САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ РУШДИ САЙЁҲӢ

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таи солҳои охир ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир гардида, як қатор ташаббусҳои созанда нисбат ба рушди соҳаи муҳими иқтисодӣ амалӣ гардидаанд. Дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бойи сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор намуда, таваҷҷўҳи сайёҳони хориҷа зиёд гардида истодааст.

Дар толори меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳриХуҷанд бо ҳамкории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби коршиносони соҳаи сайёҳӣ семинари омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи «Сайёҳии ҷамоавӣ - ҳамчун самти афзалиятноки рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар семинар намояндагони сохторҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ аз Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Қурбонов, Вазорати рушди иқтисод ва савдо Муҳаммади Шарифзод, мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов ва бахшҳои рушди сайёҳии шаҳру ноҳияҳо, ташкилоти ҷамъиятии сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони ВАО иштирок доштанд. Абдумаҷид Раҳимов – мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба чорабинӣ ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро хайрамақдам гуфт.

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо А.Солеҳзода дар мавзӯи «Афзалиятҳои миллии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» бо баромади визуалӣ тариқи шабакаи иҷтимоии интернет сухан ронда, аз бурду бохти соҳа ҳарф зад. Инчунин, намояндагони қишрҳои гуногун дар мавзӯъҳои «Чаҳорчӯбаи консептуалӣ барои сайёҳии ҷамоавӣ», «Нақши туризми ҷамоавӣ дар рушди миллӣ: омӯзиш аз Ҷопон», «Арзиши иқтисодии сайёҳии ҷамоавӣ», «Иқтидори сайёҳии ҷамоавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷолибият, фоида, бозори хидматрасонӣ…» андешаҳои хешро иброз доштанд.

Ҳадафи асосии семинари - омӯзишӣ баргузории ҳамоишҳо, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, таҳияи лоиҳаҳои хурд дар самти соҳаи рушди сайёҳӣ якҷоя бо шарикони рушд ва соҳибкорони маҳаллӣ масъулини шаҳру ноҳияҳо ва субъектҳои хоҷагидории соҳаи сайёҳӣ буда, бо гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ оид ба тақвияти сайёҳии дохилӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудан аст. Барои рушди соҳаи сайёҳӣ имрўз тамоми заминаҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ таъмин буда, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030-юм қабул, нақшаи амалӣ дар вилоят барои солҳои 2019-2022 тасдиқ ва дар ин самт корбарӣ идома дорад.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh