Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз Театри давлатии драмавӣ-мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозилова

18 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо шароити кории Театри давлатии драмавӣ-мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозилова аз ин боргоҳи ҳунар боздид ба амал овард.

Зимни боздид роҳбарият ва аҳли эҷоди театр доир ба фаъолияти худ ва барномаҳои ҳунарӣ ба Раиси вилоят маълумот пешниҳод намуданд. Раҷаббой Аҳмадзода нақши театри мазкурро дар рушди фарҳангу ҳунар ва баланд бардоштани завқи эстетикии ҷомеа муҳим арзёбӣ намуда, ба ҳунармандон ва масъулон барои тақвияти фаъолияти эҷодӣ ва пешниҳоди намоишномаҳои баландмазмун тавсияҳо дод.

Ҳамзамон, масъалаи беҳбуд бахшидани инфрасохтори театр, навсозии таҷҳизоти техникӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоид барои аҳли эҷод мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии мақомоти давлатӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиби корӣ бинои нави театр сохта мешавад.

Бинои кунунии Театри давлатии драмавӣ-мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозилова солҳои 50-уми асри гузашта сохта шуда, зарурати бунёди бинои нав ба миён омадааст. 

Ҳунармандони театр аз ин ташаббус изҳори хушнудӣ карда, таъкид карданд, ки барои рушди минбаъдаи ин муассисаи фарҳангӣ аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh