Шиносоии Раиси вилоят бо корҳои азнавсозии Қалъаи Хуҷанд

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварда, бо ҷарёни корҳои азнавсозии Қалъаи Хуҷанд шинос гардид.

Боиси зикр аст, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи мероси фарҳангӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, ҳудуди қалъа, ки  яке аз мавзеъҳои таърихиву қадимии маркази вилоят маҳсуб меёбад, эҳё гардида истодааст.

Қалъаи Хуҷанд дар тӯли садсолаҳо ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст. Ковишҳои археологии чанд соли охир ва ба даст омадани бозёфтҳои нодир нишон медиҳанд, ки воқеан ҳам қалъа дорои таърихи бой буда, ҳифзу нигаҳдории он барои муаррифии таъриху фарҳанг ва маданияти миллати тоҷик амри зарурӣ мебошад.

Тибқи нақша корҳои таҷдиду навсозӣ бо назардошти пешниҳодоти олимону таърихшиносон сурат гирифта, нишонаҳои таърихии ёдгории қадимӣ ҳифз карда мешавад.

Раиси вилоят аснои шиносоӣ ба масъулин ҷиҳати риояи пурраи унсурҳои таърихӣ дар вақти иҷрои корҳо, бо тарҳу ороиши хоса бунёд намудани иншооти ҳудуди қалъа ва ба мавзеи нотакрори сайёҳӣ табдил додани он супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh