Хароҷоти тўи арўсӣ: Дар шаҳр бештар ё дар деҳот?

Дар илми забоншиносӣ хароҷоти аз меъёр зиёдро бо истилоҳи “исроф” ном мебаранд, ки шариати Ислом онро ҳаром медонад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳз барои пешгирии хароҷоти изофа, сарфакориву гузаронидани маъракаҳои ихчам нигаронида шудааст . Чунон ки огоҳ шудем, дар вилоят беш аз 200 тўйхона вуҷуд дорад.

Хизматрасонӣ бо ҳисоби миёна барои гузаронидани маъракаҳои тўй тақрибан аз 2 то 10 ҳазор сомонӣ нарх аз тарафи соҳибони тўйхона муқаррар карда шудааст. Интихоби тўйхонаҳо аз худи тўйдор вобаста буда, дар вақти гузаронидани базмҳо, нархи тўйхонаҳо бо мутасаддиёни тўйхона мувофиқа мешавад. Имрўзҳо оё қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо аз тарафи шаҳрвандон риоя мегардад? Хароҷоти базми арўсиву домодии маркази шаҳр аз деҳот имрўз чӣ фарқ дорад? Гузаронидани тўи арўсиву домодӣ дар шаҳр гарон аст ё дар деҳот? Ба ин пурсиш мо аз бархе сокинони вилоят посух гирифтем.

Сўҳроб РУСТАМЗОДА - иҷрокунандаи вазифаи мудири шўъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят: - Мутобиқи моддаи 4-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки на камтар аз 30 нафар корманд доранд, сарфи назар аз шакли моликият, оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода, фаъолияти онҳоро тибқи қонуни мазкур ба роҳ мемонанд. Агар тибқи қонун ҳама баробар корбарӣ намоянд, қонуншиканӣ аз байн меравад.

Имрўз мардум моҳияти қонунро дарк намудаанд ва ҳама медонанд, ки бояд ҳатман қонунро риоя намуд. Оид ба нарху навои тарабхонаҳо дар вилоят мо бо роҳбарону мутасаддиёни тўйхонаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем, то ки нарх дастраси халқ бошад.

Комиссияи доимӣ амал мекунад, раисони маҳаллаҳо ва мутасаддиён ҳар маъракаро таҳти назорат қарор додаанд, аммо новобаста ба ин ҳастанд нафароне, ки ба қонуншиканӣ роҳ дода, аз тарафи мақомотҳои дахлдор ҷаримабандӣ ва чораҳои маъмурӣ андешида шудааст.

Сабоҳатхон МУҲИДДИНЗОДА - сокини шаҳри Хуҷанд: - Ҳар як падару модар аз овони хурдии фарзандаш орзу дорад, ки рўзе ў калон шавад ва соҳиби бахт гардад. Ману шавҳарам низ ин рўзи хурсандии фарзандонамонро дер боз интизор будем. Соҳиби ду фарзанд ҳастем, як духтар ва як писар.

Ҳамин сол писарамро оиладор намудам, барои хароҷоти тўй ва оши наҳор тақрибан 16 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 8 ҳазор нархи тўйхона дар базми оши наҳор ва шаби тўй, 2 ҳазор ҳофиз, 500 сомонӣ барандаи тўй, 700 сомонӣ карнай ва боқимонда барои ороиши дастархон масраф гардид.

Дар тарабхонаи «Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд, ки макони зебо ва шароити хубу фароҳам барои гузаронидани базм дорад, бо хоҳиши аҳли оила тўйро барпо намудем.

Бояд қайд намоям, ки тибқи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо тўй бо иштироки хешу табор ва ёру дўстони келину домод гузаронида, на кам аз 140 нафар меҳмон дар шаби хурсандиамон ширкат варзиданд.

Ҳар шахс аз рўи тавонаш бояд тўйро барпо намояд, ман низ аз рўи орзуву ният ва имкониятам шаби хурсандии фарзандамро гузаронидам.

Абдуллоҷон ҒОИБОВ - сокини ноҳияи Деваштич: -Ҷашнгирии тўю маърака дар ноҳия вобаста аз рўи қонун ва хости дили нафаре, ки тўй мегузаронад, сурат мегирад. Аслан баргузории тўйҳо байни деҳаву ноҳия ва шаҳр фарқияти калон дорад. Дар деҳот нисбат ба шаҳр тўй камхарҷ мегузарад. Тўй дар саҳни ҳавлӣ баргузор мегардад ва маблағи тўйхона бошад, барои дигар лавозимот сарф мешавад. Вобаста ба хешу табор ва дўстону наздикони шахси тўйдор. Мо наметавонем, агар дўстони зиёд дошта бошем, бидуни онҳо тўи худро баргузор намоем. Мехоҳем, ки бо ҳамроҳии ёру дўстон ва наздикони хеш шодиву хурсандӣ намоем.

Дар маъракаҳои деҳот барои халқи оддӣ, танҳо оши палав кифоя аст. Барои ҳофизон бошад, ман гуфта метавонам, ки то 1000 сомонӣ хароҷот менамоем. (Баъзан шахсони орзуву ҳавасдор ба маблағҳои калон ҳофизони номдорро аз маркази вилоят ба маъракаашон меоранд).

Дигар хароҷот бошад, вобаста ба худи шахс аст. Агар тахминан ҳисоб намоям, маълум мешавад, ки то 15 ҳазор сомонӣ ва аз он ҳам зиёд, барои маъракаи тўйҳои деҳот хароҷот мешавад.

Шахси тўйдор (агар чорво надошта бошад) ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ (ё се-сеюним ҳазор сомонӣ ҳам) моли калони шохдор барои гўшт мегирад, 2 ҳазор сомонӣ барои биринҷ ва дигар маҳсулоте, ки ба оши тўй хароҷот мешавад, масраф мекунад. Ҳамчунин, барои ороиши дастархон, барои ҳадя ба нафароне, ки дар тўй хизмат мекунанд, наздики 5 ҳазор сомонӣ хароҷот мегардад. Ба қавле тўй, ки сар шуд, маблағи зиёд сарф мешавад. Бинобар ин хароҷотҳои майдаи ба назар ноаёнро шахсони тўйдор ҳисоб намекунанд.

Ҳамин тавр, гуфтан мумкин баҳри баргузории тўй наздик понздаҳ ҳазор сомонӣ сарф мешавад.

Умеда РАҶАБОВА- сокини шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт: - Дар ноҳияи Ашт чандест, ки як анъанаи аҷибе ҳукмрон аст. Тўй як рўз дар хонаи домод, рўзи дигар дар хонаи арўс баргузор мегардад. Ҳоло мардум, ки тўйро дар тўйхонаҳои деҳа, шаҳрак мегузаронанд, маълум мешавад, ки танзимро риоя наменамоянд.

Базми духтарон дар ноҳияи Ашт ё як рўз пеш аз тўй ё ҷониби домод ё як рўз баъд аз тўй баргузор мегардад. Пас, қонуни танзими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия риоя намегардад. Чунки домодталабон дар доираи қонун бояд бо иштироки 15 нафар сурат гирад. Аммо дар ноҳияи Ашт бошад, анъанаи қадимаи худро давом медиҳанду базми духтаронро нигоҳ медоранд ё пас аз тўй домодталабон баргузор менамоянд. Меҳмонони домодталабон низ ҳамонҳое ҳастанд, ки дар шаби тўйи арўсӣ иштирок карда буданд. Танзим танҳо дар он аст, ки як намуд хўрок мепазанду халос ва хароҷоти тўй аз худи ҳар тўйкунанда вобаста аст.

Моҳияти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ин камхарҷ ва ихчам гузаронидани маъракаҳо буда, он ашхосе, ки ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд, ба буҷаи оилаи худ зарар мерасонанд.

Чунон ки Сарвари мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш иброз медоранд, бояд маъракаҳоро камхарҷ намуда, маблағро барои омўзиши фарзандон ё барои беҳбудии шароити зисти навхонадорон харҷ намоянд. Чунки имрўз соҳибилмию соҳибмаърифатӣ дар зиндагӣ мақоми аввалро дорад...

 Шаҳноза ҲОМИДОВА,
 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh