Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров азнавсозӣ карда мешавад

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 –солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров азнавсозӣ карда мешавад. Дар ин бора имрӯз зимни муаррифии лоиҳаи таҷдиди иншооти фарҳангӣ иттилоъ дода шуд.

Муаррифии лоиҳаи таҷдиди Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имрӯз бо ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир гардид. Тавре таъкид карда шуд, бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғи мазкур азнавсозӣ гардида, барои истироҳату фароғати сокинон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Корҳои азнавсозӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалатии вилояту шаҳр ва саҳмгузории соҳибкорони ватандӯсту ободкор ба анҷом расонида шуда, боғи фарҳангию фароғатӣ туҳфаи хубе барои сокинони ноҳия дар соли таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлол хоҳад буд.

Дар ҳудуди боғ, ки 12 гектар масоҳат доштаву пурра азнавсозӣ мегардад, ташкили нишастгоҳҳо, ҳавзҳои гуногун, атраксиону фаввораҳо дар назар дошта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh