Ҳунар – сарчашмаи зар

Ҳунар беҳтарин ганҷина ва гиреҳкушои тамоми мушкилоти ҳар як инсон ба ҳисоб меравад. Хирадмандон ва бузургони мо ҳама ҷо ситоиши ҳунар мекунанд ва онро беҳтарин омили инсонӣ донистанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо, осоишта ва афсонавӣ буда, эълон гардидани солҳои 2019–2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бозгӯйи пешрафти муносибат дар ин самт, аз ҷумла, бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад. Амалӣ намудани нуктаҳо аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ метавонад, мақоми кишварро дар арсаи байналхалқӣ боло барад ва сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварро беҳтару хубтар гардонад. Акнун ба ин масъала диққати махсус дода шуда, тамоми ҳунармандон маҳсули эҷоди худро ба намоишҳо гузошта, озодона ба фурӯш монда, вазъи зиндагии худро беҳ месозанд.

Бояд ёдовар шавем, ки бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгириҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштироки фаъолонаи занону бонувони моҳир ва ҳунарманди вилоят дар фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои гуногун аз қабили “Дастархонороӣ”, “Сад ранги чакан”, “Ҷилваи рангҳо”, “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Беҳтарин хуришҳои миллӣ ва муосир” ва дигар чорабиниҳо бозгӯ аз бонувони ҳунарманд будани онҳо дарак медиҳад. Солҳои охир ба назар мерасад, ки дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст барои касбомӯзии ҷавондухтарон тадбирҳои хуб амалӣ карда мешаванд. Ин ба он мақсад равона шудааст, ки пешгирии оилавайроншавӣ байни ҷавонон коҳиш дода шуда, сатҳи бекории ҷавонон низ то андозае кам карда шавад. Бо вуҷуди чунин иқдомҳо ва пешрафти ҷомеаи мо ҳанӯз ҳам маҳалҳое боқӣ мондаанд, ки барои касбомӯзии ҷавондухтарон монеа пеш меоранд. Дар чунин маҳалҳо бештар одатҳои қадима боқӣ мондааст, ки дар мафкураи мардум ҷой доранд. Ба андешаи ин қишри ҷомеа, духтар бояд дар хона нишинад. Ин андешаҳо аллакай кӯҳна гардида, ба ояндаи ҷавондухтарон таъсири манфӣ мерасонанд. Инро ҳар як волидайн бояд донанд ва ба ояндаи фарзанди худ бетараф набошанд.

 Оид ба ин масъала ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ‐техникӣ” таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо татбиқи лоиҳа ёрии башардӯстонаи худро мерасонанд. Бо ин мақсад дар Ҷамоати деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан, ки бештари духтарон бекор мебошанд, як маркази ҳунаромӯзӣ бо номи “Кошонаи ҳунар” рӯи кор омад. Дар ин марказ ба ҷавондухтарон ҳунари пазандагиро меомӯзонанд, ки дар зиндагии ҳаррӯзаи оиладорӣ мисли боду ҳаво ба ҳар ҷавондухтар лозим мебошад. Ҳадафи марказ аз як ҷиҳат омӯзонидани ҳунар ба ҷавондухтарон бошад, аз ҷиҳати дигар бо роҳи касбомӯзӣ мехоҳанд пеши роҳи вайроншавии оилаҳои ҷавон гирифта шавад. Таҳлилу омӯзишҳо нишон доданд, ки дар ин ҷамоат мушкилоти сатҳи бекории ҷавондухтарон зиёд аст. Сабаби асосии ин омил фотеҳа ё номзад кардани духтарони мактабхон ва барвақт оиладор сохтани онҳо мебошад. Вақте духтари ҷавон касб ва ҳунар надорад, ӯ дар зиндагӣ ба мушкилоти зиёд дучор мешавад.

Ҳоло дар зиндагии ҳаррӯзаи мо тамоми корҳои хонаро арӯсон анҷом медиҳанд. Вақте арӯс ба пухтупаз ва омода кардани хӯрокҳо маҳорати хуб надошта бошад, ин боиси сар задани низоъ дар оила мегардад. Охири ин моҷаро то ба вайроншавии оилаҳо оварда мерасонад. Аз ин хотир, хуб мешавад, ки волидони ҷавондухтарон ояндаи фарзандони худро фикр кунанд ва онҳоро зуд фотеҳа ва барвақт оиладор насозанд. Ба ҷои зуд фотеҳа кардани фарзанд бояд ба онҳо касбу ҳунар омӯзонид, то ҳангоми хонанишинӣ низ даромаде дошта бошанд, ки ба эҳтиёҷоти худ сарф намоянд.

Дилфароз Ҷабборова – омӯзгори ҷавони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 дар Ҷамоати деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан роҳбарии гурӯҳи “Кошонаи ҳунар”‐ро бар ӯҳда дошта, барои ҳунаромӯзии духтарони маҳаллаш талош мекунад. Номбурда мегӯяд, ки аз сабаби доштани дониши паст ва ба итмом нарасонидани мактаби миёна духтарон дар зиндагӣ бештар ба зӯроварии хонаводагӣ дучор мешаванд. Вақте ҷавондухтар дар бораи ҳаёти мустақилонаи оилавӣ маълумот надорад ва соҳибҳунар нест, аз ӯҳдаи корҳои хона баромада наметавонад, албатта, бо мушкилот дар оила рӯ ба рӯ мешавад. Зуд‐зуд сар задани низои оилавӣ аз сабаби натавонистани кор боиси рӯҳан азоб кашидани ҷавонзанон мегардад. Аз ин гуна зан фарзанди носолим низ ба дунё омаданаш аз эҳтимол дур нест. Ин омилҳо метавонанд, то ба худкушӣ даст задани занони ҷавон оварда расонанд.

 Омори расмӣ нишон медиҳад, ки соли 2020 дар ин шаҳр шумораи ҷавонони бекор ба 1010 нафар расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019‐ум 170 нафар афзудааст, ки ин масъала боиси нигаронист. Дилфароз Ҷабборова иттилоъ дод, ки дар давраи аввал мо 20 нафар ҷавондухтаронро аз оилаҳои камбизоат ба касбомӯзӣ ҷалб карда, ба онҳо ҳунар меомӯзонем ва марҳала ба марҳала ҳунаромӯзиро байни ҷавондухтарон густариш медиҳем.

Ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ‐техникӣ” минбаъд низ баҳри дастгирии занону бонувони ҳунарманд ва омӯзонидани онҳо дар курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунаромӯзӣ кӯшиш ба харҷ дода, дар татбиқи чанд лоиҳаҳои муҳим оид ба ин мавзӯъ фаъолияти пурсамар хоҳад бурд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh