БОЗЁФТ: МАҚОЛАИ ШАРИФҶОН ҲУСЕЙНЗОДА ВА АВВАЛИН НАҚДИ АДАБӢ ДАР РӮЗНОМАИ “ҲАҚИҚАТИ СУҒД”

Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд “Ҳақиқати Суғд” беш аз навад сол аст, ки дар тарғибу ташвиқи идеяҳои созандаи замон нақши бориз гузошта, дар ҳама марҳалаҳои фаъолияти хеш ба инъикоси ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву адабии давр таваҷҷуҳ намудааст. Инъикоси масъалаҳои адабӣ низ аз ҷумлаи муҳимтарин бахшҳои ин ҷаридаи соҳибном аст.

Имрӯз дар саҳифаҳои рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” маводи зиёд ва хонданиро дар мавриди адабиёт ва адбиётшиносӣ пайдо карда метавонем, ки ин албатта, идомаи анъанаҳои хуби рӯзнома мебошад.

Мунтазам нашр шудани саҳифаи адабии “Сафинаи Сайҳун”, ки шеъру ҳикоя, қиссаву новелла ва очеркҳои хонданиро нашр менамояд далели ин гуфтаҳо мебошанд.

Бояд гуфт, ки рӯзнома аллакай аз рӯзҳои нахустини нашри хеш ба масъалаҳои адабиёт, ба вижа тарғибу ташвиқи адбиёти миллӣ таваҷҷуҳ намуда, дар баробари нашри ҳикояву шеърҳои ҷолиб саҳифаи махсуси адабӣ дошт, ки бо номи “Адабиёт ва саноеи нафиса” нашр мешуд.

Ҷолиб аст, ки ин саҳифа тартиби шумораи хешро дошта, пайдарҳамии шумораҳо риоят мешуд. Ин омил бозгӯи он аст, ки ҳайати таҳририяи рӯзнома ба масъалаҳои адабиёт ва тарғибу ташвиқи он таваҷҷуҳ ва муҳаббати хос доштаанд. Шумораи нахустини ин саҳифаи адабӣ дар шумораи 1(61)‐уми рӯзномаи “Пролетари Хуҷанд“ санаи 7‐уми ноябри соли 1930 нашр шудааст. Бояд гуфт, ки рӯзнома то ин сана аллакай номи худро аз “Роҳи колхозчӣ” ба “Колхозчӣ” ва сипас ба “Пролетари Хуҷанд” иваз карда буд. Рўзномаи «Колхозчӣ» дар шумораи №60, дар саҳифаи чорум оид ба иваз шудани номи рўзнома ба «Пролетари Хуҷанд» ба хонандагон иттилоъ расондааст. Ин хабар дар охири саҳифа бо ҳуруфи нисбатан калон ва ороишоти фарқкунанда ба нашр расидааст. Дар ин хабар омадааст: «Хабардор бошед! Дар 7 ноябр дар рўзи иди сенздаҳсолаи Инқилоби Октябр дар Хуҷанд ба ҷои «Колхозчӣ» ба номи «Пролетари Хуҷанд» нумраи 1‐уми нахустин газетаи коргарӣ мебарояд.

Саҳифаи махсуси «Адабиёт ва саноеи нафиса» ҳам дорад. Идораи «Пролетари Хуҷанд». Ин хабарнома ва иттилоъ додан аз нашр намудани саҳифаи махсуси адабӣ аз мақом ва саҳми адбиёт дар рушди ҷомеа ва таваҷҷуҳи хонандагон дарак медиҳад. То поёни соли 1931, ин саҳифаи адабӣ дар 21 шумора ба хонандагон маводи адабӣ пешниҳод кардааст. Роҷеъ ба саҳифаи адабии “Адабиёт ва саноеи нафиса” мо муфассал дар китоби “Ҳақиқат аз равзанаи замон” (2022), ки таърихи рӯзнома ва нақши он дар ташаккули матбуоти тоҷикро бозгӯ мекунад, гуфтаем ва аз ҷумла дар ин китоб қайд шудааст, ки соли 1932 рўзномаи «Пролетари Хуҷанд» 17 шумора саҳифаи «Адабиёт ва саноеи нафиса»‐ро омода ва пешкаши хонандагон сохтааст. То моҳи июли соли 1933 ҳафт шумора саҳифаи вижаи адабӣ интишор шудааст.

Дар маҷмўъ, агар ба асноди дар дастдоштаи хеш такя кунем, метавонем натиҷагирӣ намоем, ки то 27‐уми июли соли 1933 дар рўзномаи «Пролетари Хуҷанд» 44 шумораи вижаи «Адабиёт ва саноеи нафиса» нашр шудааст. Чуноне ки мебинем, саҳифаи адабӣ шумораи тартибии худро дошта, моҳе як маротиба нашр мешавад. Рақамгузории сисилавии ҳар шумора ва дар солҳои гуногун риоя шудани тартиби шумораи интишори саҳифа далели он аст, ки солҳои 1931‐1933 ин саҳифа мунтазам нашр шудааст. Омўзиши маводи саҳифаҳо маълум месозад, ки ин саҳифа ба хотири тарғибу ташвиқи адабиёт ва тарбияи насли нави шоирону нависандагон роҳандозӣ шудааст.

Албатта, таҳлилу баррасии мӯҳтавои саҳифаи адабии “Адабиёт ва саноеии нафиса” дар солҳои аввали нашри рӯзнома омӯзиши муфасслу ҷудогонаро тақозо мекунад. Ин ҷо мехоҳем роҷеъ ба як мақола, ки дар шумораи 7(27)‐уми саҳифаи адабии “Адабиёт ва саноеии нафиса” дар шумораи 23(211) “Пролетари Хуҷанд” санаи 25‐уми марти соли 1932 нашр шудааст, маълумот диҳем. Мақола ”Дар роҳи санъати бузурги сотсалистӣ” унвон дошта, муаллифи он Ш.Ҳусейнзода мебошад.

Муҳтавои он таҳлилу баррасӣ ва нақди кӯтоҳе ба саҳифаи адабии “Адабиёт ва саноеии нафиса” аст. Дар соли дувуми нашри хеш ба риштаи нақд кашида шудани фаъолияти адабии рӯзнома ва саҳифаи адабии он аз ҷониби муҳаққиқон гувоҳ бар он аст, ки воқеан ҷарида дар тарғибу ташвиқи илму адаб саҳми арзанда доштааст ва имрӯз ҳам ин рисолатро сарбаландона ба ҷо меорад.

Суоле ба миён меояд, ки оё ин мавод дар ҳақиқат ба қалами Шарифҷон Ҳусейзода (1907‐1988), адабиётшиноси маъруфи тоҷик тааллуқ дорад?

Дар поёни мақолаи “ Дар роҳи санъати бузурги сотсиолистӣ” муаллиф “Ш.Ҳусейнзода, Тошканд” оварда шудааст. Агар бо такя ба ин нукта, ки фаъолияти мунаққидии Шарифҷон Ҳусейнзода поёни солҳои 20‐ум ва аввали солҳои 30‐юм оғоз шудааст, ба ин масъала таваҷҷуҳ кунем ва Тошканд ишора шудани макони таълифи маводро ба эътибор гирем (Ш. Ҳусейнзода маълумоти олии касбиро дар Тошканд соли 1931 факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна ба забонҳои ӯзбекӣ, тоторӣ ва русӣ) фаро гирифтааст ва муддате дар ин даргоҳи дониш дарс гуфтааст. Ба гумони ғолиб метавонем гӯем, ки ин навишта ба қалами Шарифҷон Ҳусейзода адабиётшиноси номвари тоҷик тааллуқ дорад.

Нашр шудани мақолаи устод Шарифҷон Ҳусейнзода дар саҳифаи рӯзномаи “Пролетари Хуҷанд” (ҳоло “Ҳақиқати Суғд”) ва нақд шудани муҳтавои адабии саҳифоти рӯзнома бозёфти ҷолибест, ки пас аз 90 сол дастраси мо шуд. Мақола дар шумораи ҷашнии рӯзнома, ки бахшида ба дусолагии таъсиси он нашр шудааст, интишор шудааст. Шарифҷон Ҳусейнзода дар солҳои баъдӣ низ ҳамкории хешро бо рӯзнома идома дода, силсилаи мақолаҳои устод дар саҳифаҳои рӯзнома дарҷ шудаанд.

Дар ин мақолаи хеш Шарифҷон Ҳусейнзода зимни баррасии мавзуъ аз мақом ва мавқеи рӯзнома ҳарф зада, таъкид менамояд, ки адабиёти пролетарии тоҷик ба муваффақиятҳои беназир ноил шуда, рӯзномаҳои дар ин марҳала дар дохили мамлакат нашршаванда ҷавонони боистеъдод доранд. Ш.Ҳусейзода аз ҷумла қайд мекунад “яке аз иҷрокунандагони ин вазифаи бузург, бешубҳа, рӯзномаи “Пролетари Хуҷанд” мебошад.

Саҳифаи адабии рӯзномаи “Пролетари Хуҷанд” хидматҳои лоиқу сазоворро иҷро карда меояд вай дар натиҷаи сиёсати адабии партияи болшевикӣ ба атрофи худ аз фарзандони коргару колхозчиён кадрҳои нав шоирони пролетарӣ набор карда, дар соҳаи адабиёти пролетарии тоҷик ба урдуи пурқувват мубаддал мешавад. Ӯ ба ин муваффақиятҳо дар натиҷаи муборизаи синфӣ ноил шудааст”. Ба таъкиди мунаққид, шоирон ва нависандагоне, ки дар соҳаи адабиёти пролетарӣ хидмат мекунанд, дар саҳифаҳои адабии ин рӯзнома бо силоҳқалами худ муборизаи шадид ва қаҳрамониҳои бемисл нишон додаанд. Албатта, таҳлилу баррасӣ ва нақди муаллиф аз нигоҳ ва диду назару боварҳои хоси замон сурат гирифтааст ва Ш.Ҳусейзода ба ин нукта ишора мекунад, ки “саҳифаи адабии “Пролетари Хуҷанд” дар давоми таърихчаи кӯтоҳ барои иҷрои вазифаи бузурги пролетарӣ ҷонбозӣ карда, вазифаи худро таъин карда тавонист”.

Дар баррасии кӯтоҳи хеш муаллиф аз шеъри Раҳим Ҷалил ва истеъдоди хуби ҷавони навҷӯ ёдрас шуда, ҷӯшу хурӯши зиндагии созандаро дар сатрҳои шеъри муаллиф тавсиф мекунад. Ш.Ҳусейнзода бо таъкиди ин нукта, ки рӯзнома ҳадаф ва мақсадҳои дурустро пеш гирифта, барои ноил шудан ба ин мақасдҳо талошҳои созанда дорад, аз баъзе камбудиҳо низ ёдрас мешавад. Аз ҷумла муҳаққиқ пурқувват намудани ғояи коммунизмро дар маводи адабӣ муҳим шуморида ишора мекунад, ки “санъати пролетарӣ дар торихи ҷамъияти башар санъат ва адабиёти сотсиолизмро бунёд намуда истодааст. Ин санъат ва адбиёти бузург сотсиолизмро бе назариёти фалсафии мо комунизм – ленинизм тасаввур кардан мумкин нест”.

Адабиётшинос таъкид мекунад, ки адабиёт ва санъати бузург бе идея бузург нахоҳад шуд. Камбудии дигаре, ки муаллиф бар он ишора дорад, дар вақти тасвир кардани як ҳодисаи иҷтимоӣ ва ё як воқеа танҳо ағлабаи ҳамон ҳодиса дар воқеаро баён намудан, яъне моҳият ва маънои ҳақиқати ҳодисаро мукаммал эзоҳ ва баён накардан мебошад. Дар баробари ин Шарифҷон Ҳусейнзода таъкид мекунад, ки “дар пеши рӯзномаи “Пролетари Хуҷанд” боз вазифаи муҳим ва ҷиддӣ истода аст, ки ӯ оммаи ҷавонони меҳнаткашро идеяи зиракии давраамон мусалаҳ намояд.” Муҳаққиқ аз хидматҳои шоистаи рӯзнома дар тарғибу ташвиқи адабиёт сухан карда, қайд мекунад, ки “ба воситаи адабиёти нафис қарору дерективи Партияи коммунистиро иҷро кардан, дар байни мардумон тарбияи васеи сотсиолистиро ҷорӣ карда, онро ба фаъолони ҷамъияти бесинф мубаддал кардан вазифаи имрӯза” мебошад.

Бешубҳа, нақд шудани маводи адабии рӯзнома аз ҷониби Шарифҷон Ҳусейнзода гувоҳи он аст, ки дар он солҳо рӯзнома рисолати хешро содиқона ва дар сатҳи баланд иҷро намуда, дар баробари инъикоси паҳлуҳои гуногуни ҳаёт дар тарғиби адабиёт саҳми арзанда гузоштааст. Таҳлилу баррасии маводи рӯзнома аз ҷониби муҳаққиқи саршиноси тоҷик, шодравон Шарифҷон Ҳусейнзода аз нуфуз ва эътибори ҷарида дар рушди адабиёти давр башорат медиҳад.

Мақолаи Шарифҷон Ҳусейнзода ”Дар роҳи санъати бузурги сотсалистӣ”‐ро аз мақолаҳои бозёфтии адабиётшиноси маъруф, ки дар оғози фаъолияти илмии хеш иншо намудааст ва то кунун дастраси аҳли назар набуд, шинохтан мумкин аст.

Сурайё ҲАКИМОВА,

номзади илмҳои филологӣ,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh