ВЕШАБУ НУСРАТИ ШАМСУ НАФАСИ ТАБРЕЗ АСТ....

Соли 2010 дар ҷараёни сафари кории хеш ба ноҳияи Айнӣ, ҳангоми зиёрати мазори мубораки Мавлоно Шамсиддин ибни Алӣ ибни Маликдоди Табрезӣ  дар деҳаи Вешаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии пурмуҳтавои хеш таъкид дошта буданд, ки: “Олимони моро зарур аст, ки дар муаррифӣ ва нашри осори гаронқадри ин бузургони миллат камари ҳиммат баста, осори пандомӯзу ибратбахши онҳоро дастраси мардум намоянд.

 

Албатта, бе таҳқиқи ҷиддии илмӣ дар бораи зодгоҳу оромгоҳи бузургону орифони пешин ҳукми қотеъона баровардан душвор аст, вале эътиқоду иродат ва муҳаббати самимонаи мардум, бегумон киштии умеду ормонҳост, ки дар баҳри туфонхези  рӯзгор онро ба соҳили мурод ва дарки ҳақиқат мерасонад”.

 

Воқеан, ҳамин иродату эътиқоди самимонаи мардум аз дергоҳи таърих аст, ки мазори мубораки ин рустои дурдасти кӯҳистонро ба Шамсиддини Табрезӣ нисбат медиҳад ва ҳамеша ба таъбири Пешвои миллат: “асрҳост, ки дармондагону ниёзмандон ин остони муқаддасро кӯи арзу ниёз ва макони ибодату зиёрат қарор додаанд”. 

 

Ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат дар ин суханрониву мулоқоти самимонаи хеш бо мардуми деҳаи Вешаб дар соли 2010 ба таъбири муриди ин хуршеди қаламрави ирфон - Мавлонои Балхӣ “оташе дар бешаи андешаҳо” афканд, то дар роҳи таҳқиқи бештари таърихи куҳани ин сарзамин ва талошу кӯшиш дар самти пешрафти корҳои ободониву созандагӣ иқдом намоянд. Эълони солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Пешвои миллат барои суръат бахшидани корҳои ободонӣ, созандагӣ дар ин рустои дурдасти кишвари азизамон такони ҷиддӣ бахшид.  Дар муддати бештар аз даҳ соли сафари кории Пешвои миллат ба рустои хушобуҳаво ва зебоманзари Вешаб тадбирҳои мушаххасе дар амри ривоҷи бунёдкориву созандагӣ афзун гардид, ки дар амри пиёда намудани чунин ҳадафҳои наҷиб ҳамеша Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ саҳми беандозаи хешро гузошта меоянд.  

 

Бо ҳадафи иҷрои ҳидоятҳои Пешвои миллат дар самти ривоҷи корҳои созандагиву ободкорӣ чанд сол қабл масъалаи бунёди  осорхона дар мавзеи мазори мубораки Шамси Табрезӣ ба миён гузошта шуд, ки ин ташаббус ҳамовозии гарме миёни сокинони деҳа ва парвардагони мактаби таҳсилоти умуми  рақами 13-и деҳаи Вешаб, ки дар гӯшаву канори кишвар ва берун аз он фаъолият доранд, пайдо намуд. Дар ҷараёни сафари кории худ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба рафти корҳои ободониву созандагӣ дар деҳа, хоса дар мавзеи мазори мубораки Шамси Табрезӣ ошно гардида, баробари манзури дастуру раҳнамоиҳо ташаббусҳои мардуми деҳаро дар ин ҷода самимона истиқбол карда, барои пешрафти корҳои мазкур мусоидат намуданд.

 

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ иқдоми мазкурро амри муҳим дар самти татбиқи барномаҳои бузурги давлатӣ ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат ба муносибати эълони солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ арзёбӣ намуда, бунёди осорхонаро туҳфаи арзанда ба ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон унвон карданд.

 

Дар муддати бештар аз як сол корҳои сохтмонӣ ва  бунёди осорхона ба анҷом расиданд. Дар навбати аввал бояд таъкид дошт, ки барои бунёди осорхона мавзее интихоб  гардид, ки дар он ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми деҳа ва  рустоҳои гирду атрофи он зимни сафари кории хеш мулоқоти самимона доир намуда, ҳидоят ва раҳнамоиҳои хешро манзур доштанд. Ҳамин тавр, дар остонаи таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди осорхона ба поён расид, ки дар кори сохтмони он зодагони ҳамин деҳа, ки дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд, Бӯстон, ноҳияи Зафаробод кору фаъолият доранд, саҳм гирифтанд ва дар раванди корҳои сохтмонӣ сокинони деҳа ширкати фаъол доштанд.

 

Басо рамзист, ки маросими ифтитоҳи осорхона мутобиқ ба таҷлили рӯзи Мавлонои Балхӣ дар Тоҷикистон, ки ҳамасола 30 - сентябр сурат мегирад,  дар таърихи 1-уми октябри соли равон ҷараён гирифт. Дар маросими ифтитоҳи он намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва  инчунин меҳмонони аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бӯстон, ноҳияҳои Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ ширкат варзиданд. Дар осорхона маводи фаровоне роҷеъ ба таъриху фарҳанги деҳа, аз ҷумла катибаву сангнавиштаҳо, васиқаҳо, кӯзаҳои бозёфта аз қалъаи куҳани канори деҳа, либосҳои куҳани мардумӣ, инчунин аксҳои таърихӣ, хоса аксҳо аз ҷараёни сафари Пешвои муаззами миллат ҳангоми зиёрат аз мазори Шамси Табрезӣ ва мулоқот бо мардум, тасвирҳои чеҳраҳои барӯманди диёр, силсилаи асарҳои таҳқиқотӣ оид ба Мавлонои Балхӣ ва Шамсиддини Табрезӣ, хоса асарҳои Пешвои миллат “Чеҳраҳои мондагор”, “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” ва монанди инҳо ба намоиш гузошта шуданд. Иштирокдорон изҳор доштанд, ки минбаъл барои боз ҳам такмил ёфтани маводи осорхона кӯмак хоҳанд намуд. Маҳфили илмиву адабӣ бахшида ба ифтитоҳи  осорхона дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ва ташкилӣ доир гардида, иштирокдорон иброз доштанд, ки ифтитоҳи осорхона як тадбири наҷиб ва туҳфаи бузург ба ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои ошноии бештари сокинону боздидкунандагон ва зоирин ба таъриху фарҳанги қадимаи деҳа, аз ҷумла, зиндагиномаи шигифтангези Мавлоно Шамсиддин Муҳаммад ибни Алӣ ибни Маликдоди Табрезӣ ва шогирди бузургашон Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва мероси маънавии ин ду қутби олами ирфон ва монанди ин  нақши муассир мегузорад.   

 

Нуралӣ НУРЗОД,
доктори илмҳои филологӣ, профессори
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh