Адрасбофиро аз «Дугонаҳо» омӯхтам!

Дар Маркази ҳунаромӯзии «Дугонаҳо», воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тайи чанд сол аст, ки занону духтарон ҳунари атласу адрасбофӣ меомӯзанд. Чунонки огоҳ шудем, ин даргоҳ ба манбаи омода намудани мутахассисони соҳибкасб табдил ёфтаасту садҳо бонувон дар ин даргоҳ соҳибҳунар гашта, дар шаҳру деҳи худ сехҳо кушодаанд ва шогирдон тайёр мекунанд. Тавре ба мо иброз доштанд, маҳсули дастранҷи ҳунармандони марказ, ҳатто, иштирокчии намоишгоҳи чандин мамлакати ҷаҳон гаштааст.

Ба қарибӣ дар ин марказ мо, гурӯҳи бонувон аз навоҳии ҷануби кишвар ҳунаромӯзӣ намудем. Ҳоло дар ноҳияи мо-Тавилдара занону духтарон ба атласу адрасбофӣ шавқу ҳаваси беандоза пайдо кардаанд. Барои онҳо дастгоҳҳо ва тамоми шароит муҳайё аст. Каме аз ин ҳунарҳо огоҳ будам. Ин ҷо сирру асрори атласу адрасбофӣ, инчунин бофтани адраси ҳафтрангро ёд гирифтам. Акнун ният дорам, аз ин ҷо рафта, сех кушоям ва духтаронро ба омӯзиши ин ҳунарҳо ҷалб намоям.Ба қавле, зан дар хона нишинад, ҷаҳонбиниаш маҳдуд шуда монда, азбаски ноогоҳ аст, дар тарбияи фарзанд низ азоб мекашад.

Бо ҷомеа пайвастани бонувон имкон медиҳад, доираи биниши онҳо фарох гардад. Ҳамчунин, онҳо дастранҷи ҳунари худро ба фурӯш бароварда, метавонанд, сатҳи рӯзгорашонро баланд бардоранд.

Замира ФАҚИРОВА,
ҳунарманд аз ноҳияи Тавилдара

Add comment


Security code
Refresh