Гузориши муфассал аз ҷараёни Рӯзҳои фарҳанги Суғд дар ВМКБ

Соли равон чорабинии ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузаронида мешавад. Дар доираи ин икдом аз 27-ум то 30-юми апрел аҳли фарҳангу ҳунар ва санъату адабиёти вилоят бо ташаббусу дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар ВМКБ Рӯзҳои фарҳангӣ баргузор намуданд.

Дар ин чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Суғд дар ВМКБ беш аз 260 нафар аҳли фарҳангу санъат ва илму адаби вилояти Суғд ширкат варзида, фарҳанги суруду мусиқӣ, адабиёт ва ҳунарҳои мардумии суғдиёнро барои сокинони Бадахшон муаррифӣ намуданд. Рӯзҳои фарҳангӣ дар асоси дастуру супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба вуқӯъ пайваста, ҳадафи он устувортар гардонидани муносибатҳои дӯстии сокинони кишвар, таҳкими ваҳдату ҳамдилии минтақаҳои гуногун ва шиносоӣ бо фарҳангу маданияти бойи аҷдодии ҳамдигар маънидод гардид.

Намояндагони вилоятро бадахшониён дар мавзеи ноҳияи Яхчисори ноҳияи Дарвоз, ки онро дарвозаи Бадахшон ном мебаранд, бо риояи урфу анъанаҳои маҳаллии меҳмондорӣ истиқбол гирифтанд.

Чорабиниҳои фарҳангию адабӣ дар минтақаҳои мухталифи ВМКБ, аз ҷумла Дарвозу Рӯшон, Шуғнон ва маркази вилоят  шаҳри Хоруғ баргузор карда шуданд. Дар доираи ҳамоиши бузурги фарҳангӣ аз ҷониби суғдиён барои мардуми ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон ва Шуғнон  асарҳои саҳнавии тарбиявию ҳаҷвӣ, маҳфили адабию мусиқӣ бо иштироки шоиру нависандагони шинохтаи ҳавзаии адабии Суғд, намоиши ҳунарҳои анъанавии дастӣ дар мисоли зардузию кашидадӯзӣ, қуроқдқзӣ, сӯзанидӯзӣ ва ташкили фуруши маҳсулоти дастии ҳунармандон аз қабили корду шона, тоқию сӯзаниҳо, атласу адрас, намоиши либосҳои миллӣ ва ғайра ташкил карда шуда, бо иштироки ҳунармандони ҳар ду вилоят дар боғҳои фарҳангӣ ва толорҳои фароғатӣ консертҳои  муштарак пешниҳод гардиданд.

Дар ноҳияи Рӯшон баробари дигар маҳфилҳои фарҳангӣ намояндагони вилоят аз хонаи бадахшонӣ, ки хусусиятҳои ба худ хос ва таърихи бостонӣ дорад, дидан карда, бо маданияти хонадории ҳамватанони бадахшонии хеш аз наздик ошно гардиданд. Ҳамчунин, дар доираи ин тадбир аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муассисаи давлатии мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ВМКБ ба маблағи беш аз сӣ ҳазор сомонӣ ва дар ҳаҷми зиёда аз 6 тонна маҳсулоти хӯрока аз қабили орду равған, биринҷ, макарон, картошкаю пиёз ва сабзӣ ҳадя карда шуд.

Дар чорабиниҳои асосии Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар Бадахшон, ки санаи 30-юми апрел дар шаҳри Хоруғ баргузор гардиданд, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва меҳмонони дигар аз пойтахти ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.  Раиси вилояти Суғд нахуст чанде аз собиқадорони меҳнат, шахсиятҳоеро, ки дар мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр кор карда, дар рушди  хоҷагии халқи вилоят саҳм гузоштаанд, аёдат намуд. Дар толори чойхонаи миллии шаҳри Хоруғ ҳамоиши муштараки адибони шинохтаи ҳарду вилоят ба вуқуъ пайваста, иштирокдорони маҳфил аз чакидаҳои хомаи суханварон баҳравар гардиданд. Аз номи Раиси вилояти Суғд ба китобхонаи оммавии шаҳри Хоруғ, муассисаҳои фарҳангу маориф ва шахсиятҳои маъруфи Бадахшон девонҳои бузурги Хоҷа Камолу Туғрал ва Фарзона тақдим карда шуданд.

Дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ роҳбарияти вилоят ва меҳмонони суғдиро бо ҳисси баланди дӯстиву ҳамдилӣ ва самимияти хос истиқбол намуданд.

Абдураҳмон Қодирӣ ва гуруҳи меҳмонон дар чорабинии муаррифии оши палави хуҷандӣ ширкат варзиданд. Дар ин рӯз аз ҷониби ошпазони вилоят барои сокинони шаҳр ва меҳмонони чорабинӣ чор намуди оши палав пешниҳод гардид. Мушоҳидаҳо нишон дод, ки талабгорони оши палави хуҷандӣ дар Бадахшон хеле зиёданд.

Дар растаи ҳунармандон, ки ба муносибати Рӯзҳои фарҳангӣ ташкил гардид, сару либоси миллии сокинони Суғду Бадахшон, маҳсулоти дастии устоҳои маҳаллӣ, корхонаҳои саноатӣ, хӯрокҳои миллӣ ва урфу анъанаҳои мардумии ҳарду вилоят аз қабили композитсияи «Арӯси хуҷандӣ ва зарафшонӣ» ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Баъди нисфирузӣ сокинони шаҳри Хоруғ ва меҳмонони он шоҳиди барномаи бузурги фарҳангию адабӣ ва мусиқии аҳли ҳунари вилояти Суғд гардиданд. Дар оғози чорабинӣ суғдиёнро Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед хайрамақдам гуфта, нақши Рӯзҳои фарҳангиро дар таҳкими дустиву равобити муштараки ҳарду вилоят муҳим арзёбӣ кард.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз пайванди таърихии сокинони Суғду ВМКБ ҳамчун шохаҳои як дарахти бузурги тавҳид, дастовардҳои меҳнатӣ ва шахсиятҳои бузургу номвари ин сарзамин ёдовар шуда, баргузории чунин чорабиниро нишони фазои орому осудаи кишвар ва сиёсати ояндабини давлату Ҳукумати кишвар маънидод намуд.

Барои тамошои барномаи консертии аҳли ҳунари вилояти Суғд сокинони зиёди шаҳри Хоруғ ва меҳмонони он ҷамъ омаданд.

Шоми санаи 30-юми апрел дар тарабхонаи «Шоми Бадахшон» барои намояндагони вилояти Суғд дастурхони идона ороста шуда, барномаи ҳунарии санъаткорони суғдиву бадахшонӣ ҷамъбасти чорабинии Рӯзҳои фарҳангиро шукуҳи тоза бахшиданд. Чун нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ намояндагони ҳарду вилоят ба ҳамдигар ҳадяҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Аҳли фарҳанги вилояти Суғд аз Бадахшон бо таассуроти бою рангин баргаштанд. Намояндагони вилояти Суғд дар доираи Рӯзҳои фарҳанги ҳамчунин аз ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва шифобахши ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон, Шуғнону Ишкошим дидан карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh