Шоири сапедасаро

Дар китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ бахшида ба 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Доро Наҷот маҳфилӣ адабӣ- фарҳангӣ таҳти унвони «Шоири сапедасаро» баргузор гашт.

Дар маҳфил аҳли илму адаби вилоят ва алоқамандони шеъри ноби Доро Наҷот ҳузур доштанд.

Маҳфилро сарвари китобхона вилоятии омавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ҳамоиши шеъру ишқ хайрамақдам гуфт. Раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод Доро Наҷотро ифтихори адабиёти муосири тоҷик унвон карда, баргузории ин маҳфилро аз саодати камназири ҳаводорони шеър донист. Ў хотироти хешро дар мавриди дӯстиву ҳамкорӣ бо устоди шеъри сапеди тоҷик ёдрас шуда, ба шоир саломатӣ ва қалами сабз таманно намуд.

Мудири кафеди умумидонишгоҳии забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Салоҳиддин Вайдуллозода роҷеъ ба «Ташреҳи калимаҳои лаҳҷавӣ дар «Фарҳанги Доро»» натиҷаҳои омӯзиши илмии хешро баён дошт.

Шоири ширинкалом Суруш дар баромади хеш андешаҳояшро дар мавриди шеъри Доро Наҷот баён дошта, таъкид намуд, ки Доро Наҷот дар осмони адабиёти тоҷик ситораи рахшон мебошад.

Дар мавриди «Ҷойгоҳ ва сайри воҷагон дар шеъри Доро Наҷот» дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Баҳром Мирсаидов андешаҳои ҷолиберо баён дошт.

Адабиётшинос Атахон Сайфуллоев, Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона, шоири ширинбаён Озарахш низ ҳарфи муҳаббату самимият ва иродати хешро ба шахсият ва ашъори Доро Наҷот иброз доштанд.

Қироати шеърҳо аз осори Доро Наҷот таъби ҳозиринро болида сохт.

Дар интиҳо Доро Наҷот муҳаббат ва саммимияти хешро ба аҳли нишаст иброз дошта, ёдрас шуд, ки Хуҷанди бостонӣ шаҳри ҷавониҳои ӯст ва ӯ ошиқи ин  шаҳр аст.

Сурайё Ҳакимова

Add comment


Security code
Refresh