Шиносоӣ бо ҷараёни навсозии боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфи Исфарангӣ

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни сафари кории худ ба  шаҳри Исфара ҳамзамон шароити зиндагию хизмати сарбозон ва омодагии дидбонгоҳи сарҳадии Ворухро ба мавсими зимистонгузаронӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод.

Раиси вилоят бо вазъи буду бош ва хизмату истроҳати сарбозон дар хобгоҳ, хонаи фароғатӣ, ошхона ва майдончаҳои варзишӣ ва дигар иншооти хизматӣ аз наздик ошно шуда, аз захираи маводи хӯрока дар қисми ҳарбӣ изҳори қанотмандӣ намуд. Ҳайати шахсӣ бо маводи зарурии ғизоӣ таъмин буда, бо дили гарм ба иҷрои рисолати касбӣ- ҳифзи марзи кишвар машғуланд. Раиси вилоят тавсия дод, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити хизмати сарбозон дар назди дидбонгоҳи сарҳадӣ хоҷагии ёрирасон ташкил карда шавад.

Рафти азнавсозии пули мошингузар аз болои дарёчаи Исфара дар километри шашуми роҳи Исфара-Ворух низ мавриди назари Раиси вилоят қарор гирифт. Бояд гуфт, ки пули мазкур, ки дар деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати деҳоти Шаҳрак мавҷуд аст, қаблан андозаи хурд дошт ва танҳо барои нақлиёти сабукрав пешбинӣ шуда буд. Пас аз таҷдиду навсозӣ бошад, ин пул бо паҳноии 8,5 метр ва дарозии 20 метр рафту омади сокинони ҷамоатҳои атрофро бо нақлиёти гуногун ба маркази шаҳр боз ҳам беҳтар хоҳад кард. Сохтмони пул аз ҷониби ҶДММ "Роҳи вахдат" ба роҳ монда мешвад. Роҳбари ширкат уҳдадор гардид, ки азнавсозии пулро давоми се моҳ ба анҷом расонад.

Барои сокинони маркази шаҳри Исфара оғози корҳои таҷдиду азнавсозии боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфи Исфарангӣ дар соли равон руйдоди фараҳбахш гардид.

Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеи фарҳангиро Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ зимни сафари кории худ мушоҳида намуд.  Боғи мазкур ба муносибати таҷлили 830 - солагии шоир ва мутафаккири барҷаста Сайфи Исфарангӣ аз якуми июли соли равон оғоз гардида, тибқи нақша даромадгоҳи боғ, фаввораю шаршара, иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ, аттраксионҳо ва нишастгоҳҳои он таъмиру навсозӣ гардида,  дар саҳни он пайкараи барқади шоир Сайфи Исфарангӣ гузошта хоҳад шуд.

Дар паҳлӯи пайкараи шоир айвонҳои барҳаво бо тарҳу намуди миллӣ қомат афрохта, дар маҷмӯъ боғи мазкур ба таври  замонавӣ зебову навсозӣ мешавад.

Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва лоиҳаи азнавсозии боғи мазкур Раиси вилоят дастур дод, ки навсозии боғи мазкурро бояд бо усули меъмории миллӣ ба роҳ монанд, инчунин бунёди як чойхонаи миллӣ дар ин мавзеъ тавсия дода шуд. Ҳамчунин масъулини шаҳр барои дар сатҳи баланд ташкил намудани хона-музейи шоир ва бо китобу дастхатҳои бостонӣ, либос ва анъанаҳои қадимии сокинони маҳал фаро гирифтани он вазифадор гардиданд.

-Хона-музейи шоир Сайфи Исфарангӣ бояд ифодагари анъанаи асили хонадории мардуми Исфараи бостонӣ бошад - таъкид намуд Абдураҳмон Қодирӣ.

Ифтитоҳи боғи навсозишуда дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh