Китобҳои нав

«СИПОҲИ СУХАН»

Китоби нави шоири хушсалиқа и тоҷик Беҳрӯзи Забеуллоҳ «Сипоҳи сухан» тариқи нашриёти «ЭРграф»-и шаҳри Душанбе дастраси ҳаводорони шеъри муосири тоҷик гардид. «Сипоҳи сухан» маҷмӯаи ашъори шоир аст, ки ашъори ҳамосӣ, ғазалиёт, мухаммасот ва рубоиву дубайтии муаллифро гирд овардааст.

Беҳрӯз Забеуллоҳ рӯзноманигор, шоир ва адабиётшиноси маъруфи кишвар буда, то ин дам чанд китоби шеърҳояш нашр шудаанд. Соли 2020 китоби «Таҳаввули шакл ва муҳтавои назми тоҷик дар асри ХХ»-и Беҳрӯзи Забеуллоҳ, ки раванди таҳаввули назми тоҷикро баррасӣ мекунад, дастраси хонандагон гаштааст.

«НОМАЕ АЗ РОҲ»

«Номае аз роҳ» маҷмӯаи дувуми шоири ҷавон Сафар Абдураҳимов мебошад, ки тавассути матбааи «Ашӯриён»-и шаҳри Душанбе интишор шудааст. Китоб фарогири дубайтиҳои дар солҳои гуногун эҷод намудаи шоир мебошад, ки фарогири мавзӯъҳои мухталифи ҷомеаи муосир, муҳаббати Ватан, ишқ, садоқат ва ҷавонӣ мебошад.

«МАСъАЛАҲОИ МУБРАМИ ЖУРНАЛИСТИКАИ МУОСИР»

Нашриёти «Нури маърифат»-и шаҳри Хуҷанд китоби « Масъалаҳои мубрами журналистикаи муосир»-ро нашр намуд, ки маҷмӯаи мақолоти илмӣ оид ба журналистикаи муосир мебошад. Дар мақолаҳо вазъи матбуот, масъалаҳои дастрасӣ ба иттилоот ва риояи этикаи касбӣ, хусусиятҳои барномаҳои интерактивии воситаҳои электронии ахбор, ҷанбаҳои равонии муошират дар телевизион, нақш ва рушди анвои ҳаҷвӣ, ҷанбаҳои назарӣ ва самтҳои филологӣ дар мисоли маводи воситаҳои электронӣ ва чопии ВАО баррасӣ шудаанд.

Маводи маҷмӯа барои мутахассисони соҳаи журналистика, муҳаққиқон, унвонҷӯён, магистрон, донишҷӯён ва ҳамчунин намояндагони ВАО манфиатовар аст. Китоб бо ташаббуси устодони кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хучанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, зери назари мудири кафедраи мазкур Каримбой Комилов таҳия ва нашр шудааст.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh