Паёми табрики Раиси вилоят ба муносибати Рўзи Модар

Модарон, бонувон ва хоҳарони азиз!

Дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи Соли нави аҷдодӣ тамоми бонувони иззатманди вилоятро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рўзи Модар самимона табрик гуфта, барояшон иқболи некў, толеи баланд ва рўзгори ободу осуда орзу менамоям.

Ҷашни давлатӣ эълон шудани Рўзи Модар гувоҳи равшани мақому манзалати баланди Зан-Модар дар ҷомеа мебошад, зеро чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, нақш ва мақоми зан дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ниҳоят бузург буда, нобиғаҳои олам дар назди зан сари таъзим фуруд оварда, таъкид кардаанд, ки зан офарандаи ҳаёт, эҳёгари зиндагӣ ва илҳомбахши рўзгор мебошад. Маҳз бо ҳалли масъалаи мақоми зан дар ҷомеа мо метавонем бунёди ҷамъияти устувор, боадолат ва ҳаматарафа тараққикардаро орзу намоем.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавқеи занон таваҷҷўҳи хоса зоҳир гардид. Пешвои миллат азму ирода ва масъулиятшиносии занонро ҳамчун нерўи бузурги ҷомеа арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки  мо бояд ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси 30-солагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдастарин гўшаву канори он боз ҳам ободу зебо гардонем.

Боиси таъкид аст, ки дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии Модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накўкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст. Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буда, ин рисолат раҳнамои рўзгори бонувони мост. Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занон худогоҳу бомаърифат бошанд.

Бо назардошти хусусиятҳои хоси фарҳанги оиладории шарқӣ, аз ҷумла суннату ойинҳои неки тоҷикон ҳар як модари тоҷик вазифадор   аст, ки   ҷиҳати ба   ҳаёти   мустақилона   омода намудани фарзандон, хусусан духтарон, дар вуҷуди онҳо парвариш додани эҳсоси баланди фарҳанги оиладорӣ ва иззуту эҳтироми ҳамдигарӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва сабру таҳаммул пайваста таваҷҷўҳ намояд.

Боварии комил дорам, ки занону модарони арҷманди мо ин рисолати азалии худро амиқу дуруст дарк намуда, барои татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандони огоҳу хушахлоқ, соҳибмаърифату донишманд ва ташаккули ҷомеаи ормонӣ ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд.

Бори дигар, ҳамаи Шумо, бонувони азизро бо ифтихори ин иди фархунда самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳативу бахту иқболи нек орзу менамоям. Бигзор, дилҳои Шумо ҳамеша монанди чашмаҳои ҷўшон поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошанд.

Идатон муборак бонувон ва хоҳарони азиз!

Add comment


Security code
Refresh