Суманак – бўи баҳор
- Details
- Published on Friday, 21 March 2025 08:59
Суманак навъе аз хуриши наврузӣ аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад.
Тарзи таҳияи сабза ва пухтани суманак байни мардуми тоҷик чунин аст. Гандумро се рӯз дар оби ҷӯй ё оби борон тар карда мемонанд. Баъде, ки гандум неш мебарорад, онро гирифта дар табақе ҳамвор мегузоранд ва рӯяшро бо докаи тоза мепӯшонанд. Вақте, ки гандум сабз мешавад, намегузоранд, ки касе онро бинад.
Рӯзи муайяни суманакпазӣ 3-4 нафар занҳои ҳамсоя бо машварат дар хонаи яке аз ҳамсоягон ҷамъ мешаванд. Онҳо суфраеро боз карда, сабзаҳоро мегузоранд, сипас ояте аз Қуръони карим тиловат карда, дар хаққи “Пири пухтагар” дуо мехонанд ва сабзаҳоро мебуранд. Сабзаҳои порашударо ба дег андохта, онро аз чашми каси бегона пинҳон мекунанд, то ки пай наафтад.
Баъд занҳо ба таги дег оташ меафрӯзанд, бо навбат дегро бо кафча ё кафгир мекобанд. Барои он ки хобашон набарад, суманакпазон дар назди алав нишаста, афсонагӯӣ, чистонёбӣ ва сурудхонӣ мекунанд. Таронаи «Суманак дар дег, мо кафча занем»-ро месароянд.
Субҳ, вақте ки суманак тайёр мешавад, мардумро даъват карда, занҳову духтарон сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва ҳазлу хандаҳо мекунанд. Дар маззаи ширинии он як навъ рамзи тавоноӣ ва нерӯмандӣ дида мешавад. Ширинии суманак табиист ва ба шираи он, ки аз гандум гирифта шудааст, чизе илова намекунанд.
Дарвоқеъ, гандум муҳимтарин гиёҳест, ки хӯроки аслии инсон мебошад. Аз ин ҷиҳат ғизое, ки суманак аст, рамзу рози зиёд дорад. Дар аксари маҳалҳо ҳангоми суманакпазӣ мардонро ба назди дег роҳ намедоданд, то ки суманак вайрон нашавад. Ба деги суманак ҳафт дона чормағз ва ҳафт сангча меандозанд, ки он ҳафт фариштаи ҳафт табақи осмонро ифода мекунад. Шаби суманакпазӣ занҳо намехобанд. Таомҳои гуногун пухта, вақти худро хуш мегузаронанд. Аз аввали шаб то субҳ суманак 15-18 соат меҷӯшад ва даф зада, рақсу бозӣ, таронасароӣ мекунанд.
Суманак рамзи меҳру муҳаббат аст, ки пас аз пухтан ҳатман онро ба ҳамсоягони гирду атроф низ медиҳанд. Ҳатто ҳангоме, ки занҳо дар рӯзҳои Наврӯз ба хонаи ҳамдигар мераванд, ҳамчун пайки Наврӯзу баҳору муҳаббату самимият бо худ суманак мебаранд. Зеро, суманак рамзи таваҷҷуҳ ба дигарон, рафоқат ва дӯстӣ ба наздикон низ мебошад.
Субҳи содиқ ҳамин, ки хонумҳо ҷамъ омаданд, кадбону бо дуо «дасти ман не, дасти азизон» гуён сарпӯши дегро мебардорад. Аввал як табақ барои аҳли масҷид мекашанд ва боқимондаи онро ба аҳли маросим ва ҳамсоягону куҳансолони табаррук тақсим мекунанд.
Барно Абдуғаффорова,
«Ҳақиқати Суғд»