Чароғи маърифат

Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукуҳӣ бо шўъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамкории хуб дорад. Ягон чорабинии он бе адибон намегузарад. Китобхона бо фаъолияти намунавию ибратбахши худ натанҳо дар байни наврасон, балки калонсолон низ маъруф мебошад.

Ҳар гоҳе ки гузорам ба он тараф афтад, ҳатман ба китобхона медароям, чунки муомилаи хубу муносибати марғуби кормандонаш писанд омадааст ва ҳар як вохўриам бо онҳо ба ман шодию хурсандӣ мебахшад ва он дам гумон мекунам, ки бо дўстони наздику қаринам дучор шудаам. Ин, албатта, сабабҳои худро дорад, зеро баъзеи онҳоро солҳои тўлонӣ инҷониб мешиносам. Аз ҷумла Хайринисо Раҳимоваро. Ин зани хушфеълу атвор, инсони беғубор ба ин маърифатгоҳ аз солҳои ташкилёбиаш сар карда, то дирўз сарварӣ мекард. Дар давоми фаъолияти ў симои китобхона борҳо тағйир ёфту шумораи адабиётҳо хеле афзуданд. Дар ин муддат шогирдони зиёдеро тарбия карда, ба камол расонд. Яке аз онҳо директори имрўзаи китобхона Муаззама Расулова мебошад. Ҳамроҳи ў якҷоя китобдорони соҳибтаҷриба Муамбарахон Осимова, Маъсуда Усмонова, Матлуба Расулова, Биорифа Бобоҷонова, Саодатхон Турсунова заҳмат мекашанд.

Собиқ сарвари китобхона Хайринисо Раҳимова низ бо вуҷуди дар нафақа будан, ҳамроҳи дастпарваронаш нашъаи меҳнат мечашад, зеро меҳри китобу китобдорӣ дар дилаш маъво гирифтааст. Дар китобхона ҳар сол чорабиниҳои зиёд гузаронда мешавад. Аз ҷумла, бахшида ба ҷашну зодрўзҳои адибон озмунҳо ва маҳфилҳои адабӣ барпо мегарданд. Чанде пеш бахшида ба 65-солагии зодрўз ва 45-солагии фаъолияти эҷодиам маҳфили адабӣ доир шуд. Дар он адибон Атахон Сайфуллоев, Муҳаммад Субҳон, Равшан Замир, Муқим Воҳид, Камоли Рўмонӣ ширкат варзиданд. Хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16, шаҳри Хуҷанд аз рўи ашъори банда шеъру сурудҳо хонданд. Инчунин, дар асоси ҳикояи «Узр» саҳначаеро манзури тамошобинон гардонданд.

 Ба наздикӣ китобхонаи мазкур 40-солагии худро таҷлил менамояд. Кормандони китобхонаро бо фаро расидани ҷашни бошукўҳ самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳар яки онҳо пеш аз ҳама сиҳату саломатӣ, хушбахтии оилавӣ, умри дарози Саъдиёна ва ба фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои наву бешумор таманно менамоям.

Саиднабӣ Наҷимӣ,

узви Иттифоқи нависандагон ва

рўзноманигорони Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh