Бо мақсади шиносоӣ бо таҷрибаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ гурўҳи корӣ аз шаҳри Душанбе ба Суғд омад

Тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эҳё намудани ҳунарҳои миллии атласу адрасбофӣ бо мақсади шиносоӣ бо таҷрибаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ аз пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини аввали раиси шаҳр Шакарбек Самадзода гурўҳи корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.

Зимни сўҳбат бо меҳмонон Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ оид ба рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумии атласу адрасбофӣ ва қолинбофии дастӣ дар вилоят иттилоъ дод. Зикр гардид, ки дар вилоят бо мақсади ҷалби занҳо ба омўзиши ҳунарҳои адрас ва атласбофӣ зиёда аз 159 маркази омўзишӣ таъсис дода шуда, давоми се сол 9000 зани хонашин соҳиби касбу ҳунар шуданд. Ҳамчунин, барои дастгирии ҳунармандон грантҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ таъсис дода шудааст, ки ҳар сол лоиҳаҳои беҳтарини занҳои ҳунарманд барои амалӣ намудани фаъолияти ҳунармандӣ дар ҷамоату деҳоти вилоят дастгирӣ карда мешаванд.

Таъкид карда шуд, ки барои ҳавасманд намудани адрасу атласбофон дар шаҳру ноҳияҳо ва дар вилоят Фестивал - озмуни адрасу атлас ва бофандаи беҳтарин гузаронида мешавад, ки барои рушди соҳа заминаи муҳим мегузоранд. Натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ имкон дод, ки ҳунари бофандагӣ ба марҳалаи дуюми рушд бирасад ва алҳол занҳои ҳунарманд аз ҳафт то дувоздаҳ рангро барои бофтани матоъ истифода менамоянд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки занҳои адрасбоф ҳунари худро сайқал дода, матои ҷавобгў ба талаботи бозор истеҳсол менамоянд.

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ имкон дод, ки занҳои хонашине, ки ҷои кор ва шуғли доимӣ надоштанд имрўз соҳибҳунар ва даромад гардиданд.

Дар марҳилаи дувуми рушди адрасу атласбофӣ дар вилоят Муассисаи давлатии Маркази эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ ташкил карда шуд. Вазифаи асосии муассисаи мазкур ташкил намудани хизматрасонӣ, таъминот бо дастгоҳ ва маҳсулоти нимтайёр ва идома додани омўзиши ҳунар мебошад. Меҳмонон аз сўҳбати судманд ва маслиҳатҳои муфид дар ҷодаи рушди ҳунармандӣ ба Роҳбари вилоят арзи сипос намуда, барои омўхтани таҷрибаи адрасбофони вилоят аз марказҳои ҳунаромўзӣ боздид ба амал оварданд.

 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh