Дастовард муборак, «Гулоро»

Ҷамъбасти озмуни байналмилалӣ

Дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон озмуни байналмилалии ҳунарии «Наврӯз садолари» ҷамъбаст гардид, ки дар он гурӯҳи кӯдакону наврасони «Гулоро» - и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ширкат варзида, мақоми ифтихорӣ ба даст оварданд ва бо Диплом, ҷоиза ва сертификати озмун тақдиронида шуданд.

Ҳамзамон, ба як қатор аъзоёни фаъоли ин гурӯҳи ҳунарӣ барои ҳунару маҳорати баланд ва иштироки фаъолонаашон Диплом ва ҷоизаи  Вазорати маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим гардид.

Мавриди зикр аст, ки гурӯҳи кӯдакону наврасони «Гулоро» - и ноҳияи Ҷаббор Расулов чанд сол муқаддам бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Ҳакимҷон Собиров дар назди муассисаи ғайридавлатии кӯдакистони «Гулоро» - и ноҳия таъсис ёфта, дар он устодону мутахассисони варзидаи соҳаи санъат ба тарбиятгирандагони ин кӯдакистон дарси маҳорату ҳунар, рақсу суруд меомӯзанд.

Гурӯҳи ҳунарӣ, ки ба он тарбиятгирандагони кӯдакистони мазкур шомиланд, аллакай дар якчанд озмунҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, «Донак», «Наврӯз садолари» ва ғайраҳо, ки дар Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия доир гардиданд, ширкат варзида, ғолибият ба даст овардаанд.

Дастоварди навбатӣ дар ин озмуни байналмилалӣ тарбиятгирандагон ва волидайни онҳоро рӯҳбаланд намуд.

Хабарнигори

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh