«Гулшани ҳунар» - асари пураҳамият

Театри давлатии – мазҳакаи мусиқии шаҳри Хуҷанд ба номи Камоли Хуҷандӣ 80-сола шуд. Ба ин муносибат китоби адиби шинохтаю ширинкалом устод Саидамин Ҷило «Гулшани ҳунар» аз чоп баромад.  Ба ин китоби пурмоҳият олими маъруфи тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор Назирҷон Турсунов сарсухан навишта, ба асар баҳои хеле баланд дода, моҳияти онро ҳарҷониба шарҳ додаанд. Устод Ҷило дар офаридани ин китоби пурарзиш заҳмати сангин кашида, фаъолияти 80-солаи театрро ҳарҷониба ба қалам овардаанд. Дар китоб оид ба фаъолияти даҳҳо адиб, аҳли ҳунар ва кормандони театр, ки фаъолияту ҳунари онҳо на танҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ, балки дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маълуму машҳур буданд ва ба пешрафти санъати театрии тоҷик ҳиссаи бузург гузоштаанд сухан меравад.

«Гулшани ҳунар» на танҳо таърихи як театр, балки як боби энсиклопедияи театри миллии тоҷик ба шумор меравад. Санъати театрӣ як ҷузъи таркибии таърихи маданияти ҳар як халқу миллат буда, ҷузъи муҳими таърихи халқу миллатҳо низ мебошад. Масалан, давлатҳои Юнон, Миср ва Рими қадим бо санъати театрии худ ба хазинаи тамаддуни башарӣ ҳиссаи босазо гузоштаанд ва то имрӯз диққати мардуми ҷаҳонро ба худ ҷалб мекунанд. Аз ин рӯ санъати театрии мо як қисми муҳими таърихи халқи тоҷик ба шумор меравад. Мақсади мо ин ҷо ба хонандагон муаррифӣ намудани «Гулшани ҳунар» нест. Маҳсули қалами устод Ҷило хоҳ назм бошаду хоҳ наср ҳоҷат ба муаррифӣ надорад. Мақсади мо ин ҷо теъдоди нашри китоб мебошад, ки ҳамагӣ 130 нусха аст. Ба ақидаи мо ин теъдод барои «Гулшани ҳунар» барин китоби пураҳамияту пурарзиш хеле кам аст. Мо дар боло оид ба санъати театрӣ барои таърихи ҳар як халқу миллат гуфта гузаштем. Китоби устод Ҷило «Гулшани ҳунар» таърихи 80 солаи санъати театрии мардуми вилояти Суғдро дар бар мегирад, ки он як ҳиссаи таърихи маданияти халқи тоҷик дар асри ХХ ва ибтидои асри ХХI мебошад. Бинобар он аз масъулони ҳукумати вилояти Суғд, ба бахши вилояти Суғдии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ таклиф менамоем, ки китоби устод С.Ҷило «Гулшани ҳунар»-ро бо теъдоди зиёд нашр карда, ба ҳамаи китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ва ҷумҳурӣ паҳн намоянд, то ки наслҳои имрӯзаву оянда ва таърихнигорон аз дастовардҳои таъриху маданияти халқи худ баҳравар гарданд. Умедворем, ки ҷомеаи зиёиёни вилоят дар ин бобат ақидаи худро иброз медоранд.

Ҳабибулло БОБОЕВ,
омӯзгор, ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh