«Тирози ҷаҳон» меваи боғи Истиқлолият

Бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии рӯзномаи шаҳрии «Тирози ҷаҳон» дар толори бинои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конфрониси  илмӣ таҳти унвони «Мақоми васоити ахбори омма дар пешрафти ҷомеа» баргузор гашт.

Дар кори конфронс намояндагони илму адаб ва журналистикаи вилоят иштирок доштанд. Конфронсро ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода оғоз бахшида, васоити ахбори оммаро дар замони муосир аз пуриқтидортарин минбари таблиғу ташвиқ унвон кард ва дар ин замина нақши рӯзномаи шаҳрии «Тирози ҷаҳон»-ро дар инъикоси ҳаводиси давр бориз арзёбӣ кард.

Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз аҳли қалами рӯзномаи шаҳрии «Тирози ҷаҳон»-ро бо ин санаи хотирмон шодбош гуфта, дар маърӯзаи худ роҷеъ ба  «Мақоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди воситаи ахбори омма дар Тоҷикистон» андешаҳои ҷолиб баён дошт. ӯ таъкид кард, ки Сарвари давлат ба рушди журналистикаи муосири тоҷик таваҷҷӯҳи хос дошта, замони истиқлолият тамоми шароитро барои инкишофи бемайлони рӯзноманигорӣ муҳайё кардааст. «Тирози ҷаҳон» фарзанди замони истиқлолияти давлатӣ буда, тӯли ин солҳо дар равнақи журналистикаи муосири тоҷик саҳм мегузорад.

«Виҷагиҳои ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ бо воситаи ахбори омма» дар гузориши номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатишиносии ДДҲБСТ Ҷумъа Ёқубов таҳлили хешро пайдо кард.

Номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик Ҷурабек Исомаддинов дар мавриди «Матбуоти чопии вилоят ва инъикоси воқеаҳои муҳими ҷомеа дар он» баромад намуда, натиҷаҳои хуби илмиро арзёбӣ кард.

Сармуҳуррири рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» Фарзона Алиева аз дирӯзу имрӯз ва фардои рӯзномаи мазкур ёдрас шуд. Зимни гузориши мавсуф хидматҳои шоистаи рӯзноманигорони варзидаи вилоят дар рушду такомули ҷаридаи мазкур таъкид гашт. Фарзона Алиева аз нақшаҳои минбаъдаи аҳли қалами рӯзнома ҳарф зада, қайд кард, ки баҳри ободиву созандагии ватани маҳбуб рӯзнома саҳми босазо хоҳад гузошт.

Дар интиҳои конфронси илмӣ раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз собиқадорони матбуот ва пешқадамони соҳаро бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кадршиносӣ кард.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh