Таҷлили Иди Сада дар вилояти Суғд

28 январи соли 2023 дар вилояти Суғд Иди Сада бо риояи анъанаҳои милливу қадимӣ ва бо иштироки намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ тамоми сокинони вилоятро ба ифтихори фарорасии ҷашни бостонии Сада табрик гуфта, қайд намуд, ки ҷашни Сада яке аз ойинҳои куҳантарини мардуми тоҷик аст, ки баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид.

Таъкид карда шуд, ки ҷашни Сада ҳамчун Наврӯзи байналмилалӣ ҷузъи фарҳанги миллӣ ва ёдгор аз насли гузаштагони пурифтихори мост, ки инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, дӯстиву рафоқат, ҳамзистии осоишта ва амалу рафтори нек ҳидоят менамояд.

Ҷашни Сада дар қатори Наврӯзу Меҳргон аз ҷумлаи ҷашнҳои бузурги ниёгони шарафманди мо маҳсуб меёбад ва аз замони қадим ҳамчун оини пайванд бо табиат то имрӯз вуҷуд дошта, тайи чанд соли ахир тавассути иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукуҳу шаҳомати таърихии хешро барқарор намуд ва дар миёни мардум ҳамчун оини дорои арзишҳои баланди ахлоқиву маънавӣ ривоҷ касб намуд.

Раиси вилоят ҳамзамон аз растаҳои гуногун ва хаймаҳои идонаи шаҳру ноҳияҳо боздид намуд ва тавре мушоҳида гардид, намояндагони шаҳру ноҳияҳо барои таҷлили ҷашни миллӣ омодагии хуб дидаанд. 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh