ПАДАР, маро кино баред!

Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар вилояти Суғд фазои созандае барои рушди синамои тоҷик муҳайё шудааст. Таъсиси Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов далели бебаҳси ин гуфтаҳост. Киностудияи мазкур давоми як сол се филмро ба навор гирифт, ки мақбули тамошобинони тоҷик гашт. Айни замон “Суғдсинамо” филми наверо бо номи “Тангно” ба навор гирифта истодааст, ки гузоришеро аз ҷараёни сабти филм пешкаши хонандагон мегардонем.

Ривояти “Суғдсинамо” дар Амондара

Ассалому алайкум, додо! Ҳоло аниқ намедонам, ки Шумо дар кадом шаҳр муҳоҷири меҳнатӣ ҳастед. Аммо аниқ медонам, ки барои писартӯйии ман маблағ ҷамъ мекунед. Ман ҳоло дар Амондара. Ин ҷо амакҳои ҳунарманд аз “Суғдсинамо” дар бораи ман Армон филм ба навор мегиранд. Дар такя ба романи Нависандаи Халқии Тоҷикистон Сорбон “Тангнои гетӣ” аз рӯи филмномаи “Тангно”-и Бахтиёр Каримов коргардони ҷавон Муҳиддини Музаффар дар чодари хаёли синамо қиссаи маро ба тасвир мекашад. Имрӯз ба тими таҳиягарони “Тангно” рӯзноманигоре шарик шуд, то аз заҳмати синамогарони “Суғдсинамо” мақолае нависад ва ман тасмим гирифтам, ки мактуби худро тавассути ҳамин журналист ба Шумо расонам.

Озмуни ҳунарпешагон дар Хуҷанду.... интихоби маркабҳо дар Амондара

Айни гармои саратони соли 2016 дар Хуҷанд озмуни интихоби ҳунарпешагон, ба истилоҳи синамо “Кастинг”, бештар аз 400 нафар ҳаваскорони санъати синаморо аз гӯшаю канори вилояти Суғд атрофи “Суғдсинамо” ҷамъ намуд. Дастаи созандагони филми “Тангно” бо роҳбарии Муҳиддини Музаффар бо иштирокчиёни озмун, ки аз 6-сола то 60-сола буданд, як ба як сӯҳбат карда, тавассути бозидани саҳна маҳорати эшонро дар тарозуи ҳунари синамо месанҷиданд. Ҳамвора дар Қасри фарҳанги шаҳри Панҷакент ҳам байни ҳаводорони бозӣ дар синамо кастинг доир гардид. Аз ғалбери коргардони филм танҳо дувоздаҳ нафар барои иштирок дар филм гузаштанд, ки Армон ҳам дар ин саф буд.

Ба зиммаи ёварони коргардон Темури Султон ва Кароматуллоҳи Нор гузаронидани кастинги маркабҳо (харҳо) дар деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент вогузошта шуда буд. Маркабҳои довталаби дар синамо нақш бозидан кам набуданд. Ин ҷо маркабҳоро бештар ба номи соҳибонашон мешиносанд. Ана хари Абдуғаффор, хари Носир, хари Исмат, хари Умриддин, хари Бегимхола ва даҳҳо харҳои дигар бо тӯқумҳои зебо лаҷом ба дасти соҳибони худ навбати ғамзакунӣ назди дастгоҳи наворбардорӣ доштанд. Дар маҷмӯъ, 8 маркаб ба нақшҳои марказӣ, 4 маркаб барои нақшҳои умумӣ ва 2 маркаб ҳамчун борбардори гурӯҳи маъмурии филм интихоб шуд.

Ҳатто як рӯзи наворгирӣ хари Армон гурехта, паси кӯҳ рафт. Аз он рӯз пас маркабҳоро низ шабона назди гурӯҳи синамогарон ҷой доданд....

Оши Панҷакент дар хонаи Сорбон

 Барои гурӯҳи таҳиягарони филми “Тангно” дар ҳавлии сердолу дарахти нависанда Сорбон манзили хоб додаанд, ки дар оғӯши кӯҳсори Амондара маъво гирифтааст. Ин табиати дилфиреб ҳар нафари эҷодкорро бетараф намегузорад. Фаридуни равшандиҳанда ба қафасҳои худ дом гузошта, саъба меқападу Тоҳири рассом манзараи кӯҳистонро ба тасвир мекашад.

 Дар паҳлӯи хонаи Сорбон осоишгоҳи “Санги сипар” амал мекунад, ки тиҳӣ аз сайёҳон аст. Аз афташ, соҳибмулкони нав ғофил аз олами ҳангомасозӣ ҳастанд, ки мизоҷони навро барои истироҳат ҷалб намоянд.

 Рӯи ҳавлӣ зирбаки оши палави акаи Мисбоҳиддин дар ҷӯш аст. Пас аз тановули палави Панҷакент аҳли гурӯҳро фаъолияти пурҷӯшу хурӯши синамо интизор аст.

-Ҳар лаҳзаи рӯзи офтобӣ ғанимат аст,- мегӯяд ёвари коргардон Темури Султон, - мо аз сентябр боз инҷоем ва имсол охири ноябр барф борида, саҳнаҳои тобистонаи моро ба зимистон табдил дод.

Саҳнаҳои сабз дар фасли хазонрез

 Тоҳири Назар рассом-таҳиягари филм ҳанӯз августи соли 2015 назди Тути калони Амондара саҳнаи чойхона, сартарошхона, мағоза, нонвойхона, пули чӯбин, чархак сохта, майдони сабтро омода намуд. Давоми ду моҳ маркази деҳа ба шаҳраки синамо табдил ёфт. Чун ҳодисаҳои филм айёми тобистон мегузарад, бо вуҷуди фаро расидани тирамоҳ рассом кӯшиш мекард, ки дар саҳна ҳама бо либоси тунук ва дарахтон сабз бошанд. Дар интихоби либос, саҳна, равшанӣ, ҳаракати мавзуни ҳунарпешагон ва ҳатто тарзи талаффузи калимаҳо аҳли гурӯҳи эҷодӣ бо роҳбарии Муҳиддини Музаффар заҳмати зиёд мекашанд.

Нақши харидор кори саҳл набудааст...

 Инак, саҳнаи бозори Амондара омода шуд. Армони кӯдак барои пасандози роҳкиро ва тӯяш аробакашӣ мекунад. Дар қатори дигар иштирокчиёни саҳнаи умумӣ коргадони филм ба мани рӯзноманигор офаридани нақши харидорро бовар мекунад. Як халта пиёзро харида, нигоҳам ба Армони аробакаш меафтад, ки омода аст ба ивази 1 сомонӣ бо велосипеди худ халтаи пиёзро то назди мошинам барад. Шумо бовар мекунед, ки барои наворгирии ҳамин як саҳна ду рӯзи мо дар бозор сарф шуд.

-Омодагӣ! Мотор! Рафтем!- амр медиҳад коргардон ва паси дастгоҳи наворбардорӣ мегузарад.

Саҳнаи бозор. Равуои одамон. Баҳси харидору фурӯшанда. Армон ва ҳамсолони ӯ бо велосипеду харароба “Бор ҳаймӣ?!” гӯён дар бозор фарёд мезананд. Мани харидор як халта пиёзро ба велосипеди Армон бор карда, аз байни анбӯҳи харидорон аз бозор берун мешавам.

-Стоп! – фарёд мезанад коргардон, - о, чаро ҷомаи худро накашидед?

Воқеан ҳам ман бо ҷомаву қаҳрамони марказии филм Армон бо либоси тунук. Тамошобини зирак пай мебарад, ки ин саҳна на дар тобистон, балки тирамоҳ наворбардорӣ шудааст.

Ҷомаро бадар мекунам ва ба саҳнаи дуюм омода мешавем.

-Ҳама ба ҷойҳои пешинаи худ!-амр медиҳад ёвари коргардон. Аз сари нав халтаи пиёзро аз велосипед гирифта, назди харидор мегузорам.

-Омодагӣ! Мотор! Рафтем! - амр медиҳад коргардон ва паси дастгоҳи наворбардорӣ мегузарад.

Такрори саҳнаи аввал. Аммо боз фарёди коргардон боло мешавад: “Стоп!”

- О, ту чаро ба камера нигоҳ мекунӣ-а? – як наврасро сарзаниш мекунад наворбардор Комилҷон.

- Ҳамон нафарони дар қафобуда Шумо ҳам ба савдо машғул шавед охир, на мисли тамошобин рост истода... - таъкид мекунад коргардон.

- Илтимос, ба тоҷикӣ хуб ҳарф зада, савдо кунед,- хоҳиш мекунад садобардор, - овози зинда сабт мешавад.

Саҳнаи навори бозор маротибаи сеюм ҳам бо нидои “Стоп!” қатъ мегардад. Ин дафъа кадоме бо либоси зимистона дар саҳна намудор ва ду духтар бо табассум ба сӯи наворбардор нигоҳ кардаанд.

-Канӣ, ҳа, шитоб мекунем, - даъват мекунад коргардон,-офтоб ба ғуруб меравад.

Ниҳоят ин саҳна ба навор гирифта мешаваду лаҳзаи аз велосипед халтаи пиёзро гирифта, ба мошин гузоштанам ба рӯзи дигар мононда мешавад.

Ду сӯиқасд ба ҷон дар як тӯй

Рӯзи наворгирии саҳнаи тӯй тибқи филмнома Армон қаҳр карда, дар лаби дарё қасди худкушӣ мекунад. Ҳама мубталои наворгирӣ ва ин замон духтаре аз Амондара ба қуллаи кӯҳ баромада, қасди худкушӣ мекунад. Нахуст ӯро чун як тамошобин мепиндоранд, вале дертар авзои ноҷой ва ҳаракатҳои худкушии ӯро дида, ҳама паи халос кардани духтар мешаванд. Аён шуд, ки он духтар бо падари худ моҷаро карда, қасди худкушӣ намудааст.

 Аз ин пас дар майдони сабт ва берун аз он шахсони тасодуфиро роҳ намедоданд, то касе дар рафти навор осеб наёбад.

 Умарҷон Сатторови ҳунарпеша мегӯяд, ҳар боре дар лаҳзаи ошхӯрӣ ба иштиҳо даст ба даҳон мебурданд, амри “Стоп”-и коргардон боло мешуд ва табақҳоро аз назди дастархон мебурданд. Ба мисли Умарҷон дигар иштирокчиёни саҳнаи тӯй низ аз навори такрор ба такрори як саҳна хулоса бароварданд, ки барои нони санъаткориро хӯрдан дандони оҳанин лозим.

Офтоб ҳасту соя нест....

Барои саҳнаҳои умумӣ бештар сокинони маҳаллӣ ҷалб мешуданд. Аммо иштироки эшон дар филмбардорӣ фаъол набуд. Бештар хонандагони синфҳои болоии мактаби деҳаи Амондара ҷалб мешуданд. Аммо аз нигоҳи созандагони филм дар саҳнаҳои умумӣ ба таври сояҳо бояд нафарони синну соли гуногун иштирок намоянд. Дар ин маврид директори филм Осим Орифзода бо роҳбарони ҷамоатҳо тадбирҳои маърифатӣ гузаронида, пиру барноро ба майдони сабт ҷалб менамуд.

-Қаҳрамони марказии филм офтоб бошад, - шарҳ дод коргардон Муҳиддини Музаффар, - пас нафарони саҳнаҳои умумӣ шабеҳи сояҳо мебошанд, ки наворро пурра месозанд.

Воқеан ҳам дар саҳнаи умумӣ як худи қаҳрамон мисли офтоби бесоя танҳост.

Даллолу шоира: тарозуи ҳунар ба дасти кист?

 Аҳлиддини Шариф ҳунарпешаи театри “Аҳорун”, ба иҷрои нақши марказии Даллол ва Сурайёи Ҳаким шоира ва рӯзноманигор ба нақши Розия ҷалб шудаанд. Яке чун актёри касбӣ аз ҳад зиёд вориди образ мешуду дигаре чун ҳаваскори санъат бояд барои дар сатҳи профессионалӣ нақш бозидан талошҳои зиёд мекард. Рисолати коргардон ҳам чунин буд, ки ҳамин тавозунро дар тарозуи ҳунар нигоҳ дорад. Зимнан, дар филми ҳунарии “Тангно” тақрибан 80 фоиз ҳаваскорони санъат ва 20 фоиз ҳунарпешагони касбӣ ҷалб шудаанд. Нафари огоҳ аз олами синамо ин рақамҳоро қиёс намуда, хулоса мекунад: каппаи реҷиссёр дуд кард. Бале, такрор ба такрор навор гирифтани як саҳнаи кӯчак аз он гувоҳӣ медиҳад, ки коргардони филм хуни дил мехӯрад. Ба мисле, ки таваллуди фарзандро мушоҳида мекунӣ, таваллуди синамо ҳам чунин дардомез аст.

Армону Амондара: пули машъалафрӯз

Барзин, Рӯдакӣ, Неру....набераҳои нависанда Сорбон ҳам дар ҳайати тими Темури Султон ҳастанд, ки ба кӯчактарин кор ёвари гурӯҳи филмбардорон мешаванд. Дили беғаши кӯдакон ба мазмуни филм оҳанги ҷолиб ато мекунад. Бале, ин кӯдакон паёмбарони қиссаи филмбардории “Тангно” ба 50-солаҳои дигар ҳастанд ва аминам, ки дар Амондара ба тифлакони навзод дар пайравӣ ба номи қаҳрамони марказӣ Армон ном мегузоранд.

 Ва боз солҳои дигар пулҳои майдони сабт болои наҳри Амондара барои ин мардум ва сайёҳон адои хизмат мекунад. Шояд ҳангомасозони осоишгоҳи “Санги сипар” номи филми “Тангно”-ро парчами рекламаи худ карда, сайёҳони хориҷиро ҷалб мекунанд. Бошад, то ин мавзеи кӯҳистон ба саҷдагоҳи аҳли фарҳанг табдил ёбад.

Медонам, пас аз рафтани гурӯҳи эҷодӣ нерӯи барқро хомӯш мекунанд. Аммо, муҳим дар қалби ҳазорҳо пиру барнои Амондара машъали “Суғдсинамо” фурӯзон шуд....

Чаро билети кино намехарем?

 Солҳои салтанати шӯравӣ ягона толори синамои “Гулистон” дар маркази шаҳри Конибодом ҳангоми намоиши филмҳои ҳиндӣ ончунон серодам мешуд, ки дарёфти билети кино ба осонӣ даст намедод. Тамошобин давоми дуним соат дар толор нишаста, базавқ филм тамошо мекарду мерафт. Аммо аз заҳмати синамогарон, ки ҳамагӣ ба 40 ё 50 тини шӯравӣ подош додем, аксарият ғофил буданд. Асрори синамогарӣ ҳам чандон фош намешуд...

Инак, завқи тамошои паси чодари хаёли синамо боло мегираду роҳи майдони сабт дар Амондараи Панҷакентро пеш мегирам. Таксиронҳо аз Хуҷанд то Панҷакент ба ивази 90-100 сомонӣ бурданӣ мешаванд.

-Роҳкирои арзонро аз инҳо мунтазир нашавед, - мегӯяд продюсери “Суғдсинамо” Дилошӯби Орифзода,- гумон мекунанд, ки Шумо аз аҳли синамо бошед, киссаатон пури пул ва одатан пас аз нисфирӯзӣ нархро ба осмон мебардоранд.

-Рафтем, бо мошини худам мебарам,- гуфт Дилошӯбе, ки ба иллати беморӣ дар оташи таб месӯхт.

-Дилошӯб, о, ҳарорати бадан аз 37 гузаштаасту паси чанбари мошин чӣ хел мешинед? - ҳайратзада суол медиҳам.

-Боке нест, о, Шумо ҳам шаҳодатномаи ронандагӣ доредку,- пешниҳод намуд Дилошӯб ва мошини мо роҳи Панҷакентро пеш гирифт.

Дилошӯб Орифзода продюсери филм мегӯяд, ки ба дараҷаи кофӣ набудани маблағ боиси мушкилоти ҷалби нафарони ҳаваскор ба синамо мегардад. Чунки ҳар рӯз барои харҷи нақлиёт, таом, ҷои хоб, ороиши саҳна, либосҳои актёрон, иҷораи таҷҳизоти техникӣ маблағи зиёд сарф мешавад. Подоши заҳмати ҳунарпешагон ва гурӯҳи эҷодию техникӣ тибқи шартнома пардохта мешавад. Хуллас, барои навори як филми ҳунарӣ бештар аз 200-250 ҳазор сомонӣ масраф мешавад. Табиист, ки танҳо бо фурӯши дискҳо хароҷот пӯшонида намешавад. Чунки як тӯдаи риёкорони қаллоб нусхаи аслии филмро гирифта, ба ҳазорҳо диск нусхабардорӣ мекунанд ва бе иҷозати созандагони филм нусхаҳои пастсифати филмро ба фурӯш мебароранд. Аз ин рӯ, айни замон ягона роҳ намоиши филм дар толори синамо ва ё ҷалби рекламадиҳандаҳои калон харҷи филмбардориро пӯшида метавонад.

Дуруст аст, ки қадамҳои нахустини Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматовро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дастгирӣ менамояд. Таъмини шабонарӯзии қувваи барқ дар Амондара ва то қадри имкон дастрас намудани нақлиёт, таъмини сокинону хонандагон дар майдони сабт ва амсоли ин аз дастгирии мақомоти маҳаллӣ гувоҳӣ медиҳад.

Аммо ин ҷо худи тамошобини хушзавқ бояд филмсозони ватаниро дастгирӣ намояд. Даҳ сол пеш шиква мекардем, ки чун филмсозони маҳаллӣ маҳсулот надоранд, филмҳои хориҷӣ бозорро пур карда, тафаккури бегонаро дар шуури мо ҷой мекунанд. Ҳамоно ба ивази 3 сомонӣ филмҳои пастсифатро харидорӣ намуда, киссаи амакҳои асардуздро пур мекунему барои тамошои филми маҳаллӣ 5-10 сомонии худро дареғ медорем.

Саёҳати фарҳангӣ ба олами синамо

-Барои қадрёбии заҳмати созандагони филм бояд бештар саёҳати фарҳангӣ ба майдони сабт намуд,- пешниҳод дорад Осим Орифзода-директори филми “Тангно”,- то аз наздик ба гарду ғубор, дарду доғ ва мушкилоти филмсозон воқиф шаванд.

Ҳамин аст, ки коргардони филм Муҳиддини Музаффар муҳосиби “Суғдсинамо” Муяссара Усмоноваро ба майдони сабт даъват намудааст, ки аз наздик бо заҳмати аҳли синамо ошно шавад. Пас аз ду рӯзи тамошои заҳмати паси синамо муҳосиб майдони сабтро тарк намуд ва минбаъд дар рӯихати маошгирон номи ҳунарпешагонро ба ҳарфи калон менависад.

 Дуруст аст, ки давоми 3 моҳи наворбардории филми “Тангно” аз майдони сабт Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раисони шаҳрҳои Панҷакенту Конибодом боздид намуданд.

Ташкили пресс-тур (сафари аҳли қалам) низ бамаврид мебуд. Танҳо нависанда Сорбон ташриф овард ва ба аҳли гурӯҳ арзи сипос ва дасти мадад дароз намуд.

P.S. Охирсухани Армон

Додо, журналист ҳам аз чангу ҷанги синамо сер шуд ва тарки Амондара мекунад. Мо чандкаса мошини ягонаи гурӯҳи эҷодиро тела медиҳем, то муҳаррикаш ба кор дарояд ва ронанда - Сӯҳроб амаки журналистамро то мавзеи Дупула - шоҳроҳи Панҷакент-Душанбе барад. Охир, ман бо харам то кай ба Дупула мерасам, вақте мошин ҳаст, кӯҳна бошад ҳам. Ана ҳамин хел сангин аст заҳмати синамогарон. Аз ин рӯ, маро кино баред, тамошо, додо, пулро дареғ надоред... Номаро ба кисаи амаки рӯзноманигорам гузоштам...

Бо эҳтиром Армони Шумо. Амондара
Зайнуддин Орифӣ,
узви Иттифоқи журналистон,
Конибодом-Панҷакент-Конибодом,
ноябри соли 2016

Add comment


Security code
Refresh