Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар Бадахшон доир мегардад

Тибқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ санаҳои 26-30  апрел дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд баргузор мегардад.

Бино ба гуфти сардори Раёсати фарҳанги вилоят Ориф Набиев барномаи калони фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони вилоят таҳия гардидааст.

-Дар баробари ҳунармандон гурӯҳи шоирон, занҳои ҳунарманд ва маҳсулоти дастӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон, намоишномаи Театри давлатии шаҳри  Бӯстон ба номи А.С.Пушкин, намоишномаи театри «Лӯхтак»  аз рӯи асари Мирсаид Миршакар «Гулранг ва хушранг» ба сокинони Бадахшон ҳамчун армуғон эҳдо мешавад,- гуфт зимни сӯҳбат О.Набиев.

Ҳамчунин, гурӯҳи рақсии ансамбли «Зебо», ансамбли фолклорӣ-этнографии «Фалак», дастаи карнайнавозон, Театр - студияи “Хандинкамон” бо намоишномаҳои пуробу рангини худ дар гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар Вилояти Мухтории Кӯҳистони Бадахшон саҳм мегузоранд.

Тибқи нақша инчунин гурӯҳи шоирон бо сарварии Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Ният Ҳаёт, Гулноз, Темурмалик Рустамов, нависанда Маъруф Бобоҷон ва дигарон ба навиштаҳояшон табъи бадахшониёнро болида месозанд. 

Бояд қайд намуд, ки аз вилояти Суғд панҷ намуди оши палов барои 1000 нафар сокинони Бадахшонзамин бо ошпазони машҳури шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Хуҷанд, водии Зарафшон чун нишони самимияту рамзи бародарӣ  пешкаш мегардад. Инчунин,  намоиши ҳунарҳои миллӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, кордсозӣ, шонатарошӣ, кешбофӣ, қуроқбофӣ  ва намудҳои атласу адрас доир мегардад.

-Ҳамзамон,  ҳунармандони Суғдзамин тасмим гирифтаанд, ки хонаи маъюбон ва пиронсолон, кӯдакони имконияташон маҳдудро аёдат намоянд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА

Add comment


Security code
Refresh