Меҳвари қонун: ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ
- Details
- Published on Tuesday, 09 July 2024 10:31
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тағйиру иловаҳои нав санаи 20-уми июни соли 2024 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонида шуд ва пас аз тариқи расонаҳо ба таври расмӣ интишор гардидан мавриди амал қарор гирифт. Шарҳи моддаҳои қонунро мутолиа намоем, бархе маросим, балки маросими хеле зиёди серхарҷ, ки дар маъракаҳо дида мешуданд, хеле ихчам, камхарҷ гардонида шудаанд, ки ин, албатта, ба фоидаи пешбурди рӯзгори аҳли ҷомеаи кишварамон мебошад. Танҳо дар маъракаи гузаронидани тӯйи арӯсиву домодӣ ташкили чандин маъракаҳо манъ карда шудаанд, ки барпо кардани ҳар яки он барои оилаи эҳтиёҷманд ташвишу хароҷоти калон буд.
Дирӯз як нафар ҳамсояамон, ки дар бинои истиқоматии баландошёна чандин сол инҷониб дар ҳамсоягӣ зиндагонӣ дорем, ба набераи духтариашон арӯс ёфт. Ҷавону духтар ҳамдигарро дида, маъқул карданд. Волидон аз чунин рӯбарӯшавии ҷуфти ба ҳамдигар муносиб хеле шод гаштанд. Вале, маъракаҳои тӯйро ҳисобу китоб намуда, он ҳамсояамон ба фикр фурӯ рафта монд.
Охир зану шавҳари наздик ҳафтодсола ҳарду нафақахӯр ҳастанд. Шароити оилаи онҳо чунин аст, ки дар як манзили чаҳорҳуҷрагӣ бо ду писару ду келину шаш набера, ҳамчунин духтари аз шавҳараш бо ду писар ҷудо гаштаашон, яъне ҷамъ понздаҳ нафар истиқомат доранд.
Аз ин ҷост, ки барои онҳо, ба қавле, гузаронидани як маъракаи нону қанд низ, ҳарчанд бо иштироки чаҳор-панҷ нафар гузаронида шавад ҳам, бо харидҳояш-сабадороиву табақороиву туҳфаомодакуниву дигар ташвишҳояш хароҷоти калон маҳсуб меёфт. Вақте ба ӯ фаҳмонидам, ки қонун қабул шудаасту минбаъд гузаронидани ҳамаи ин маъракаҳои серхароҷоту беҳуда манъ гардидааст, аз шодмонӣ гуфт -оё ин дар ҳақиқат рост аст, ҳатто бовариам намеояд… Акнун тӯйро бо хотири ҷамъ сар мекунем…
Чунин оилаҳое, ки шароити рӯзгорашон вазнин аст ва эҳтиёҷманданд, имрӯз дар ҷомеаи мо кам нестанд. Бахусус, дар деҳоти дуру наздики кишвар ва тибқи қонун манъ шудани аксари маросими зиёдатии маъракаи тӯй ва ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳуқуқӣ кашида шудани вайронкунандагони қонун дар байни ҷомеа рӯҳияи ризомандиву хушнудиро ба миён овард.
Ин ҷо гуфтан месазад, ки дар муҳити хонадон дар мавриди барпо намудани ин ё он маърака нақши бонувон хеле калон аст. Муҳобот намешавад, гӯем, ки муҳити оиларо дар аксар мавридҳо занон идора мекунанд. Инак, Қонуне, ки риояи ҳатмии камхарҷу ихчамкунии маъракаҳоро талаб мекунад, қабул гардид.
Акнун зарур аст, ки комиссияҳои доимоамалкунанда дар маҳалҳо ҷиҳати риоя намудан ба қонун бояд назоратро пурзӯр намоянд, то ки пеши роҳи зиёдаравиҳо гирифта шавад. Имрӯз ҳамааш дар дасти худамон аст, рӯзгорамонро орому осуда намудан ва ё тӯйи бодабдаба оростану фардо ночор мондан.
Дар ёд дорам, ҳангоми айёми ҷавонии мо, яъне солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми асри гузашта ба шавҳар додани духтар аз волидон ташвишу тараддуди зиёдеро талаб мекард. Яъне ба ҷиҳози духтар аз сӣ сар карда, то ҳаштод-сад адад пироҳан медоданд. Бечора шодравон модарам баҳри шаш нафар фарзанд, ки паси ҳам ба хонадоркунӣ тайёр мешуданд, фикрашон фақат сандуқпуркунӣ буд. Ин гуна ҷиҳозороӣ барои оилаҳои камбизоат хеле вазнин буд, яъне аз ризқи бачагонашон кам мекарданд.
Шукр, бо мурури замон худи мардуми мо нодуруст будани чунин амалҳоро дарк намуда, тадриҷан аз он даст кашиданд ва имрӯз низ айём тақозо дорад, ки чандин чунин амалҳои зиёдатӣ аз байн бурда шаванд.
Оре, талаботу тақозои айём чунин аст, ки фарзандро босавод накунӣ, дар донишгоҳҳои бонуфуз нахононӣ, дар шароити пешрафти бесобиқаи технологияи муосир дарёфти роҳи зиндагияш мушкил мегардад. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки ҷавони соҳибмаърифат ва огоҳ ҳаргиз ба роҳи нодуруст, роҳе ки ба пушаймонӣ мебарад, намеравад.
Аз ин рӯ, худамон, аз ҷумла бонувону модарон бояд аз қабули қонун хурсанд бошему ифтихор намоем, ки ҷиҳати беҳбудии рӯзгори мо чунин ғамхориҳо ба амал бароварда мешавад, ки ҳамаи ин, албатта, аз дастовардҳо, ба шарофати соҳибистиқлолии мост. Кӯшиш ба харҷ диҳем, боз аз он самтҳое, ки имконпазир аст, маъракаҳоямонро камхарҷтар кунем. Аз ҷумла, чаро мумкин нест, ки барои се соати шаби тӯйи арӯсӣ либоси арзишаш ду -се ҳазор доллар бударо нагирему онро бо пероҳани миллии атлас иваз намоем, бо нақшу нигор ва намуди зебову дилрабо дӯзонида, шаби тӯйи арӯсӣ ба духтарамон пӯшонем, ки зебанда ба тани ҳар духтари тоҷик аст. Ҳоло ҷавонзанони мо либоси миллии атласро бо тарҳҳои наҷибона ва тахайюлоти бадеӣ оро дода, дӯхта истодаанд, ки ба қавле, аз ягон куртаи хориҷӣ камӣ надорад. Ҷиҳати дигари беҳтарии матои атлас дар он аст, ки он пироҳанро арӯс метавонад баъд аз тӯй низ чанд муддат пӯшад.
Таассубкорӣ накунем, зиёдаравӣ накунем. Нагӯем, ки чаро ҳамсоя чунин карду ман не. Ин амал танҳо бар зарари худамон хоҳад шуд. Яъне, бо таассуб ба дигарон тӯй мекунанду ҳама пасандозро сарф, сонӣ ба Россия мераванд, он ҷо коре наёфта, сарсону саргардон мешаванд. Ҳамаи ин боз ҳам як нуктаро собит месозад - Қонун бо тағйироту иловаҳои нав танҳо баҳри манфиати мардуми кишварамон қабул карда шуд.
Он меъёрҳоеро, ки дар тағйироту иловаҳо ворид гардидаанд, касе ҳуқуқи вайрон кардан надорад ва ин бошад, ҳар шаҳрвандро уҳдадор менамояд, ки ҳангоми барпо намудани маърака масъулияти баландро дар иҷрои қонун эҳсос намоянд. Имрӯз худи замона тақозо менамояд, ки аҳли ҳар як оила ҳангоми барпо намудани ин ё он маъракаи оилавӣ нахуст андеша намоянд, ки аз маъракаи нозарурӣ буҷети оила осеб набинад.
Бо шарофати соҳибистиқлолӣ танҳо дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ба шаҳрвандони кишварамон муяссар гардида истодааст, ки озодона як рукни дини исломро ба ҷо оварда, ба зиёрати Каъба раванд.
Имрӯз, шукронаи даврони ободу осудаамон, ки ҳар сол беш аз шаш-ҳафт ҳазор нафар сокинони кишвар маносики ҳаҷро ба ҷо меоваранд. Вале як нуктаи ташвишовар он буд, ки маросимҳои пас аз адои ҳаҷ карда омадан, аз ҷумла ҳоҷибинону ҳочиталабону дигарҳо хароҷоти дучанд аз ҳаҷ карданро дошт. Истиқболи бодабдабаву оро додани ҳавлӣ, ба меҳмонон додани садҳо адад ҷойнамоз, рӯймол ва дигар ҳадяҳо маблағҳои хеле калонро талаб менамояд. Акнун тибқи қонун ташкили ин маъракаҳо манъ аст. Зеро чунин рафтор худнамоии маҳз асту халос.
Шахсан бахту саодати бузургтаринро дар он мебинам, ки давоми умрам ба ман муяссар гардид, тавофи Каъба намоям. Амалҳои солеҳ ва савобтарин он аст, ки чуноне дар Қонун зикр карда шудааст, маблағи зиёдатии хешро масраф ба ободии диёрамон, бунёди таълимгоҳ, мумфаршкунии роҳ намоем. Ва ё ҳаққу ҳамсояи ятим, бенаво, бекас, барҷомонда хешу ақрабои худро дастгирӣ намоем, ки дилеро ба даст овардан баробар ба ҳаҷҷи акбар аст.
Ҳамчун рӯзноманигор огоҳ ҳастам, ки бисёр сокинони шаҳру навоҳии Панҷакент, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Ашт, Деваштич маблағи бо нияти ҳаҷҷи умра ҷамъкардаи хешро баҳри чунин корҳои хайру савоб сарф менамоянд, ки нишонаи баланди инсонигарӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ аст.
Шахсан бо чунин шахсиятҳо аз шаҳри Панҷакент, ноҳияи Деваштич ҳамсӯҳбат гардида, мақсадашонро аз анҷом додани ин амали хайр пурсон шудаам, ки бо меҳру муҳаббати беандоза ба Ватани хеш, ба мардуми диёри хеш посухам додаанд:-то ки шароити рӯзгори ҳамдиёронамон беҳтар гардад…
Рукни муҳими фарҳанги миллии мо, тоҷикон либоси миллии мост. Пероҳани миллии мо бо тарҳу намуди дигар, ки хоси дигар халқияту миллатҳо нест, дӯхта мешавад. Он ба иқлиму табиати кишвари мо низ алоқамандии зич дорад.
Матои атласу адрас, шоҳӣ матоъҳое мебошанд, ки онҳоро чандин аср қабл мардуми сарзамини мо мебофтанд ва савдогарон тариқи Роҳи Бузурги Абрешим ба дигар манотиқи олам мебурданд. Атласу адрас, шоҳӣ, чит ин боигарии мардуми мо, сарчашмаи ифтихори мо аст. Бо ин матоъҳо пероҳан ба бар кунем, моро ба кадом гӯшаи олам равем, ҳамчун тоҷик мешиносанду пазироӣ менамоянд. Ин матоъҳо нишонаи эъҷозофаринӣ, ҳунармандӣ, зебоипарастӣ, тамаддуни бойи мардуми тоҷик аст.
Дар ёдам ҳаст, вақти хурдсолии мо, бачагон, шодравон падарам ҳар гоҳе тариқи телевизион сарвазири Ҳиндустон Индира Гандиро нишон медод, бо шавқи зиёда ба либоси ӯ нигоҳ мекарданд ва мегуфтанд,- ин зан хатмкардаи Университети бонуфузтарини шаҳри Лондони Британияи Кабир, соҳиби илму маърифати бузург аст, аз хонадони шоҳзода аст. Вале ягон маротиба либоси кишвари дигарро ба бар намекунад. Ва бузургию халқи худро бо ҳамин нишон медиҳад…
Мо, бонувони тоҷикро зарур аст, ки бо эҳсоси ифтихор аз фарҳангу тамаддуни бойи хеш либоси миллӣ ба бар кунем, онро бо тарҳу намуди нав ба нав, нақшунигори тоза ташаккул диҳему тақвият бахшему ба наслҳои оянда гузорем.
Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»