Боғи Сайфи Исфарангӣ симои нав мегирад

Ман ҳоло бо итминони комил гуфта метавонам, ки мо бо такя ба нерўи созандаи мардуми соҳибмаърифати худ ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи онҳо ба ҳамаи мақсадҳои некамон ва дар навбати аввал, фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат наздик шуда истодаем. Муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва ҳукумат мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Нерўи созандагии мардуми диёри мо аст, ки таҳти роҳбарии Сарвари мамлакат дар давоми чаҳоряк асри соҳибистиқлолӣ ба ин қадар дастовардҳои оламшумул ноил гардидем. Имрўз ба симои шаҳру деҳоти сарзаминамон назар меафканему аз сатҳи баланди зиндагӣ, ободиву сарсабзиҳо бори дигар ба қудрати дастони инсон қоил мемонем. Тамоми комёбиву дастовардҳои мардуми диёрамон, маҳз бо ҳидояту дастурҳои Президенти мамлакат ба даст оварда шудаанд.

Дар ин радиф тибқи дастуру супориши Сарвари кишвар ва дастгирии Раиси вилоят мардуми шаҳри Исфара ба амалҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷараёни тоза бахшида, аз ҷумла корҳои азнавсозии Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Сайфи Исфарангиро ба роҳ мондаанд.

Бобати рўшанӣ андохтан ба рафти корҳои азнавсозии боғ мухбири рўзнома ба сардори Идораи сохтмони асосии шаҳр Баҳром Бобоев муроҷиат кард.

-Дигаргун кардани симои Боғи фарҳангиву фароғатӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят амалӣ гардонида шуда, баҳри истиқболи сазовори ҷашни 830- солагии шоир ва мутафаккири бузург Сайфи Исфарангӣ ба нақша гирифта шудааст. Корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳанўз аз моҳи майи соли равон оғоз ёфтанд. Мувофиқи нақша дар боғ сохтмону бунёдкориҳо ба маблағи бештар аз 4 миллиону 200 ҳазор сомонӣ анҷом дода хоҳанд шуд. Ҳудуди корҳои азнавсозиву ободонӣ 3,3 гектарро ташкил медиҳад. Иншоотҳои фарсуда, аз ҷумла аттраксионҳо гирифта шудаанд, ки баъди азнавсозӣ ба ҷои онҳо таҷҳизоти бозиҳои бачагонаи наву замонавӣ гузошта мешаванд.

Алҳол корҳои ҳамворкунии заминҳо, мустаҳкамкунии ҳудуди боғ, бунёди дарвозаи даромади боғ бунёди шаршара давом карда, ба маблағи зиёда аз 600 ҳазор сомонӣ корҳо анҷом дода шудааст. Бояд зикр намоям, ки рафти корҳо дар маркази диққату эътибори роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дошта, Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ маҳз бо мақсади шинос шудан бо рафти корҳо се маротиба ба шаҳри Исфара ташриф оварданд ва баҳри пешрафти минбаъдаи корҳо дастуру супоришҳо доданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки аксари бунёдкориҳо дар Боғи фарҳангиву фароғатӣ бо қувваи соҳибкорони маҳаллӣ ба сомон расонида мешавад. Аз ҷумла, дарвозаи боҳашамати даромадгоҳи боғ аз тарафи ҶДММ «Ширкати сохтмонии Исфара», азнавсозии фаввора аз ҷониби Корхонаи кимиёвии шаҳр анҷом дода шуда истодааст. Баҳри муҳайё намудани масолеҳи сохтмонӣ корхонаи сементбарории шаҳр, Ширкати сохтмонии «Бинокор», Комбинати масолеҳи бинокорӣ ва инчунин соҳибкорон бо роҳбарии вакили маҷлиси шаҳрии шаҳри Исфара Саидалӣ Миристоев, Фурқат Деҳқонов ва дигарон ҳиссаи шоиста гузошта истодаанд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки бо дастгирии маъмурият ва директори боғ Акрамҷон Воҳидов ҳар рўз 30-35 нафар корманд ба кор баромада, баҳри дар мўҳлати муқарраршуда ба анҷом расидани азнавсозии боғ саҳм гузошта истодаанд.

Супоришгари лоиҳаи таҷдиди боғ шўъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара буда, лоиҳа аз ҷониби шўъбаи меъмории шаҳр таҳия гардидааст.

Корҳои марҳалаи якуми азнавсозии боғ дар рўзҳои наздик ба анҷом расида, тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилоят созандагиву бунёдкориҳо дар марҳалаи дуюм идома хоҳанд ёфт. Дар назар аст, ки Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Сайфи Исфарангӣ дар рўзҳои ҷашни Наврўзи соли 2017 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Рафоат МЎЪМИНОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh