Ситораи тобони назми оламгир
- Details
- Published on Wednesday, 30 October 2024 17:10
Мардуми шарифи сарзамини мо-Тоҷикистони азиз аз азал дилдодаву шефтаи сухани ноб, шеъру шоирӣ мебошанд, заршинос ҳастанд, ба қадру қимати истеъдоди асил мерасанд ва ба ниёгони суханвари хеш арҷ мегузоранд. Худро аз зумраи насли саодатманд мешуморам, ки бо чунин бузургворони назму насри адабиёти оламшумули тоҷик устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, устод Сотим Улуғзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Мавҷуда Ҳакимова, Озод Аминзода, устод Лоиқ ҳамзамон будам. Ҳар сатри шеъри нав, ҳар як асари нави ин азизонро гаштаву баргашта мутолиа менамудам, ҳини донишҷӯи донишгоҳ будан аз мулоқоту сӯҳбатҳои онон баҳраманд гардидаам. Ҳар яки ин симоҳо бо сеҳри каломи худ, бо истеъдоди нотакрори хеш дар ғановати маънавӣ, такомулу ташаккулёбии адабиёти тоҷик нақши носутурданӣ доранд.
Бо шоира Фарзона, ин ҳазордастони боғи адабиёти тоҷик, ин нигини ангуштарии дунёи маънӣ шарафи бузурге насибам гаштааст, ки дар як даргоҳ, дар боргоҳи фарҳангу маърифат чандин муддат якҷоя фаъолият барем. Ба даргоҳи идораи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» (он вақтҳо «Ҳақиқати Ленинобод») шоира Фарзона ҳамоно пас аз хатми донишгоҳ ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Ин нимаи аввали солҳои ҳаштодум буд. Гӯё дирӯзакак буд, вале аз он рӯзу лаҳзаҳои муборак аллакай қариб чиҳил сол сипарӣ гаштааст. Он рӯзҳо бисёр вақт чун навори синамо аз пеши назарам мегузарад. Ва ба он айём аз нигоҳи имрӯз менигарам. Менигараму ба худ меандешам, ки аз ҳамон даврони духтараки хушандоми мӯйдарози бист-бистуяксола будан дар вуҷуди наҳифи ин духтарак нобиға нубуғ мекард, зуҳур меёфт. Мо, ҳамкорон Фарзонаро ҳамчун парвардаи хонадони инсонҳои барӯманди мамлакатамон азизу гиромӣ медоштем ва аллакай ҳамон вақтҳо дар симои ин духтараки оддиву хоксору заминӣ, ки дар нигоҳи чашмони маъсуму бегуноҳаш сиришти покизааш акс ёфта буд, як нафар шахсияти бузургу нотакрорро пай мебурдем. Тинати зебое дошт, ки бо зевари иффати баланд ороста. Бо садои паст ҳарф мезад ва табассуми латиф ҳамеша кунҷи лабонашро зеб мебахшид. Дар сӯҳбатҳо, ки ҳангоми таоми нисфирӯзӣ ва ё фурсати фориғ аз кор сурат мегирифт, фикру андешаҳои бикр баён менамуданд, ки барои мо, бонувони идораи рӯзнома нав буд ва суханони хешро бо овардани мисолҳо аз осори мутафаккирони бузурги тоҷику форс ба монанди Мавлоно
Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳофиз, Бедил, Саъдӣ тақвият мебахшиданд. Дар идораи рӯзномаи вилоятӣ, ки аксар адибони номвар фаъолият мебурданд, ҳамчун меҳвари ҳавзаи адабии вилоят зуд зуд аз ҷумҳурӣ адибон, шоиру нависандагон меомаданд ва албатта, меҳмони идораи рӯзнома мегардиданд. Ёд дорам, ки сармуҳаррири нашрия Усмонҷон Тоҷибоев бемор буданд ва дар беморхона бистарӣ гашта буданд. Муовини сармуҳаррир Fуфронҷон Рустамов муваққатан вазифаи он касро баҷо меоварданд. Рӯзе соатҳои даҳуним-ёздаҳ ба идораи рӯзнома банохост устод Сотим Улуғзода даромада омаданд. Муовини сармуҳаррир устодро бо иззату эҳтиром пазироӣ намуда, ба утоқи кориашон гирифта бурданд ва дар як лаҳза аҳли эҷоди нашрияро ба толори маҷлисҳо ба суҳбати нависандаи маъруфи кишвар даъват намуданд. Толор аз кормандони нашрия пур буд. Ҳама ором будем.
Касе ҷуръат надошт, ки бо нависандаи забардаст суолу ҷавоб намояд. Ин дам Фарзона зимоми суханро гирифта, бо лаҳни шевою равони худ ба сухан гуфтан оғоз карданд. Устод Сотим Улуғзода дар минбар менишастанд. Фарзонабону ба нишони иззату эҳтироми устоди сухан дар поёни минбар истода, дар ситоиши асарҳои нигоштаи ин устоди каломи бадеъ, қимати асарҳои нависанда батафсил ва оромона бештар аз понздаҳ-бист дақиқа сухан карданд. Чунонки мегӯянд, дар толор зумраи аҳли сухану аҳли қалам нишаста бошем ҳам, дар бораи ин шахсияти барҷаста ба сухан гуфтан лол монданд.
Баъди ин ҷомеаи меҳнатии рӯзнома Фарзонаро гӯё аз ҷониби дигари истеъдоди фитриаш шинохтанд ва ба ҷасорати сухангӯӣ, ба сеҳри сухани ӯ мафтуну шефта гаштанд.
Бо инояти парвардигор лоиқи бузургӣ, ҷалолу фарр гардида бошанд ҳам, дар хоксориву фурӯтанӣ, хушкаломӣ, меҳрубониву дӯстпарварӣ беназиру беҳамтоанд Фарзонабону. Инро аз отифагӣ, покҷавҳарии модари бузургворашон, аз анъанаи неки авлоди барӯмандашон медонам. Фарзона бузургзода аст, дар хонадони инсонҳои барӯманду баор, ватандӯсту ватанпарвар ба дунё омада, тарбияи хуб гирифтааст.
Чандин маротиба меҳмони хонадони онҳо гардидаам. Боре дар арафаи Иди модарон ба сӯҳбати Фарзона ба ҳавлиашон рафтам. Аввали моҳи март ҳаво сард буд. Фарзона ҳамроҳи модарашон маро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ҳангоми гусел муаллима Бароат Ҳоҷибоева гуфтанд, оё шумо гулҳои наргиси маро дидед ва маро назди гулҳои худ бурданд. Буттаҳои гули наргис дар ин рӯзҳои аввали баҳор ғарқи гул буданд ва монанди фурӯзонакҳо ялаққос мезаданд.
Ман аз эъҷози дастони гулпарвар ва қалби меҳрпарвару пурмуҳаббати муаллима ба ваҷд омадам ва дар он манзили мунаввар гул кардани баҳорро дидам. Боз як анъанаи дигари хонадони онҳо аст, ки ба ҳар меҳмони ба манзилашон омада албатта, ҳадяе медиҳанд, рӯймол, китоб, ширинӣ ва то роҳи калон гусел намуда, ба нақлиёт нишонда, роҳкироро дода, баъд ба хона бармегарданд. Инро аз ниҳояти азиз доштани меҳмон, эъзоздорӣ ва арҷгузорӣ ба Инсонҳо медонам, ки дар ин хонадон ба таври ҳатмӣ риоя мегардад…
Ҳангоми дар идораи рӯзнома фаъолият доштанашон мо чаҳор нафар-муаллима Озод Аминзода, Мавлуда Шарифова, Фарзонабону ва ман ҳар рӯз дар вақти хӯроки нисфирӯзӣ якҷо менишастем. Ҳарчанд дар рӯи ҳавлии идораи рӯзнома ошхона буду он ҷо кабоб, манту ва шӯрбо омода мекарданд, мо баъзан ба он ҷо мерафтему асосан бонавбат аз хонаамон таом меовардем. Вақте навбат ба Фарзонабону мерасид, аксар вақт оши палав меоварданд, ки лаззати нотакрораш то дер гоҳ дар хотири кас мемонд, гӯшти қоқин буду қазиву кишмишу қароқоту зираву нахӯд дошт, ба шакаробаш бошад, бодирингу помидорро чунон омода карда меомаданд, ки онҳо монанди барги гул ва кунгура-кунгура буданд ва ба қавле, кас ба санъати омодакунии он мафтун мемонд. Аз ин амалҳо ва муносибат ба рӯзгордории Фарзона пай мебурдам, ки дар ин хонадон рӯзгордорӣ хеле сариштакорона ба роҳ монда шудааст. Ва меандешидам, ки субҳ соати чанд ба омодакунии таом даст зада бошанд, ки боз сари вақт ба ҷойи кор ҳозир мешаванд…Сари дастархон бисёр вақт аз аҳли оила ва ё фарзандон сухан мекардем ва Фарзонаҷон ҳар рӯзе як ё ду дона анори ширин меоварданд ва мегуфтанд, Рафоатбучаҷон, инро ба писарчаатон баред…Ҳоло он рӯзҳоро фикр мекунаму ба худ меандешам, ки дар қалби кӯчаки ин духтарак чӣ қадар меҳру муҳаббат ба инсонҳо, ба тифлакон ҷой гирифтааст, ки беканору беҳудуд аст…
Оре, Инсон барои Фарзона олитарин, қиматтарин, боқадртарин ҷузъи табиат аст ва тӯли ҳамин қадар солҳо, ки ин устоди сухану инсони бузургворро медонам, мушоҳида накардаам, ки ба зебо пӯшидан кӯшида бошанд, балки доимо баҳри ба даст овардани дили инсон, некие анҷом додан, ба ҷароҳати қалбе марҳам шудан мекӯшанд…Вале боре шоҳид гаштам, ки чи тавр қалби он касро ҷароҳатдор намуданд. Аз ин воқеа чандин сол сипарӣ шуд. Боре дар кӯча, наздикии маҳаллашон вохӯрда мондам, ки хотирашон ошуфта, чашмонашон ашколуд буд.-Модаркалонам дар бистари беморӣ ранҷур хобидаанд. Ҳамин ҳоло як нафар ҳамсояамонро вохӯрдам, ки гуфт -Шумоён хеле азият кашидед, мушкилашон осон мешуд, азоби шумоён низ поён меёфт. Охир барои мо нигоҳубини модарбузургамон, ҳатто, боиси хурсандиамон аст, ки хизматашонро баҷо меорем. Он кас шоҳбулути хонадони моанд. Азизи моанд, сад сол бистарӣ бошанд ҳам, дар бари мо бошанд. Дидани дидори он кас, шунидани сухани он кас баҳри мо қиматтарин давлат аст… Ана ҳамин тавр Модарашон низ баҳри он кас зоти поку бузурганд, ки васфу ситоишашонро дар модарномаҳои хеш ба қалам додаанд. Сатрҳои баландтарину зеботарину шевотаринашон дар ситоиши ин зоти олигуҳар аст. Ба модар, ба бузургии модар арҷ мегузоранд. Шояд ҳамин муҳаббатҳо, ҳамин эъзоз кардани инсонҳо Фарзонаро фарзона кард, нуфузу обрӯяшонро, эътиборашонро шӯҳраи ҷаҳон гардонд…
Паҳн шудани бемории Ковид ва ба ин беморӣ гирифтор шудани ду шоири барӯманди миллат-Озарахш ва Фарзона бори дигар шахсиятҳои бузург ва дар як вақт хеле фурӯтану заминӣ будани онҳоро собит намуд, шоирони маҳбуби халқ будани онҳоро маълум кард. Бемуҳобот, ҳар як сокини шаҳри Хуҷанд, вилоят, мамлакатамон бо ин беморӣ дар мубориза шуданд, то ки ин инсонҳои бузургро аз чанголи худ раҳо намояд. Он рӯзҳои вазнин ба Дармонгоҳи рақами якуми шаҳри Хуҷанд бисёр мерафтам. Барои муолиҷа гирифтан, барои мусоҳиба оростан бо табибону ҳамширагони шафқат. Он рӯзҳо ҳама аҳли ҷомеаи меҳнатии ин дармонгоҳ шод буданд аз он, ки дар радифи тбибони беморхона ба шифоёбии ду шахсияти азизу гаронқадри кишвар саҳм гузоштанд. Шояд лаҳзаҳои беморӣ низ Озарахшу Фарзона бо хушкаломиву меҳрубонӣ ба дили шифокорон роҳ ёфта буданд, ки аҳли меҳнати ин муассиса баъди шифо ёфтани ду шоири маҳбуби халқ аз интихоби касби хеш хеле қаноатманд буданд.
Як нафар ҳамшираи шафқати дармонгоҳ, ки собиқаи беш аз чиҳилсола дар соҳаи нигаҳдории тандурустии мамлакат дорад, Файзинисо Мирзобобоева мафтуну мухлиси Фарзона шудааст. Барои он ки Фарзона бовуҷуди шоираи тавоно, дар ақсои олам номдор будан фурӯтан, заминӣ аст, меҳрубону ширинзабон, инсондӯст аст. То кунун тез-тез аз ҳоли шоира хабар мегирад, ба ҳавлиашон меравад, баҳри ҳифзи саломатии инсони азизи дилаш ғамхорӣ менамояд.
Хеле саодатмандам, ки бо ин инсони мӯътабар, табаррук, шоираи тавоно, дурдонаи беназири адабиёти оламшумули тоҷик, ситораи тобони назм дар як давру замон умр ба сар мебарам, солиёни тӯлонист, ба дидорашон шарафёбам, аз сӯҳбату мулоқотҳо, шабҳои назми он кас бархурдорам. Аз забонашон қироати шеърҳояшонро мешунавам. Таассурот аз шабҳои эҷодиашон дар Хуррамшаҳр, дар Қасри ҷавонон ба номи устод Лоиқ бо номи Чашмаи бовар, мулоқоташон ҳамроҳи Озарахш дар Кохи матбуоти маркази вилоят дар рӯзҳои Наврӯзи оламафрӯз бо аҳли қалами нашрияи «Ҳақиқати Суғд» бароям фаромӯшношуданист, ки аз он вохӯриҳо ҷаҳоне ғизои маънӣ бардоштаам.
Шеърҳои устод Фарзона ба кас фалсафаи амиқи олами ҳастиро кушода медиҳад. Ман он касро ба зарраи нур монанд мекунам, ки бо ҳастиашон, бо ашъорашон қалбҳои инсонҳоро мунаввар мегардонанд. -Ба сӯи Инсонияти баланд, боиффатӣ, отифагӣ, маърифати воло, зебоипарастӣ, зебогии сиришту зебогии андеша, зебогии тафаккур.
Имрӯзҳо дар донишгоҳҳо, таълимгоҳҳо, маҳфилҳо Рӯдакихонӣ, Мавлавихонӣ, Ҳофизхонӣ, Камолхонӣ, Лоиқхонӣ мекунанд. Ба осори ҷовидонии онҳо арҷ мегузоранд. Чунки осори ин мутафаккирони бузург саросар панд аст, панду ҳикмат. Ашъори устод Фарзона низ ҷовидона аст.
Ҳамчун як нафар ихлосманди устод Фарзона, ҳамчун як нафар ҳамкор аз давраҳои ҷавонии шоира Фарзона андешаҳоямро иброз намудам, ки чигуна ин духтараки хоксору фурӯтан ҳарчанд аз зуҳури истеъдоди нодири хеш ҳанӯз хеле барвақт огоҳ буд, боз ҳам заминӣ монд, худро аз касе боло нагирифт. Имрӯз устод Фарзонаи Хуҷандӣ муаллифи наздик панҷоҳ асар ҳастанд, ашъори ноби он касро дар саросари мамолики олам бо чандин забонҳо мутолиа менамоянду баҳра мебаранду сабақ мегиранд, ки ин боису сарчашмаи ифтихори мо, мардуми Тоҷикистони азиз мебошад.
Имрӯз, ба истиқболи ҷашни шасти камолоти ин устоди сухан маҳфил, вохӯриву мулоқотҳо сурат мегиранд. Ва ҳаматаманнои онро доранд, ки меҳрномаи хешро нисбат ба ин шоираи бузург изҳор намоянд. Фарзонабону ду хоҳарбузурги худро ду боли парвози хеш гуфта буданд. Имрӯз ду духтаронашон муттакои модар ҳастанд ва бо эҳтимоми Шаҳнавоз Каримова армуғоне ба ҷашни табарруки модар бо номи «Шоири Фарзонаи дил» омода карда шуд. Ҳамаи ин арҷгузориҳо ба Шоири фарзонаи миллат мо, дӯстону мухлисони ашъори устод Фарзонаро хеле шоду фараҳманд месозад. Таманнои онро дорам, ки ин шасти камолот баҳри устод Фарзона оғози камолоти эҷодӣ бошад, ба ин бонуи покизасиришт илҳоми саршор, баракати умр, саодатмандиву тансиҳатӣ ҳадя орад.
Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»