«АЗ ҚАЛБИ БАРНО»

Агар инсон сӯзандаву созанда бошад, хомӯш нишаста наметавонад. Бар ин нукта ҳам хуб гуфтаанд, ки он чӣ дар дил аст, бар забон ояд. Килки эҷоди бонуи хушзавқ Барнохонро хондаму ростӣ, боварам наомад, ки ӯ чунин завқи табиӣ дорад. Зеро бо вуҷуди хоксорӣ, хомӯш нишастанҳо кас гумон намекард, ки ӯ бо завқу шавқ ва маърифати эҷод дар сафҳаи сафед неруи илҳом дорад.

Устоди хушзавқ, шоири тавоно Ҷӯра Юсуфӣ байте дорад:

Ганҷинаи манӣ, эй сафҳаи сафед,

Нақдинаи манӣ, эй сафҳаи сафед.

Ганҷинаву нақдинаро воқеан муаллиф бо нигоҳи нав, назари нав, бо як услуби хосу шеваи нав истифода бурда тавонистааст.

Китоби аввалини Барно Абдуғаффорова бо номи «Аз қалби Барно» ба пешвози иди матбуоти тоҷик падидаест, ки воқеан шахсро ба ҳайрат меорад, зеро ӯ тамоми навиштаҳояшро якбора ва яклухт гирд сохтаву пешкаши хонандагон кардааст. Китоби қиссаҳои воқеии муаллифро варақ задаму як-як ҳикояҳояшро хондам. Онҳо аз таҷрибаи зиндагӣ гирифта шуда, дарди ҷомеаро бо ҳама шодиву нишот, пастиву баландӣ, меҳнату роҳат бозгӯ кардаанд. Муҳтавои китоби мазкур асосан аз қиссаҳои рангини рӯзгор гирифта шуда, бештар эҳтиром гузоштан ба модар ва муҳаббат доштан ба занро ба риштаи тасвир кашидааст.

Қиссаҳои «Соябони зиндагӣ», «Дурахши хуршеди умед», «Асрори бахт», «Гумони хом» ва дигар навиштаҳояш воқеан аз ҳаёти реалии имрӯза гирифта шудаанд. Мо ба муаллиф, ки имрӯз дар рӯзномаи бонуфузи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” меҳнату фаъолият дорад, дар роҳи эҷод илҳоми саршор ва сафҳаи сафеду қалами сабзро хоста, умедворем, ки боз қиссаҳои рангину ҷолибро пешкаши хонандагон мегардонад. Дар ин ҷода парвози баланд сӯи қуллаҳои эҷодиро таманно дорем.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh