Китобҳои нав

“КОЗУРПИСАР”

Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” “Козурписар”‐и Фитрати Зардӯзии Самарқандиро тариқи нашриёти “Хуросон”‐и шаҳри Хуҷанд ба нашр расонид.

Козурписар”‐и Фитрати Зардӯзии Самарқандӣ бо таҳия ва тавзеҳи Исмоил Саидов омодаи чоп шуда, яке аз маснавиҳои машҳур ба шумор меравад. Ин маснавӣ то кунун бо ҳуруфи сирилик ба хонандаи тоҷик пешниҳод нагашта буд ва бо номи “Толиб ва Матлуб” ҳам шуҳрат дорад. Маснавии мазкур баробари мавзӯи ишқӣ доштан, масоили гуногуни ахлоқӣ ва ирфониро низ фаро гирифта, “Козуписар” ягона асари барҷомондаи Фитрати Зардӯзии Самарқандӣ мебошад. Достон дар ҳаҷми 986 байт суруда шудааст. Муҳаррирони китоб номзадҳои илмҳои филологӣ Шарифҷон Тоҷибоев ва Баҳром Раҳматов мебошанд. Дар оғози китоб сарсухани Баҳром Раҳматов “Баҳси мухтасар дар аҳвол ва осори Фитрати Зардӯзии Самарқандӣ” роҷеъ ба рӯзгору осори адиб маълумоти мушаххас медиҳад.

Бо хати сирилик дастраси хонандагон шудани достони “Козурписар” ҳадяи хубест барои хонандагони тоҷик, ки имкон медиҳад бо ин асари шоири маҳбуб аз наздик ошно шаванд.

“ТО ҲОЛ,  ТО ҲОЛО”

Таҳти ин унвон маҷмӯаи шеърҳои шоири тоҷик Баҳром Раҳматзод тавассути нашриёти “Ношир”‐и шаҳри Хуҷанд нашр шуд. Маҷмӯаи “То ҳол, то ҳоло” китоби чоруми шоир ва муҳаққиқ Баҳром Раҳматзод мебошад, ки аз ашъори нави ӯ иборат аст. Дар ин маҷмӯа баробари ашъори нави шоир, ки қисмати бештари китобро фаро мегирад, намунаҳо аз китоби пешини ӯ низ ворид шудаанд, то танаввӯи ашъор ва рангорангии тахайюли бадеӣ риоя гардад. Китоб ашъори озоди иҷтимоиву ишқӣ, ғазалҳо, рубоиву дубайтӣ, соқинома ва дигар анвои адабиро дар бар гирифтааст. Ашъори озоди маҷмӯа дар бахши “Ман омадам”, ғазалҳо дар бахши “Марзи ғазал”, модарномаҳои ғамгин дар бахши “Намози дард”, рубоиву дубайтӣ дар қисмати “Чорҷилди дил” пешниҳоди хонандагон гашта, дар бахши охири китоб тарҷумаҳои ашъори шоирони гуногун, ки шоир тарҷума кардааст, оварда шудааст. Муҳаррири маҷмӯа Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона буда, бовар дорем, ки китоб дархури табъи алоқамандони шеъри ноби тоҷикӣ хоҳад буд.

“АХТАРИ АРМОН”

“Ахтари армон” китоби шоири ҷавон Меҳронаи Акрам аст, ки дар шумори силсилаи китобҳои нахустини адибони ҷавони кишвар таҳти унвони “Шукуфаҳои истиқлол”, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нашр мешавад, интишор шудааст. Китоби мазкур бо тавсияи Машварати ҷумҳуриявии омӯзишии адибони ҷавон дар шаҳри Хуҷанд (20‐25 майи соли 2021) интишор шуда, маҷмӯаи нахустини шоираи ҷавону умедбахш Меҳронаи Акрам мебошад. Ба китоб Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод пешгуфтор навишта, шеърҳои шоири ҷавонро самимӣ ва умедворкунанда унвон кардааст.

Шеърҳои “Ахтари армон” фарогири ишқу зебоиву мубарроист ва хонандаро ба меҳанпарастиву ватандӯстӣ раҳнамоӣ мекунад.

Сурайё ҲАКИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh