Бо китоб то қуллаҳои мақсад

Китоб дар радифи Модар ва Ватан арзандатарин муқаддасот ба ҳисоб меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Хурсанд аз онам, ки фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун сарвар пас аз таъсисёбии Китобхонаи бачагонаи вилоятӣ оғоз намудаам. Доир ба кушодани китобхона фармони шўъбаи маданияти вилоят (ҳоло Раёсати фарҳанги вилоят) аз 13-уми октябри соли 1975, таҳти № 216 дар асоси қарори Шўрои депутатҳои меҳнаткашони вилоят (ҳозира Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят) аз 20-уми декабри соли 1974, № 496 ба тавсиб расид.

Бо кўмаку дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр барои китобхона бинои курси таълимӣ-истеҳсолии комбинати шоҳибофии шаҳр (ҳозира бинои ДДТТ шаҳри Хуҷанд)-ро интихоб намудем. Бо дастгирии собиқ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Назаров, собиқ раисони вилоят У.Қосимов ва шаҳри Хуҷанд А. Расулов барои таҷҳизонидани китобхона оғоз намудем. Баъди дастрасии таҷҳизот аз хазинаи китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба миқдори муайян китоб ҷудо карда шуд. Аз моҳи декабри соли 1977 Китобхонаи бачагонаи вилоятӣ дари худро ба рўи хонандагон кушод. Аз ҳамон рўз барои муштариён шўъбаҳои хизматрасонӣ, пуркунӣ, толори хониш, методисту китобшинос ба кор шурўъ намуданд. Соли 1978 хазинаи китобии китобхона 24.404 нусха ва хонандагонаш 3.293 нафарро дар бар гирифта, барои ҷалби муштариён ва тарғибу ташвиқи адабиёт дар давоми сол 145 чорабинии гуногунмазмун гузаронида шуд.

Барои дар амал татбиқ намудани қарори комиҷроияи Шўрои депутатҳои меҳнаткашони вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) барои гузаронидани таътили тобистонаи кўдакон ва наврасон дар ду лагери пионерии «Огонёк» ва «Космос» ва инчунин дар назди кўдакистони рақамҳои 4 ва 8 нуқтаи китобдиҳӣ ташкил гардид.

Ҳамон сол ба китобхонаҳои бачагонаи ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен, Зафаробод, Ашту Мастчоҳ ёрии методию амалӣ расонида шуд. Китобхона туфайли заҳмати аҳли кормандони ҷавону соҳибфазилаташ тавонист дар муддати кўтоҳ ба як макони илму ирфон мубаддал гардад. Дар ин ҷода саҳми Мавзунахон Ҳоҷибоева (рўҳашон шод бод), Рустам Асроров, Гавҳар Раҳматова, Анна Лигус, Эркиной Аҳмадалиева ва Олга Скубенко ҳамчун китобдор бисёр калон мебошад.

Ҳамин тавр, китобхона ба арсаи фарохи хонандаю китобхона ворид гардид ва дар уқёнуси васеи фарҳангу адабиёт қадамҳои устувори худро гузошт. Соли 1978 аввалин дар ҷумҳурӣ хизматрасонии китобии навро аз китобхонаҳои бачагонаи шаҳрҳои Россия омўхта, дар китобхона ҷорӣ намудем. Минбаъд вобаста ба синну соли хонандагон хизмат расонида мешуд. Вобаста ба он шўъбаи хизматрасонӣ низ ба ду баст - шўъбаҳои хизматрасонии синни томактабӣ ва хурди мактабӣ ҷудо шуд, ки тавассути чунин иқдом аз тарафи китобдор тавсияи адабиётҳо осонтар ва ба худи хонанда низ дарёфти китоб беҳтар гардид. Инчунин, дар ин шўъбаҳо фонди кушод низ ташкил карда шуд. Китобдорон барои ҷалби хонандагон аз ҳама роҳу воситаҳои тарғибу ташвиқи адабиёт ва гузаронидани чорабиниҳо, ба монанди, конфронси хонандагон, вохўрӣ бо шоирону нависандагон, озмуну викторина, сўҳбату байтбаракҳо, намоиши китобу сўҳбатҳо ва ғайраҳо истифода мебурданд. Дар ҳамон сол бори аввал бо пешниҳоди ман байни китобдорони китобхонаҳои бачагонаи вилоят озмуни вилоятии «Касби ман - ифтихори ман» (Китобдори беҳтарини сол) ташкил ва гузаронида шуд. Мақсади баргузории озмун баланд бардоштани дониши ҳар як китобдор, сатҳу сифати корбарӣ дар ҷойҳо, ҷалби хонандагон ба китобу китобхона буд, ки он то ҳол идома дорад. Дигар навъи корбарӣ дар китобхона ташкили нуқтаҳои китобдиҳӣ ва филиалҳо дар китобхона буд. Дар бинои мазкур то соли 1982 китобхона фаъолият намуд. Аксарияти китобдорон ҷавон буданд, аз ҷумла Мақсуда Усмонова, Мўътабар Мамадҷонова, Е. И. Лебеденко, М. Қодирова, Фароғат Аминова ва дигарон бо меҳру муҳаббат худро ба кори китобхона сафарбар менамуданд.

Соли 1982 китобхона ба ошёнаи якум ва таҳхонаи бинои истиқоматии кўчаи ба номи Камоли Хуҷандӣ, 164 кўчид. Китобхона соҳиби толорҳои барҳаво, утоқҳои корӣ барои шўъбаҳо ва фонди хазинавӣ гардид. Бо дастгирии Ҳукумати вилоят ва Раёсати фарҳанги вилоят барои харидани адабиётҳои тозанашр ва таҷҳизот, таъмир, сафари хизматӣ ба шаҳру ноҳияҳо, обуна ба рўзномаю маҷаллаҳо маблағ ҷудо гардид ва туфайли он хазинаи китобхона сол ба сол бой гардида, сафи ихлосмандонаш зиёд шуд. Китобхона дар фаъолияти чилсолаи худ якчанд озмун, аз қабили «Бонучаи Хуҷандӣ» (баъдтар унвони «Бонучаи Суғдӣ» ва алҳол «Шукуфаҳои Истиқлол») доир намуд, ки ҳадаф аз он бедор намудани меҳру муҳаббат ва шавқу ҳаваси кўдакон ба китоб ва ба ин васила дар онҳо тарбия намудани ҳиссиёти ватандўстию хештаншиносӣ мебошад.

Дигар чорабиние, ки барои баланд бардоштани донишу малакаи тахассусии китобдорон гузаронида мешуд, озмуни вилоятии «Касби ман-ифтихори ман»-ном дошт. Инчунин, озмунҳои вилоятии «Хонандаи беҳтарини сол», «Китобхонаи беҳтарин», намоиши иттиҳодияҳо, клубҳои шавқу завқ ва аёниятҳои тарғиботии китобҳои бачагона гузаронида мешуданд. Чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани савияи дониш, ташаккули ҷаҳонбинӣ, малакаю маҳорат, тақвияти меҳру муҳаббати бачагон нисбат ба китоб, миллат, Ватан мусоидат мекунад.

Маҳфилҳои адабӣ, муаррифии китобҳои шоирон ва нависандагон, ба монанди Додоҷон Раҷабӣ, Маҳкам Пўлод, Карим Абдулов, Ҳоҷӣ Содиқ, Наримон Бақозода, Абдумалик Баҳорӣ, Озод Аминзода, Неъмат Оташ, Ғуфрон Рустам (рўҳашон шод бод), Фарзона, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Аҳмадҷони Раҳматзод, Усмонҷон Ғаффоров ва дигарон имкон дод, ки хонандагон аз наздик бо онҳо мулоқот намуда, аз эҷодиёташон баҳраманд шаванд. Бахшида ба рўзи Дониш қабули хонандагони синфи якумро баргузор намудем. Маҳфилҳои «Китобхона дар меҳмонии мактабҳо», «Мактаб дар меҳмонии китобхона», дар таътили баҳоронаи мактаббачагон «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасон» доир мегарданд, ки алҳол ба ҳукми анъана даромадааст.

Солҳои охир баҳри баланд бардоштани маънавиёти насли наврас ҳамкории байни оила, мактаб ва китобхона нағз ба роҳ монда шуда, дар назди китобхона шўрои волидайн амал мекунад. Кормандони китобхона ҳамеша бар онанд, ки сифати хизматрасониро хуб ба роҳ монда, шакл ва усулҳои нави корбариро ҷустуҷў намоянд, дар баланд бардоштани савияи дониш, маънавиёти насли навраси ҷомеа саҳми арзанда гузоранд. Хушбахтона ҳоло хазинаи китобии китобхона ба 70.868 нусха расида, сафи хонандагонаш 2676 нафарро ташкил медиҳад.

Бо дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ китобхона ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукўҳӣ гузошта шуд. Ҳоло кормандон мекўшанд, вазифаҳои дар ўҳда доштаашонро дар роҳи баланд бардоштани маънавиёт, худшиносиву ватандўстии насли наврас то қадри имкон бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба ҷо оранд. Дар ин кор бо роҳбарии директори китобхона Муаззама Расулова, кормандон М. Усмонов, М. Асимова, М.Бобоҷонова, М. Расулова, С. Турсунова, Ф. Аминова, М. Болтубоева, П. Мамадова бо муассисаҳои мактабӣ ва томактабӣ ҳамкорӣ намуда, пешравии маънавии кўдаконро бо роҳи таълиму тарбия амалӣ месозанд.

Кормандони китобхона бар онанд, ки сифати хизматрасониро хуб ба роҳ монда, шакл ва усулҳои нави корбариро ҷустуҷў намоянд, дар баланд бардоштани савияи дониш ва маънавиёти насли наврас саҳми арзанда гузоранд. Китобхонаи бачагонаи вилоятии ба номи Аминҷон Шукўҳӣ дар давоми 40 соли фаъолияти худ ба дастовардҳои назаррас соҳиб шуд. Соли 1984 ҳамчун китобхонаи беҳтарини бачагона акси китобхона дар Намоишгоҳи Комёбиҳои Хоҷагии Халқи шаҳри Москва ба намоиш гузошта шуд. Соли 2000 ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Дониш талабу бузурги омўз» ва мукофоти моддӣ гардида буд. Якчанд сол ғолиби озмуни вилоятии «Рўзӣ Рўдакӣ» гардида, инчунин бо Ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсати фарҳанги вилоят ва дигарҳоро дорост. Кулли кормандони китобхона ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва ҳамаи дигар ихлосмандон барои дастгирию кўмак, маслиҳату машвараташон изҳори сипос менамоем.

 Хайринисо Раҳимова,
 директори Китобхонаи вилоятии
бачагона дар солҳои 1976-2013,
дорандаи Ифтихорномаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Аълочии фарҳанги ҷумҳурӣ

Add comment


Security code
Refresh