Хуҷанд: Соли 2017 тахтаҳои нави эълон насб мешавад

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори омма», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ва Низомнома «Дар бораи дида баромадани муроҷиатҳо, арзу шикояти меҳнаткашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мақолаи «Реклама дар кўча ё доғе ба ҳусни шаҳр», ки санаи 8 октябри соли 2016, №120 дар рўзномаи «Ҳақиқати Суғд» нашр гардидааст, мавриди омўзиш қарор дод. Маълум гардид, ки дар ҳақиқат вақтҳои охир дар тамоми қаламрави шаҳри Хуҷанд ба таври бесарусомонӣ насби эълонҳои сокинон ба назар мерасад, ки боиси нигаронии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ гардидааст.

Пўшида нест, ки дар даврони иқтисодиёти бозоргонӣ барои ба фурўш рафтани моли худ ё намуди хизматрасонӣ шаҳрвандон роҳҳои гуногуни онро ҷустуҷў карда, маданияти шаҳрдориро фаромўш мекунанд. Махсусан, тарзи зуд ва осони он ин чоп ва насби варақаҳои эълонҳост, ки соҳибони он гирифтани иҷозати махсусро аз мутахассисони соҳа фаромўш карданд. Бояд хотиррасон кард, ки тарзи паҳни эълонҳо оид ба хариду фурўши мол ё хизматрасониро онҳо метавонанд тариқи телевизионҳои маҳаллӣ, радио ва нашрияҳои чопӣ ба самъи сокинони шаҳр расонанд. Аммо афсўс, шаҳрвандон тарзи осон ва бемузди онро интихоб кардаанд.

Насби варақаҳои эълонҳо агар аз як тараф мушкилоти соҳибони онро то қадри имкон ҳал кунад ҳам, аз тарафи дигар боиси дарди сари кормандони Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ»-и шаҳр шудааст.

Агар онҳо имрўз панҷоҳ эълон бартараф кунанд, пагоҳ ба ҷои онҳо боз панҷоҳ эълони дигар насб мешавад, ки насб ё часпонидани эълонҳои шахсӣ асосан шабона ба амал меояд, аз ҳамин сабаб ҳам соҳибони онҳоро ҳангоми машғулияти «дўстдоштаашон» боздошт кардан номумкин аст. Агар дурусттар ба эълонҳои насбшуда нигоҳ кунем, қисми асосии онҳо дар мавзўи хариду фурўш ва ё ба иҷора додани хонаҳои истиқоматӣ мебошад ва аз рўи пурсишҳои мо муайян гардид, ки асосан соҳибони ин эълонҳо оҷонсиҳои ғайриманқули шаҳр ҳастанд, ки самти асосии фаъолияташон ин хариду фурўш ва ба иҷора додани хонаҳои истиқоматӣ мебошад.

Бояд зикр кард, ки дар навбати худ КВДК «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ»-и шаҳри Хуҷанд барои бартараф кардани вазъияти ба миён омада, дар баъзе аз мавзеъҳои кўчаҳои марказии шаҳр якчанд тахтаҳои махсус барои насби варақаҳои эълонҳоро ҷойгир кардааст ва шаҳрвандон аз он истифода бурда истодаанд. Вале аз рўи мушоҳидаҳои мо шумораи эълондиҳандагон то ҳамин андоза зиёд ҳастанд, ки лавҳаҳои насбшуда ин миқдор эълонҳоро имконияти ҷойгир кардан надоранд. Аз ин лиҳоз, бо супориши раиси шаҳри Хуҷанд барои ҳалли ин масъала ба КВДК «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ»-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади насби тахтаҳои эълон маблағи иловагӣ ҷудо мешавад, ки он бояд ин мушкилотро осон гардонад. Насби тахтаҳои нав аз рўи нақша аз аввали соли 2017 оғоз ёфта, дар муддати кўтоҳ ин муамморо бояд ҳал намояд.

Дар навбати худ, мо низ хонандагони ин нашрияро бобати ҳалли ин масъала сари вақт огоҳ карда, аз рафти иҷрои он маълумоти иловагӣ дастрас хоҳем кард.

Хайрулло Fайбуллозода,
муовини якуми раиси шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh