Намоиши маҳсулоти ҳунарҳои дастии ҳунармандони Суғдзамин дар Рӯшон

28 апрел дар Боғи истироҳатӣ-фароғатии деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшони ВМКБ маҳсулоти ҳунарҳои дастии ҳунармандони Суғдзамин, аз ҷумла навъҳои гуногуни атласу адрас, қолинҳои дастибоф, зардӯзиву сӯзаниҳо, кордҳои бо маҳорати хос сохташударо ба намоиш гузоштанд.

Дар ин рӯз ҳунармандони Театри давлатии драмаи русии ба номи А. Пушкини шаҳри Бӯстон намоишномаи Доғ — ро пешкаши ҳаводорони санъат намуда, адибону санъаткорони вилояти Суғд ва ноҳияи Рӯшон маҳфили адабиву мусиқии муштарак барпо намуданд.

 

АМИТ «Ховар»

Add comment


Security code
Refresh