Оғози Рӯзҳои фарҳанги Суғд дар ВМКБ ва истиқболи А. Қодирӣ аз рушди муносибатҳо

Тибқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд баргузор мегардад.

Бо мақсади иштирок дар Рӯзҳои фарҳангии вилояти Суғд дар ВМКБ як гурӯҳи калони аҳли фарҳангу адаби вилояти Суғд дирӯз ба ВМКБ сафар карданд ва тибқи нақша имрӯз Рӯзҳои фарҳангии Суғд дар ВМКБ оғоз меёбад.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо нашри як паёме аз ин чорабинии фарҳангӣ хуш истиқбол кард ва таъкид дошт, ки “Рўзҳои фарҳанги вилоятҳо бешубҳа ба рушди муносибатҳои мутақобилан судманд, барқарорсозии рафтуомади хешутаборӣ, сарҷамъ кардани нерўҳои солимфикри ҷомеа, мустаҳкамшавии ҳусни ҳамҷаворӣ ва бародарии минтақаҳо, муҳимтар аз ҳама, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва ғояҳои ҷовидонаи он, таъмини амнияти миллӣ ва пойдории ваҳдат, таъмини сулҳу субот мусоидат менамояд”.

Ба андешаи Раиси вилояти Суғд баргузории Рўзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар остонаи таҷлили ҷашнҳои мубораки миллии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун идомаи мантиқии сиёсати ваҳдатгароёнаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам қавитар гардидани дўстии халқҳо дар Тоҷикистони азиз, баланд бардоштани рўҳияи миллӣ мусоидат хоҳад намуд.

Зимнан, дар Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар ВМКБ, ки бо иштироки ҳунармандон, гурӯҳи шоирон, занҳои ҳунарманди Суғдзамин мегузарад, намоишномаи Театри давлатии шаҳри  Бӯстон ба номи А.С.Пушкин, намоишномаи театри «Лӯхтак»  аз рӯи асари Мирсаид Миршакар «Гулранг ва хушранг» намоиш дода мешавад.

Ҳамчунин, гурӯҳи рақсии ансамбли «Зебо», ансамбли фолклорӣ-этнографии «Фалак», дастаи карнайнавозон, Театр - студияи “Хандинкамон” бо намоишномаҳои пуробу рангини худ дар гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саҳм мегузоранд.

Тибқи нақша инчунин гурӯҳи шоирон бо сарварии Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Ният Ҳаёт, Гулноз, Темурмалик Рустамов, нависанда Маъруф Бобоҷон ва дигарон ба навиштаҳояшон табъи бадахшониёнро болида месозанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment

Security code
Refresh