Шунидан кай бувад монанди дидан...

Дар шумораи 139 аз 22 ноябри соли 2016-и «Ҳақиқати Суғд» таассуроти намояндагони вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро дар бобати шиносоӣ аз рушди ҳунарҳои  қолинбофии дастӣ ва адрасу атласбофӣ дар вилояти Суғд нашр карда будем. Меҳмонон зиёд буданду таассуротҳо аз он ҳам зиёдтар. Бинобар он хостем, боз чанде аз таассуроти меҳмононро рўи саҳфаи рўзнома ҷой диҳем.

Шаҳноза Шарифова - намояндаи Кумитаи кор  бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон:

- Ба ростӣ, ҳеҷ бовар надоштам, ки мардуми Суғдзамин ин қадар меҳмоннавозанд.  Аз бозе, ки тавассути  воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ  дар бораи фаъолияти марказҳои ҳунармандии мардуми вилояти Суғд огоҳ гардидам, орзу доштам, ки бо  нозукиҳои ҳунари адрасбофӣ шинос гашта, занону духтарони Душанбешаҳрро аз сеҳри ин ҳунар бохабар созам. Ҳар куҷое, ки мерафтем, ба меҳмоннавозии мардум қоил мешудем. Дар ҳақиқат, «Шунидан кай бувад монанди дидан»  гуфтани гузаштагон бесабаб набудааст. Баробари ворид шудан ба марказҳои истеҳсоли адрасу атласбофӣ сари дастгоҳи адрасбофӣ нишаста, аз ҳунармандон хоҳиш кардам, ки маро ҳунари адрасбофӣ омўзонанд. Мехостам, дар муддати кўтоҳи сафарамон ҳарчи бештар аз асрорҳои адрасбофон бохабар шавам. Ҳунари атласу адрасбофӣ нозукиҳои ба худ хос дошта, на ҳар кас аз ўҳдаи иҷрои он баромада метавонистааст.

Ҳарчанд бо душворӣ бошад ҳам, бароям муяссар гардид, ки то андозае  аз ин ҳунари аҷдодӣ бохабар бошам.

Алиҷон Тоҷиев - муовини раиси ноҳияиҚубодиён:

-Гумон мекардам, ки адрасбофӣ пешаест басо осону шавқовар. Агар чунин намешуд, ҳунармандони вилояти Суғд дар муддати фаъолияти хеш ба чунин  дастовардҳои назаррас ноил намешуданд. Баргузории Фестивали «Атлас-2016» ва таваҷҷўҳи банда ба маҳсули эҷоди ҳунармандзанони суғдӣ имкон фароҳам овард, ки бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос шавам. Агар меҳмоннавозии ин минтақаи зархезро дар як паллаи тарозу гузорем, соҳибҳунар будани занону духтарон паллаи дигари тарозу ба ҳисоб меравад. Давоми чанд рўзи бо ҳунармандон будан кашфи асрори адрасбофӣ маро мафтун кард. Усто то омода шудани дастгоҳ бояд якчанд амалро ба иҷро расонад. Чиҳил дона захўтагириву гирдогирди давра 24 маротиба печонида, омода намудани 960 адад нах барои бофтани 60 сантиметр матоъ заминагузор буда,  насби калобачўб ба кори минбаъда вобаста аст. Мафҳумҳои ҷавз ва  ҷула, ки  васл карда, аз теғ гузаронда мешаванд, ҳарчанд ҳанўз бароям нофаҳмо аст, аммо омўхтанист.

Сабоҳат Тоҳирова - мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Сангвор (Тавилдара):

- Аз аҳолии беш аз 21-ҳазорнафараи ноҳияи Сангвор 10 737 нафарашон занон мебошанд. Агар даъвати моро ҳунармандони суғдӣ пазируфта, ба ноҳияи мо раванд, тамоми шароити кориро барояшон муҳайё хоҳем кард, то ин ки ба занону духтарони хонашин ҳунари волояшонро омўзонда бошанд. Тақдими матои адрас ҳамчун тўҳфа писанди ҳар яки мо буда, умед дорем, ки занону духтарони мо низ барои омўхтани ин ҳунар шавқу завқ пайдо хоҳанд кард.

Ҳарчанд меҳмонон зиёд буданду аз сафари хеш ба вилояти Суғд таассуроти бою рангин доштанд, мо бо овардани нуқтаи назари чанде аз онҳо иктифо намудем. Умед бар он мебандем, ки ҳунари волои қадимаи адрасбофӣ на танҳо дар манотиқи кишвар, балки берун аз он низ шўҳратёр гашта, ин матои пурҷило тани занону духтарони тоҷикро  басо зебанда  хоҳад буд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh