Ҷуз ишқи Ватан дар дили мо чизи дигар нест

Андешаҳо перомуни шеъри ватанхоҳонаи Нусратулло Бобоев

 “Шеър фарзанди андеша ва ғояҳои баланди инсонист, ки пироҳани муҳаббату  эҳсосот ба бар дорад”,- мегӯяд Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло. Воқеан, шеър парвардаи андешаву тафаккури бикр ва нигоҳи зебои шоир аст. Шоир низ ҳамеша аз гуфтани шеър марому мақсуди хешро дорад ва ин ҳадафҳо метавонанд гуногун бошанд ва ба қавли Камол Насрулло “ҳадаф аз гуфтани шеър метавонад зиёд бошад. Ҳадафи худшиносии миллӣ, ҳадафи ангезишҳои маънавӣ, ҳадафи ҳифзи табиат, одамиву одамгарӣ, ҳадафи тафоҳуми башарӣ”. Шоир бо бардошт аз ҷаҳони муосир бояд ҳамин ҳақиқати зиндагиро дарк ва онро бо шаклу шеваи муассир бо хонандаи хеш интиқол диҳад. Созиши эҳсосу андеша бо пироҳани тасвир дар шеъри ватанхоҳона аз шоир ҳунар, салиқа ва истеъдоди вижаро тақозо мекунад, зеро тараннуми муҳаббати Ватан бо нозуктарин ва ҳамзамон қавитарин торҳои эҳсоси инсонӣ сару кор мегирад. Ба вижа, дар марҳалаи кунунӣ, ки Тоҷикистони азиз баъди ҳазорсолаҳо Истиқлоли давлатии хешро ба даст овард. Дар ин марҳала Ватан ва худшиносии миллӣ бо ҷилои тоза ба шеъри муосири тоҷикӣ раҳ ёфт ва тараннуми Ватан, изҳори муҳаббат ба сарзамини хеш дар шеъри муосир мавқеи баландтареро касб кард.

Соҳиб шудан ба давлати ободу озод адибонро илҳоми тоза бахшид, то фарҳангу тамаддун ва  таърихи миллати худро бо  ифтихори баланди миллӣ беш аз пеш тараннум созанд. Каримҷон Қодиров ба ин маънӣ ишора карда, ёдрас мешавад, ки:  “Шеъри васфи Ватан як фасли дурахшони назми тоҷик аст, ки дар гузашта ва имрӯз арзиши бебаҳо дорад, зеро маҳз тавассути он ғояҳои ватандӯстӣ, сидқу вафо, вафодорӣ, ифтихори миллӣ, муттаҳидӣ ва оромии ҷомеа тасвир меёбад”. Ин муҳаққиқ таъкид менамояд, ки: “маҳз дар шароити Истиқлоли миллӣ мавзӯи ватансароӣ ба тафаккури миллӣ, тарбияи худогоҳиву худшиносӣ мусоидат менамояд ва баҳри устувор гардидани арзишҳои миллӣ, заминаҳои ваҳдату ҳамбастагӣ, дарки дурусти манфиатҳои гуногуни иҷтимоӣ омили муҳими рушд ва инкишофи давлату давлатдорӣ мегардад. Алалхусус, ифтихори миллӣ заминаи муҳими барандаи арзишҳои умумиинсонӣ аст, ки муҳаббат ба Ватан таҷассум меёбад, зеро амалия ва назарияи “ифтихори миллӣ” бо истилоҳи ватандӯстӣ ҳаммаъно аст”.

Муҳаббати Ватан аз худшиносӣ сарчашма мегирад ва худшиносии миллӣ дар адабиёти тоҷик чунон ки Рустами Ваҳҳоб қайд мекунад: “яке аз муҳимтарин мавзуъҳо ва ҳамчунин муҳимтарин рисолати адабиёти воломақоми форсии тоҷикӣ мебошад, ки аз нахустин даврони пайдоиши он то кунун, сарфи назар аз афкору ақоид, сиёсатҳои иҷтимоӣ, инқилобҳои таърихӣ ва буҳронҳои маънавии гуногун меҳварияти худро дар матни афкори адабӣ ё худ фалсафаи адабиёт ҳифз намудааст”.

Ин аст, ки имрӯз дар замони соҳибистиқлолӣ адибон, шоирону нависандагон ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллиро бештар дар ниҳоди худ сабз намуда, дар  тавсифи марзу бум бо муҳаббати зиёд сухан мегӯянд. Ба қавли устод Худоӣ Шариф: «мавзӯи Ватан аз баҳсҳои доимии шеъру адаб аст ва ҳарчанд дар тӯли асру замонҳо маънои он ба тағйиру таҳаввуле дучор шудааст, моҳияти он - дӯст доштани Ватан ва муҳофизати он кам тағйир ёфтааст. Роҳҳои баёни ин мавзуъ хеле гуногун мебошанд ва шоирони мо ҳам ҳар яке онро бо роҳу равиши хос, баробари донишу салиқаи сухани худ гуфтаанд .

Нусратулло Бобоев (Тилло) аз зумраи  шоиронест, ки  дар ашъори ӯ тараннуми Ватан ва худшиносиву худогоҳии миллӣ ҷойгоҳи бештар дорад. Шоири ватансаро бо диду нигоҳи тоза ба олами шеъру адабиёт ворид шуда, ба ҳадди камол расида, дар шеърҳои хеш ҳаёту зиндагиро бо ҳама бурду бохт инъикос мекунад ва ба риштаи тасвир мекашад. Шеъри дилнишини шоир дар каломи бадеъ маъво гирифта, дар қолабҳои гуногуни  шеърӣ пешниҳод мешавад, ки аз маҳорати нигорандагии шоир дарак медиҳад.

Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона дар пешгуфтори китоби Нусратулло Бобоев “Лолаи боми Ватан” (Душанбе, 2021) қайд мекунад, ки: “сухани Нусратулло монанди сухани касе нест: басе ҷонсӯзу ҷонсозу равонгудоз, басе муҳаббатомӯзу муҳаббатафрӯз”. Ва воқеан ҳам чунин аст ва шеърҳои ватанхоҳонаи шоир ҷонсӯзу ҷонсозтаранд.

Ҷуз ишқи Ватан дар дили мо чизи дигар нест,

Мо ошиқи номи Ватан астем, ҳамин бас.

Ҷозиба ва ҷилваи шеъри ватанхоҳонаи шоир дар он аст, ки  эҳсоси гарми ватандӯстӣ калима ба калима, таркиб ба таркиб  баёни зебо пайдо мекунад:

Ассалом, замини бобоӣ,

Зодгоҳи саодатам Ворух!

Модари чашм бар раҳи фарзанд,

Чашмасори муҳаббатам Ворух!.

Аслан, ҳамеша шоирон дар тараннуми Ватану ватандӯстӣ аз ҷузъ ба кулл мераванд ва бо тасвироти нозуку хаёлпарвар моро ба хурдтарин ҷузъиёти ватандорӣ ошно месозанд. Мафҳуми Ватан барои Нусратулло аз остонаи хонаи падар, аз зодгоҳ - Ворухи азизаш оғоз меёбад. Вақте шоир “Ворух мегӯяд, дар оинахонаи шеъраш ҳама рустои худро мебинанд, гузару маҳаллаву ошёни ҷонпайванди худро, марзу буми аҷдодии худро ҷузъи азизи Ватанро, ки оинадори кулли Ватан аст”. Вақте шоир “Оҳ, бар ҳар манзари Ворух дилам гум мезанад” мегӯяд, аз муҳаббати Тоҷикистони азизаш сухан оғоз мекунад:

Оҳ, бар ҳар манзари Ворух дилам гум мезанад,

Аз сараш то охири Ворух дилам гум мезанад.

Шеъри ӯ тарғибгари ғояҳои дӯстию ҳамдилӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ормонҳои миллии халқи тоҷик аст, ҳар мисраи шеърҳои шоир ободиву озодии Тоҷикистонро таҷассум менамояд. Шоир ба ситоиши сулҳу дӯстӣ, арҷгузорӣ ба Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, тараннуми баҳору Наврӯз, таваҷҷуҳи бештар дорад ва бо маҳорати хос ин ҳамаро хеле самимӣ ба риштаи тасвир мекашад:

Наврӯзи нав омад ба диёри куҳанам,

Аммо мани бебаҳор дур аз Ватанам.

Ҳиҷрони Ватан, тараннуми сарзамини аҷдодӣ  дар ҳама анвои шеъри шоир ҳузури ҳамешагӣ дорад. Қисмати зиёди ашъоре, ки ба васфи Ватан бахшида шудаанд, ба гиромидошту арҷгузории Тоҷикистони муқаддаси мо бахшида шудаанд:

Тоҷикистон, Тоҷикистон,

Модари раҳинтизорам!

Ман туро аз дурҳо бо ҳасрату оҳ

Ёд хоҳам кард.

Аз барат рафтан намехоҳам,

Вале, афсӯс, маҷбурам,

Баски дуриихтиёрам, дор маъзурам.

Аъшори шоири ватансаро хонандаро бар ин андеша мӯътақид месозад, ки дӯст доштани Ватан дар дил аст. Ватан танҳо марзе нест, ки мо имрӯз дар он зиндагӣ мекунем, Ватан мероси арзишҳои маънавии гузашта аст, ки аз ниёгон ба мо расидааст ва арҷгузорӣ ба ин мерос вазифаи муқаддаси мост. Дар шеъри “Дарди ишқ” мо ҳамин ғоя ва муҳаббати шоирро дарк мекунем. Шоир дарди ишқи хешро ишқи Ватан ном мениҳад:

Дарде азобам медиҳад шабҳо,

Аз шиддати ин дард хобам нест,

Эй вой, тобам нест...

Бемориям сахт асту сангин аст,

Музмин шуда дигар.

Ташхисгарҳо номи дардамро

Гуфтанд бо лабханд:

-Ин “Тоҷикистон” аст.

Аслан, рисолати адабиёт ва ҳунар бозтобу тараннуми симои ҳақиқии миллат, сарзамин ва шахсиятҳои барҷастаи маънавӣ мебошад. Гиромидошт ва ҳимояти ҳамин арзишҳо дар шеъри Нусратулло Бобоев бо ифтихори баланд ва нангу номуси миллӣ тасвир шудааст:

Гузаштанҳо зи ҳад бигзашт, бас дигар гузашти мо!

Набояд дӯзахие по гузорад бар биҳишти мо !

Ватан бо табиати зебову нозанин, кӯҳсори сарбаафлоккашида боғу бӯстони пурнеъмат, чашмаҳои ҷӯшону дарёҳои хурӯшонаш шоирро илҳоми тоза ба тоза медиҳад.

Шоири пурҳунар  меҳру муҳаббати хешро ба василаи каломи дилошӯбу пуртаъсир тасвир менамояд:

Мо ҳама аз Тоҷикистонем,

Реша-реша, барг-баргу шоха – шоха,

Аз дарахти ишқбори Ориёнем.

Зимнан гуфтанист, ки тараннуми Ватан, ҳифзи марзу бум  ва худшиносии миллӣ дар шеърҳои шоир ҳамҷоя бо маҳорати баланди эҷодкориву ҳунарӣ эҷод шудаанд. Тахайюли  шоир фароху пурғунҷоиш буда, Ватан бо ҳама бузургию шаҳомати худ дар шеъри  шоир маъво гирифтааст, ки мегӯяд:

Ба ғайри ишқи Ватан набвадам ҳавои дигар,

Ки ғайри он ҳама ишқе ҳавову ҳавас аст.

Мусаллам аст, ки дар замони Истиқлол Ватан дар ашъори шоирони муосир моҳиятан хусусияти миллӣ касб намуд ва ба зодгоҳу диёри мушаххас иртибот пайдо намуд. Тахайюли ғайриинтизори шоир дар шеъри “Саломи видоъ” муассирии шеърро таъмин намудааст. Шоир ҳангоми сафар ба Ватани азизи хеш чун модари азиз муроҷиат мекунад ва дуои сафар мепурсад:

Тоҷикистон, Тоҷикистон,

Модари зори мусофирбаччагон!

Боз як фарзанди ту азми сафар дорад,

Рӯй бар шаҳри дигар дорад.

Бӯса кун пешонияшрову дуо деҳ,

То ба манзил дар расад ӯ.

Бе шикасту рехт, бе осебу озор.

Як дуо деҳ,

То Худо бошад нигаҳдораш,

То Худо бошад мададгораш. 

Дар ашъори шоир тасвири деҳаи азизаш - Ворух манзараҳои он, кӯҳу чашмасор, марғзору лолазори Ватан дар алоқамандӣ бо масоили иҷтимоиву таърихӣ ба манзари тасвир кашида шуда, мафҳуми Ватан ва диёру зодгоҳ дар онҳо пора-пора ва ҷузъ-ҷузъ ташреҳ меёбанд:

Исфара, эй боғи шоирбор,

Эй дарахти сабзтар аз арчаҳои кӯҳсор!

Барг- барги шеъри ту шеъри баланд аст,

Зарра- зарра хоки ту шеър аст,

Қатра- қатра оби ту шеър аст,

Шеъри дилписанд аст.

Чуноне ки зикраш рафт, Ватан дар шеъри Нусратулло Бобоев  мафҳумҳои густурдатарро дар бар мегирад,  ки аз забон, таърих, тамаддун оғоз гирифта, ба табиат, рӯду кӯҳистон, дашту саҳрову одамон интиқол меёбад. Мулоҳизаи ватанхоҳонаи шоир бо дарки эҳсоси масъулият аст. Сухани шоир ифтихори хушку холӣ нест:

Эй Тоҷикистонам!

Дарди ту бо ман то даруни гӯр хоҳад рафт,

Дарди туро ман то даҳони гӯр хоҳам гуфт.

Бо дардҳоят андаруни гӯр хоҳам хуфт .

Ҷолиб он аст, ки сабки баён дар шеърҳои шоир печида ба ибҳому маҷозу таркибот нест, забони шеъри ӯ сода аст, аммо дар ин содагӣ маъниву тасвирҳои ҷолиб ва хотирмон бозтоби зебои хешро пайдо кардаанд. Шеърҳояш бо он, ки зодаи тахайюли шоир аст, аз ҳақиқати иҷтимоӣ холӣ нест. Ва бозтоби ҳақиқати зиндагӣ дар нигоштаҳои ватанхоҳонаи шоири хушбаён бештар ба назар мерасад. Чуноне ки Муҳаммадалии Аҷамӣ қайд мекунад: “ҷараёни андеша, фикр ва тафаккури шоир агар бар калимот, тасвир, ранг, маъно, ибҳом, маҷоз... мусаллат бошад, ин ҷараён метавонад дар вуҷуди шеър, дар тамоми шеър худнамоӣ кунад”. Ҷараёни фикр, тафаккур ва ҳунари тасвиргарии шоир дар шеърҳо равшан ҳувайдост. Андеша ва баёни равон дар шеъри шоир “бесактаву ҳамвору хушобу мубаррост”. Воқеан, истифодаи забон дар шеъри шоир ҳунармандона ҷараён гирифтааст. Шоир истифодаи дурусти вожаҳоро медонад, вусъати истифодаи калимот дар шеъраш аз огоҳии комили шоир дарак медиҳад. Дар шеър забони зиндаи мардум ҳузури фаровон дорад, чунончӣ:

Аз дилат гар то Самарқанд аст роҳе,

Дар дилат гар аз Бухоро ҳаст оҳе,

Кардаӣ ба Сӯх агар боре нигоҳе,

Дарди маро баъд мефаҳмӣ.

Дар шеърҳои маҷмӯаи ашъори шоир мо садоқат ба суннатҳои деринаи адабиётро эҳсос мекунем, аслҷӯиву аслпарастии ӯ дар ҳунари шоир ва имконоти шеър шоистаи тавсиф аст. Равиши баён дар шеър аз нигоҳи хос ва муҳаббати шоир ба мавзӯи Ватан дарак медиҳад. Истиқлоли назари шоир дар ин радиф низ сутуданист. Шоир ба мавзуъҳои умдаи миллат ва сарзамин дидгоҳ ва хулосаҳои хешро баён месозад ва ин нуқтаву назарҳо ба афкори кулл мубаддал мешавад, зеро ҳарфи дили хонанда аст.

Бо итминон метавон гуфт, ки шеърҳои дар мавзӯи Ватан ва ифтихори миллӣ сурудаи шоири хушзавқ ва боистеъдод Нусратулло Бобоев аз меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба Ватани азиз оғоз шуда, шоир аз дӯстдориву муҳаббати беканораш нисбат ба меҳани  азизаш илҳоми тоза ба тоза мегирад. Дарки моҳият ва асли афкори шеърҳои ватанхоҳонаи ӯ бозгӯи он аст, ки ба шеърҳои шоир нигоҳи дақиқ ва ҳисси баланди шоирона таъсири мондагор мегузорад. Нигоҳи хос, бозёфтҳо ва бардоштҳои нав ба шеъри шоир рӯҳ мебахшанд.

Шоир дар заминаи баёни масоили иҷтиомӣ низ тараннуми ишқи Ватанро пешорӯи хонанда мегузорад, ки аз тасвир ва ҷанбаҳои ҳунарӣ шодоб аст. Муносибати мантиқӣ ба мӯҳтавои баёншаванда, ки бо эҳсоси баланд пайванд дорад, хеле ҷолиб аст. Нигаҳ доштани фасоҳати калому балоғати сухан аз зарфияти ҳунарии шоир башорат медиҳад. Муҳимтар аз ҳама тараннуми Ватан, марзу бум, миллат, худшиносии милӣ самимист ва лабрези эҳсос ва тафаккури пойдор.

Сурайё ҲАКИМОВА,

номзади илмҳои филологӣ

Add comment


Security code
Refresh