Нақшҳои пур аз меҳру муҳаббат

Мошини сабукрав  дар назди биное, ки лавҳи «Зарафшон»-ро бо худ дошт, қарор гирифт. Аз дидани чунин номи зебо ва маънодор дар замир пиндоштам, ки соҳибони он, чунон ки дар луғатҳо омадааст, нисоркунандаи зар ва зарпош бояд бошанд. Дасту пойҳои чобуки нафароне, ки дар ин бинои хуштарҳ бо меҳнат машғул буданд, беист пасу пеш ҳаракат дошта, ҳар яке мехост, ҳарчи зудтару беҳтар корашро ба итмом расонад ва як рўзи меҳнатиро бо хурсандӣ гузаронад.

Занону духтарони сари мошинаи дарздўзӣ нишаставу андармони либосдўзиро дида, имтинони комил пайдо кардам, ки дар ҳақиқат ҳузурдоштагони ин мавзеъ бо дастони сеҳрофари худ зар меофаранду пешкаши ҳаводорону мизоҷони худ мегардонанд.

Сарбанду куртаҳои занона, поҷомаву доманҳои хушдўхт, нимтанаҳои кўдаконаву тоқиҳои гуногундўхт ва дигар либосҳои миллии тоҷикона агар метавонистанд, ба забони ҳол омада, аз  ҳунармандии соҳибони худ дарак медоданду  мегуфтанд, ки ҳанўз аз зери захми мошин набаромада, онҳоро харидоре мунтазир аст.

Холаи Зумрадмоҳ  17 сол муқаддам фарзандаш Гулистонро барои омўхтани ҳунари дўзандагӣ ҳидоятгар шуд. Чун ин ҳунар барояш меросӣ буд, ҳафт нафар фарзандон низ дар ин рўҳия тарбия ёфтанд. Аз модари гулдаст сеҳри дўзандагӣ омўхтанд. Аз ҳамаи фарзандон дида Гулистон ба ҳунари аҷдодӣ меҳр пайдо кард. Идомаи зиндагии худ ва пайдо кардани ризқу рўзиро дар зардўзиву гулдўзӣ, мўҳрадўзиву либосдўзӣ дид. Ангуштони нозукаш захми сўзан мезаданду аз сеҳри он рўи матоъ нақшҳои пур аз меҳру муҳаббат ба зиндагӣ ва шуғли писандида рўи кор меомаданд. 

Гулистон бузург шуд. Хост, идомаи ҳунари волояшро дар васеъ кардани коргоҳи дўзандагӣ бинад. Тасмим гирифт, ки аз роҳбари кордону тавоно ва чашмикордон дасти мадад пурсад. Лоиҳаи хешро пешниҳоди ҳайати ҳакамон кард. Бесаброна мунтазир буд, ки барояш чӣ баҳоеро сазовор хоҳанд донист. 

Баробари гирифтани Гранти Раиси вилоят дар ҳаҷми даҳ ҳазор сомонӣ шоду мамнун шуд. Шукрона кард, ки бо дастгирии давлату Ҳукумат, хоса Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доираи фаъолияташро фарох ва духтарону ҷавонзанони бисёреро машқи ҳунари волои дўзандагӣ медиҳад.  Сехи дўзандагии «Зарафшон»-и ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ  занону духтарони хонашинро ба худ сарҷамъ кард.

Гранти соҳибшударо барои харидории мошинаи дарздўзӣ ва дигар лавозимоти ҳунармандӣ масраф карданд. 10 нафар чевари чобукдаст имрўзҳо ба шогирдон сеҳри ҳунари дўзандагӣ меомўзанду дар як вақт аз нозукиҳои ҳунарҳои қадимаю аҷдодӣ-зардўзиву гулдўзӣ, мўҳрабофию қуроқдўзӣ бохабар месозанд. Тавассути даҳ  мошинаи дарздўзӣ ҳамарўза ҳунармандон захм бар сўзан мезананду либосҳои  миллии тоҷиконаву аврупоӣ дўхта, манзури мизоҷон мегардонанд. Чун аз мушкилиҳои касби пешакардааш пурсон шудем, чунин иброз дошт:

- Ҳамаи муваффақият ва пешравиҳои худро ман маҳз ба шарофати модари меҳрубонам Зумрадмоҳ мебинам. Ҳарчанд барои таъсис ва фаъолияти кории коргоҳи дўзандагӣ монеаву мушкилиҳо зиёд буданд, аммо бо боварӣ метавон гуфт, ки агар кас дўстдори касби худ бошад, ҳама даргузар ва ҳалшавандаанд. Кўшиш мекунам, гранти соҳибшударо пурсамар истифода намуда, барои зиёд кардани теъдоди  ҳунармандон дар коргоҳ талош варзам. Боварӣ дорам, ки тавассути ҳунари волои худ то ба қуллаҳои баланди касби интихобкардаам бирасам. Зеро гуфтаанд: «Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз»…

ШОИРА

Add comment


Security code
Refresh