалаи дигаре дар ҷодаи тарҷума ҳарф занем. Ин тарҷумаи вожаҳо ва тасвирҳое, ки марбутанд ба дину оин. Масалан, ба унвони мисол дар шеърҳои Анна Ахматова вожаҳои ифодакунадаи маҳфумҳои марбути дини насронӣ ва ё тасвире, ки сохтор онро расму оини динӣ ташкил медиҳад, бо онҳо чӣ гуна бояд муносибат кард? Яъне дар тарҷумаи бадеӣ тобишҳои милливу мазҳабӣ ва диниро нигоҳ доштан мумкин аст ё не?

- Ин масъала бисёр ҳассос аст, зеро бо бовар ва эътиқоди мардум алоқаманд аст.

Мумкин аст ва бояд тобишҳои миллӣ нигоҳ дошта шаванд, агар тарҷумон аз ӯҳдаи он баромада тавонад. Масалан, агар дар асарҳои тоҷикӣ воҷаи «масҷид» истифода шаваду ҳангоми тарҷума он ба «калисо» тарҷума шавад, намешавад. Дар ин ҳол бояд аз тавзеҳоту эзоҳ истифода бурд.

Ё масалан гирем, мӯҳтавои ирфонии ғазалу маснавии Ҷалолуддини Румӣ дар тарҷумаҳо тамоман дигар шуд ё «муҳаббат» ва «май»-и Хайёмро гирем.

-Оре устод, масалан маснавии Румиро «Қуръон бо забони паҳлавӣ» мегӯянд, аммо дар Аврупо ишқи Мавлоноро ишқи ирфонӣ намешиносанд. Дар ин миён муҳаббати малакутӣ ба муҳаббати заминӣ бадал шудааст. Дар ин робита вазъи кунинии тарҷумаро дар Тоҷикистон, бавежа дар вилояти Суғд чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Мутаассифона, аз вазъи тарҷумаи кунунӣ саҳеҳ огоҳ нестам ва баҳои воқеӣ додани ман дар гумон аст. Аммо дар муқоиса гуфта метавонам, ки баъд аз соҳибистиқлолӣ рӯз то рӯз тарҷума ҳам ба низоми муайяни рушди худаш рафта истодааст.

-Пас, соҳибистиқлолӣ ба бахши тарҷумонии мо чӣ дод?

-Пеш аз ҳама имконият дод. Пештар дар замони шӯравӣ адабиёт ва бахусус тарҷумонӣ дар дасти система буд. Гарчанде, ки дар он замон бахши иқтисодии тарҷума хеле ҷолиб буд ва ҳаққи қалами хуб медод, ин аксар нафаронро ба ин пеша ҷалб мекард, аммо тарҷумон дар интихоби асари тарҷумашаванда озод набуд.

Дар тарҷумаи бадеии ҳавзаи вилояти Суғд бештар Анвар Олим бо наср сару кор доштанд, Фарзонабону шеърҳои зиёдро тарҷума ва пешниҳоди хонандагон менамоянд, Устод Сайидамин Ҷило дар ин замина корҳои шоистаи таҳсинро ба анҷом расониданд, устод аз забони ӯзбекӣ ба тоҷикӣ шеърҳои шоирон, драмаҳои хуби адибони ӯзбекзабонро хеле хуб тарҷума кардаанд. Ин фаъолияти насли калонсоли Суғд аст.

Чун худам бештар бо наср сарукор дорам, мехоҳам, аз тарҷумаҳои Анвар Олим ёдрас шавам, афсӯс, ки ӯ барвақт аз миёни мо рафт. Анварҷон воқеан ҳам тарҷумони хуб буд. Ҳеҷ гоҳ саҳланкорӣ намекард. Асарҳои Шукшинро тарҷума кард ба дараҷаи хеле баланд.

Шеърҳо аз русӣ ба тоҷикӣ, аз тоҷикӣ ба русӣ ва аз чинӣ ба тоҷикӣ, аз англисӣ ба тоҷикӣ, аз тоҷикӣ ба англисӣ, аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ тарҷума шуда истодааст. Дар ин ҷода кори ҷавонон, аз ҷумла худи Шумо, Бузургмеҳри Баҳодур, Фирдавси Аъзам, Толиби Луқмон, Давлатзода, Фирӯза Қайюмова ва бисёри дигаронро ба забон гирифтан мумкин аст, ки қадамҳои хешро дар ҷодаи тарҷума ниҳода истодаанд. Бояд гӯям, ки тарҷумаи бадеӣ кори саҳлу сода нест, ин ҷавонҳо бояд масъулияти хешро дарк кунанд. Дарк намоянд, ки маҳз тарҷума миёни адабиёти миллатҳо пули пайвандгар аст.

Мутаассифона, имрӯз аз тоҷикӣ ба русӣ кам тарҷума шуда истодааст. Дар ин самт бояд корҳо ҷоннок шавад.

- Дар мавриди робитаҳои адабии Ӯзбекистону Тоҷикистон хоса дар бахши тарҷума чӣ корҳо анҷом ёфтанд?

- Чуноне ки гуфтам, тарҷума пулест, ки халқиятҳоро ба ҳам пайванд мекунад. Баъди дубора барқарор шудани дӯстиву боз шудани сарҳадҳо имрӯз равобити адабии миёни ин ду кишвари дӯсту бародар боз ҳам афзуд. Аҳли илму фарҳанг равобитро аллакай дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монданд. Тарҷумаи осори адибони тоҷику ӯзбек вусъати бештар гирифт. Агар дар ёдатон бошад, дар мулоқоту шоми дӯстии Ӯзбекистону Тоҷикистон Сарварони ду давлат ба ҳамдигар китоб ҳадя карданд. Муҷассамаҳои Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ гузошта шуд. Дар Тошканд ба истиқболи 700-солагии Камоли Хуҷандӣ маҷмӯаи ғазалҳои шоири ширинкаломи тоҷик ба нашр расид.

Дар Ӯзбекистон маҷаллаи «Ҷаҳон адабиёти» (Адабиёти ҷаҳон) нашр мешавад, ки осори адибони ҷаҳонро нашр ва ба хонандаи ӯзбекзабон муаррифӣ мекунад. Хушбахтона, дар ҳамин маҷалла низ борҳо осори адибони тоҷик нашр, ҳатто як шумораи ин маҷалла пурра ба адабиёт ва адибони тоҷик бахшида шуд. Дар маҷаллаҳои «Шарқ Юлдузи» (Ситораи Шарқ) «Ёшлик» (Ҷавонӣ) ва рӯзномаҳои шаҳру навоҳии Ӯзбекистон ин анъанаи нек идома ёфта истодааст. Хуб он аст, ки ин тарҷумаҳои нав мебошанд, асарҳои солҳои охир нашршуда пешниҳоди хонандаи ӯзбек гардидаанд. Ин амал имкон медиҳад, ки мо бо раванди инкишофи адабиёти ҳамдигар аз наздик ошно шавем. Ман аз ин хеле шод ҳастам.

Дар Тоҷикистон низ ҷиҳати нашри ашъори адибони ӯзбекистонӣ корҳои бисёр ба анҷом расид ва ин анъана идома дорад. Дар вилоят ин рисолатро маҷаллаи «Паёми Суғд», рӯзномаҳои «Ҳақиқати Суғд» ва «Суғд ҳақиқати» хеле хуб ба иҷро расонида истодаанд. Ба наздикӣ аз телевизиони Фарғона як барномаеро тамошо кардам, ки ба устод Лоиқ бахшида шуда буд. Хеле барномаи олиҷаноб, тарҷумаҳои дилнишини осори Лоиқ аз ҷониби тарҷумонҳои Ӯзбекистон маро хушҳол кард. Дар Ӯзбекистон «Модарнома»-и Лоиқ нашр шуд, ки хеле хушҳолкунанда аст.

- Устод, аз фаъолияти тарҷумонии хеш сухан мекардед. Аз кай майли тарҷумонӣ пайдо шуд ва чаро, чиро тарҷума мекунед?

- Аз замони донишҷӯӣ ба тарҷума майл намудам, солҳои аввали фаъолият асосан ҳаҷвияҳоро тарҷума мекардам. Дар радиои шаҳри Тошканд бо номи «Табассум» барномаи ҳаҷвӣ пахш мешуд, ҳаққи қалами нағз медод, аз он хотир, ки донишҷӯ будем, чунин ҳаққи қалам таваҷҷуҳи маро ба тарҷума ва ҳамкорӣ бо ин радио мекашид. Аз забони русӣ ба ӯзбекӣ тарҷума мекардам. Аз эҷодиёти Ҳоҷӣ Содиқ ва Самад Ғанӣ низ тарҷума карда будам. Дар замони шӯравӣ аз тоҷикӣ ба ӯзбекӣ тарҷумаҳо бисёр буд. Масалан, ман «Духтари оташ»-и Ҷалол Икромиро бо забони ӯзбекӣ дар замони мактабхониям хонда будам. Ё «Тобистон»-и Пӯлод Толисро, ки нависандаи халқии Ӯзбекистон Пиримқул Қодиров тарҷума карда буд. Баъди хондани тарҷумаи «Тобистон» ман ба қалами Пӯлод Толис муҳаббат пайдо карда, меҳри муаррифии адабиёти тоҷик ба хонандаи ӯзбекзабон дар дилам ҷой гирифта буд.

Ман бо тарҷумаи наср машғул ҳастам, аз тоҷикӣ ба ӯзбекӣ тарҷума мекунам. Интихоби асар аз шавқ ва диди нигоҳи худам сурат мегирад. Асарҳои беш аз 30 нависандаи тоҷикро ба ӯзбекӣ тарҷума кардам. Бахусус ба қалами Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва Баҳманёр Аминӣ муҳаббати хос дорам. Тарҷумаи осори ин нависандагони забардасти тоҷик душвор бошад ҳам, одамро хаста намекунад, баръакс ба одам шавқу илҳом мебахшад. Лекин мутаассифона, ин тарҷумаҳо ҳоло чоп нашудаанд. Солҳои ҷавонӣ навиштаҳои детективии Ғайрат Ҳакимро тарҷума карда будам.

Айни ҳол як китобро омодаи нашр сохтаам, ки тарҷумаи маҷмӯаи ҳикояҳои нависандагони тоҷик мебошад. Қариб аз тамоми нависандаҳои маъруфи кишварамон ҳикояҳо интихоб шудааст. Хостам, ки хонандаи ӯзбекзабон бо ба даст гирифтани ин китоб аз насри муосири тоҷик ва ҳунару истеъдоди нависандагони Тоҷикистон огоҳ шаванд.

Аз асарҳои Сорбон, Саттор Турсун, Абдуҳамид Самадов,Муҳиддин Хӯҷазод, Муҳаммадсолеҳи Замон, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Маъруф Бобоҷон, Ғайрат Ҳаким, Анвар Олимов, Баҳманёр Аминӣ, Ато Мирхоҷа, Хуршеди Атовулло, Равшани Махсумзод, Қурбони Аъламшоҳ ва бисёр дигарон интихоб кардам.

-Ба адибони ҷавон, ки мехоҳанд ба тарҷумаи бадеӣ даст зананд, чӣ маслиҳатҳо медиҳед?

- Якум, барои тарҷумон дар сатҳи бисёр олӣ ва ҳатто болотар аз он донистани забони модарӣ аст. Барои хуб донистани як ё ду -се забон талош кардан лозим аст. Имкон бошад аз забони асл тарҷума намоянд. Дувум, истеъдоди хешро сайқал диҳанд. Дар тарҷума истеъдоди тарҷумонӣ хеле муҳим аст, вагарна ба асари тарҷумашаванда ва нависандаи он ба адабиёт «хизмати хирсона» мешавад. Бар замми ин бисёр хондан лозим аст, пайваста бо адабиёти ҷаҳон, бо тарҷумаҳо ошно шуданашон ҳатмист.

Бояд забони классикӣ, лаҳҷаҳоро хуб омӯхт, ҳам забони асл ва ҳам забони тарҷумашавандаро. Бояд ҷавонон минбаъд ба забонҳои англисӣ, франсузӣ, хитоӣ ва ҳоказо тарҷума кардани осори адабиёти тоҷикро ҳадафи хеш қарор диҳанд. Мо бояд адабиёти кишварамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем. Дар сатҳи ҷаҳонӣ шоиру нависанда бояд дошта бошем.

Хушбахтона, дар кишвари мо дар ду соли охир ба китобу китобхонӣ таваҷҷуҳ зиёд шуда, озмунҳо дар сатҳи давлатӣ баргузор шуда истодаанд, ки озмуни «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» аз ин қабил мебошад. Чуноне ки медонед, дар бахши ин озмун хондани адабиёти ҷаҳон ҳам ҳаст. Ман хеле мехостам, ки барои тарҷумаи беҳтарин ҳам ҳар сол озмунҳо ба роҳ монда шаванд. Ин имкон медиҳад, ки таваҷҷуҳи тарҷумонҳо ба эҷод зиёд шавад, шавқу завқ барои кор пайдо шавад.

Саодати мо насли калонсол ин буд, ки ба мо устодони хеле хуб аз нозукиҳои тарҷума ва тарҷумонӣ дарс мегуфтанд. Медонед, ба бахши тарҷумаи адабиёти мо чӣ намерасад? Нақди тарҷумаҳои анҷом додашуда. Агар тарҷумаҳо нақд шаванд, ба мисли солҳои пешин нуран алонур мешавад. Кор босифаттар гашта, ба ҷавонҳо раҳнамои хуб мегардад. Дар ин радиф, албатта, тарбияи мутахассисони баландихтисос зарур аст, ки хушбахтона, дар ин самт Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва устодони соҳа талоши рӯзафзун доранд.

- Ба суҳбати самимӣ ташаккур!

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh