САНЪАТИ ВОЛОИ ТОҶИКОН

Барномаи консертии ҳунармандони Муассисаи давлатии ансамбли Шашмақомхонони «Нури Хуҷанд» бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 - солагии таъсисёбии ансамбл дар толори Қасри фарҳангии «Суғдиён» - и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Ровии хушсадо Аслам Каримов дар бораи достони муҳташами савту калом будани «Шашмақом», ки дар навоҳои он олитарин орзуву пиндорҳои неки аҷдодони мо таҷассум ёфтаанд, сухан гуфта, иброз дошт, ки беҳтарин шашмақомсароёни маъруф дар консерт ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Қобили қайд аст, ки “Шашмақом” қаблан аз дувоздаҳ мақом иборат буда, баъдан ба шаш мақом ҷудо шудааст, ки аз мақомҳои дугоҳ, рост, наво, сегоҳ ва ироқ иборат мебошад. Дар Самарқанду Бухоро «Шашмақом» аслан мусиқии дарбориён маҳсуб меёфт. Онро асосан шоҳону вазирон ва одамони сарватманд гӯш мекарданд. Хушбахтона, ин жанр то кунун обрӯву нуфузи худро нигоҳ дошта, маъруфият пайдо кардааст. Таронаи ин мусиқӣ дар бораи ишқу ирфон аст. Асосгузорони «Шашмақом» - ро дар Тоҷикистон, бешубҳа, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов ва Бобоқул Файзуллоев ном бурдан мумкин аст, ки барои устувор доштану равнақ бахшидани ин санъати волои тоҷикӣ хизматҳои шоён кардаанд.

Барномаи консертӣ бо оҳанги классикии «Ҷонон» дар иҷрои навозандагони ансамбл оғоз ёфта, навозандагону сарояндагон Ҷӯрабек Муродов, Бобошариф Шарифов, Бахтиёр Давлатов, Абдумавлон Дадобоев, Муҳаммадҷон Мирниёзов, Гулӣ Қулматова, Иномҷон Бобоҷонов, Муҳриддин Турсунбоев, Насиба Узоқова, Зулфия Маҳмудова, Абдумалик Турсунов, Шаҳриёр Саломов, Абдурасул Муъминов, Иномҷон Каримов тавассути суруду оҳангҳои марғуб дили иштирокдоронро шод гардониданд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳунармандон ёд аз устодони воломақом Содирхон Ҳофиз, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Акашариф Ҷӯраев, зафар Нозимов ва дигарон карда, сурудҳоро бо оҳангҳои «Сарахбори Ироқ», «Насри баёт», «Талқини муҳайяр», «Сегоҳи Содирхон», «Рафтам ба ҷустуҷӯят», «замини сахти кӯҳистон», «Қуи зебо», «Андеша кун» ва «Ҳафтзарб»-ро хеле бомаҳорат сароиданд, ки писанди шунавандагон гардид.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh